Чанд сайёҳи хориҷӣ аз Хатлон дидан кард?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Туризм / Хабарҳо, Боздид 1 695
Тибқи маълумоти масъулони шаҳру ноҳияҳо, давоми соли 2021 ба вилояти Хатлон дар умум 442 ҳазору 870 нафар сайёҳон, аз ҷумла 2676 сайёҳи хориҷӣ ташриф овардаанд.
Ба иттилои Дилшод Шоҳзода, мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар ҳудуди вилоят 931 ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 112 меҳмонхона, 130 мавзеи сайёҳӣ, 134 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 132 тарабхона, 43 осорхона, 17 ширкати сайёҳӣ, 119 чойхона, 306 банкомати хизматрасониҳои бонкӣ, 61 адад ҳомстей ва гестхаусҳо, 88 мағозаи фурӯши армуғонҳо, 115 зиёратгоҳ, 46 боғи фарҳангӣ- фароғатӣ ва гулгаштҳо, 83 адад ишораҳои сарироҳӣ ва 27 маркази иттилоотии сайёҳӣ, 17 ширкати сайёҳӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд. Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва ба сайёҳон дастрас будани маълумот оид ба мавзеъҳои сайёҳии вилоят сомонаи сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Sayohikhatlon.tj бо се забон фаъол гардидааст.
http://khatlon-ruznoma.tj/