Амалӣ намудани 25 ташаббуси созанда
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 921
Имрӯз, 22 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 баргузор гардида истодааст.
Дар маҷлис муовини раиси ҲХДТ Латифзода Асрор, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон, аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ - раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар шахсони расмӣ иштирок доранд.Вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 Миралиён Қиёмиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон баромад намуда, фаъолияти яксолаи Кумитаи иҷроияро мавриди таҳлилу баррасӣ карор дод.
Дар идома узви Раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар вилоят саҳми фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҷлили намудани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле арзанда мебошад. Дар ин радиф раиси вилоят аз чанд ташаббуси созандаи ҳизбиёни вилоят, ки дар доираи он, ки мардум сарҷамъона баҳри ҳалли мушкилоти ҷомеа камар бастаанд, ёдовар гашт.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки сохторҳои ҳизбии вилоят дар ҳошияи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи солҳои 2018-2021 гурӯҳи 25 ташаббуси созандаро амалӣ намуданд.
Фирдавс УМАРОВ, "Хатлон"