Раиси вилоят ба аёдати собиқадори меҳнат рафт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 709
Имрӯз, 5 феврал, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари кориашон ба шаҳр Левакант ба аёдати собиқадори меҳнат Раҷабалиев Файзулло омаданд.
Ба ин меҳтари меҳнат, ки 75 сол дошта, 42 соли ҳаёташро ҳамчун технологи пуртаҷриба сарфи фаъолият дар ҶСК "Азот"-и шаҳри Левакант кардааст, раиси вилоят туҳфаҳои молию пулӣ тақдим намуданд.
Файзулло Раҷабалиев солҳои 1966-2008 аз коргари одӣ то сардори сехи истеҳсоли карбомит дар ҶСК «Азот»-и шаҳри Левакант кор кардааст. Заҳматҳояш бо Нишони фахрӣ ва медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ карда шудааст.
Номбурда падари 6 фарзанд буда, ҳамаи фарзандон маълумоти олӣ доранд ва дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият мекунанд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо эҳтиром ва самимияти хоса ба ин собиқадори меҳнат иброз доштанд, ки пирони рӯзгордида ва дар обу оташи зиндагӣ обутобёфта давлати сари мо мебошанд.
Ба Файзулло Раҷабалиев барои меҳнати бисёрсолаи намунавӣ, тарбияи фарзандони шоиста, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ изҳори сипос намуда, барояш умри дарозу саломатии бардавом таманно карданд.
Н. Маъмурзода, "Хатлон"