Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Таҷлили ҷашни Сада дар Кӯлоб


Таҷлили ҷашни Сада дар Кӯлоб



Бо иштироки муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода дар шаҳри Кӯлоб ҷашни Садаро ботантана таҷлил намуданд. Ҷашни бостонии Сада аз намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби бонувони чирадаст омода шудаанд, инчунин дастовардҳои кишоварзии ҷамоатҳои деҳоти шаҳр, устодону донишҷӯёни муассисаҳои оливу миёнаи таълимӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳри Кӯлоб оғоз гардид.

Намоиши дастовардҳои кишоварзон бозгӯйи он буд, ки деҳқонони шаҳру ноҳияи Кӯлоб соли 2021 ҳосили фаровон бардошта, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ аз мамлакат саҳми арзанда гузоштаанд. Дар соли сипаришуда заҳматкашони шаҳри Кӯлоб ба андозаи 663,5 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд, ки ин нишондиҳанда дар қиёс ба соли пеш 16,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра аз шаҳр зиёда аз ҳазор тонна маҳсулот, аз ҷумла, 955 тонна сабзавот, 81 тонна меваҷот ва 21 тонна дигар намуди маҳсулот ба хориҷи мамлакат содирот шудааст. Муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода сокинони шаҳрро ба муносибати ҷашни Сада табрик гуфта, барояшон рӯзгори хушу пурбаракат таманно кард ва барои дар сатҳи баланд омода намудани намоишгоҳ ба онҳо изҳори сипос намуд. Мавсуф зикр кард, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони Хатлонзамин ин ҷашни бостониро бо рӯҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии хеш таҷлил менамоянд.

Ба муносибати иди Сада, ки ифодагари ҷовидонагии Хуршед, рамзи бедоршавии табиат, намоди оташу гармӣ, нур ва некӣ, оғози киштукор ва мафҳуми аз сардӣ ба гармӣ расиданро дорад, барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ярмаркаи фурӯши гулу ниҳолҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин чорабиниҳои гуногуни варзишӣ гузаронида мешаванд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода иброз дошт, ки мардуми шарафманди шаҳри Кӯлоб дар қатори дигар сокинони сарбаланди кишвар, ки табиатан ба некиву покӣ ва гармиву рӯшноӣ майл доранд, ҷашни Садаро бо хушиву хурсандӣ истиқбол гирифта, чун ниёгони хушсалиқаамон ба мавсими кишту кори баҳорӣ омодагӣ хоҳанд гирифт.

Бахшида ба ҷашни Сада як гурӯҳ кормандону мутахассисони фаъоли соҳаи кишоварзӣ, ҷамоатҳои деҳот, масъулин ва кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Кӯлоб бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ гардиданд. Дар охир барномаи омоданамудаи аҳли фарҳангу санъати шаҳр ва вилояти Хатлон, ки ифодагари ҷашни Сада буд, пешниҳоди иштирокдорони идгоҳ гардонида шуд.

Далер Шарифов

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода