Дар моҳи январ 7 корхонаи нави саноатӣ бунёд гардид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 995
Саноатчиёни вилояти Хатлон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар моҳи январи соли 2022 ба маблағи 819 миллиону 133,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ҳаҷми истеҳсолро дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 59 миллиону 435 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро дар сатҳи 7,8 фоиз таъмин намуданд.
Ин нуқта зимни ҷаласаи Шӯрои вилоятии рушди саноат, ки таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, зикр ёфт. Дар ин ҷаласа, ки ҳамчунин натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар моҳи январи соли ҷорӣ баррасӣ шуд, муовини якум, муовинон, роҳбарияти дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.
Нахуст, гузориши муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода шунида шуд. Қайд гардид, ки дар моҳи январ рушди саноат дар ноҳияҳои Восеъ 110,2%, Данғара 114,6%, Дӯстӣ 108,2%, Қубодиён 117,8%, А.Ҷомӣ 114,6%, Ҳамадонӣ 108,2%, Панҷ 102,3%, Темурмалик 108%, Шаҳритус 104,6%, Ёвон 103,4%, Балҷувон 117,5% таъмин карда шуд. Тӯли ин муддат аз ҷониби 83 корхонаи истихроҷи канданиҳои маъмул ба маблағи 3,2 миллион сомонӣ маҳсулот истихроҷ шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 миллион сомонӣ ва ё 4,5 баробар зиёд мебошад. Бо таваҷҷуҳ ба иҷрои супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба афзоиши тавлидоти маҳсулоти саноатӣ, корхонаҳои хӯроквории шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон якҷо бо бахши хусусӣ дар давоми моҳи январ ба маблағи 78,3 миллион сомонӣ, баробар ба 120,9 фоизи ҳамин давраи соли гузашта, маҳсулоти ғизоӣ истеҳсол кардаанд.
Дар ҷаласа, ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки моҳи январи соли равон ба аҳолӣ ва хоҷагии халқи вилоят 275,9 миллион кВт/соат неруи барқи фоиданок, ба маблағи умумии 76 миллион сомонӣ дастрас шуд, ки ин нишондиҳанда дар қиёс ба моҳи январи соли гузашта дар умум 8,5 фоиз зиёд мебошад. Муовини раиси вилоят З. Файзуллозода қайд кард, ки дар давоми соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баистифодадиҳии 132 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бо назардошти 3978 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст.
- Мувофиқи омори расмӣ, моҳи январи соли равон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 7 корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла дар шаҳри Бохтар ҶДММ “Иброҳим” оид ба бандубасти писта бо таъсиси 16 ҷойи корӣ, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корхонаи маҳсулоти ширии “Муҳаммадҷон А” ва корхонаи истеҳсоли докаи тиббии “Ғолибҷон Холов” бо таъсиси 8 ҷойи корӣ, дар ноҳияи Данғара корхонаи “Шири Хуррамзамин” бо таъсиси 9 ҷойи корӣ, дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корхонаҳои пахтатозакунии “Оиша” ва маҳсулоти нонию қаннодии “Нонпази Ҳамадонӣ” бо таъсиси 16 ҷойи корӣ, дар ноҳияи Ёвон корхонаи пахтатозакунии “Сафир” бо таъсиси 25 ҷойи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, - афзуд ӯ.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба роҳбарони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаи тасдиқгардида то охири сол чораҷӯӣ намоянд. Ҳамчунин, аз ҷониби раиси вилоят дар назди масъулони дахлдор оид ба ҷамъоварии саривақтии ҳаққи истифодаи неруи барқ, таъмини рушди соҳаи саноат, бакорандозии корхонаҳои бекорхобида, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, ҳифзи муҳити зист, тарбияи шоистаи наврасону ҷавонон, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамгардонӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.http://khatlon-ruznoma.tj/