Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пешвои миллат ...
...
Аз эълон гардидани Соли 2018-Соли рушди сайёҳӣ, Солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар пешравӣ, пажӯҳишҳои археологӣ ба назар мерасад, вале тарғибу ташвиқи мавзеъҳои таърихиву ҷойҳои диданӣ ба талабот ҷавобгӯ нест.
Дар сомонаҳои расмии мақомоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ҷуз хабарҳои расмӣ дигар маълумоте дар бораи мавзеъҳои сайёҳиву таърихӣ дида намешавад. Саволе ба миён меояд, ки чаро масъулин дар сайтҳои шаҳру навоҳии вилоят видеову аксҳои мавзеъҳои таърихиву диданиро бо маълумоти кофӣ дастрас намекунанд? Ё, чаро сайёҳонро ба мавзеъҳои диданӣ ҷалб намесозанд?
Санаи 13-уми феврали соли 2021 бо мақсади ҷустуҷӯ ва пайдо кардани аксу наворҳо дар бораи мавзеъҳои таърихӣ дар сайти 25 шаҳру навоҳии вилоят "меҳмон" шудему ба хулосае омадем, ки аксарияти сомонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар хоби ғафлатанд, ё худ ба соҳаи туризм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намекунанд. Шояд хотирҷамъ аз онанд, ки дар саҳифаҳои ютюбии "блоггерон" видеоҳои тарғиботӣ бисёр аст. Бале, ҳаст, аммо бо ин гуфтаҳо хотирҷамъ шудан нашояд. Аз замони эълони ин солҳо қариб дар ҳамаи сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо маълумоти зарурӣ вуҷуд надорад.
Масалан, дар роҳи расидан ба тарғиби рушди сайёҳӣ сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Данғара, Ховалинг ва шаҳри Кӯлоб то ҷое кӯшиш карда, маълумоти заруриро дар сомона ҷой додаанд. Вале ин мисолҳо як гулеанд дар баҳор!
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон 931 ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 109 меҳмонхона, 133 мавзеи сайёҳӣ, 138 истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, 132 тарабхона, 42 осорхона, 79 чойхона, 59 ҳомстей ва гестхаусҳо, 116 зиёратгоҳ, 44 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 27 маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд. Тавре дар нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон маълумот дастрас кардем, дар соли 2020 ба вилоят, дар умум, 205 ҳазору 320 нафар сайёҳон ташриф овардаанд, ки аз ин теъдод 2193 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.
Тибқи таҳлилҳои мо дар сомонаҳои интернетӣ якчанд сайтҳо вуҷуд доранд, ки дар “Фейсбук” бо номи "Tourism Khatlon" ва “www.Sayohikhatlon.tj” фаъолият мекунанд ва то ҷое маълумоти бештарро паҳну тарғиб мекунанд. Аммо дар як вилоят 2 сомонаи интернетӣ барои муаррифии мавзеъҳои сайёҳӣ басанда нест.
Бояд ҳар як шаҳру навоҳии вилоят сомонаи махсуси худро дар соҳаи рушди сайёҳӣ дош-та бошад. Мусаллам аст, ки хориҷиён пеш аз он ки ба ягон кишвар сафар кунанд, дар бораи мамлакат, шаҳр ё ноҳияе, ки ба он мавзеъ дидан мекунанд ва ё, умуман, ҷуғрофияи ҳудудҳоро аз назар мегузаронанду билохира ба он ҷо сафари сайёҳӣ анҷом медиҳанд. Чунин ба назар мерасад, ки агар рафту сайёҳе ба вилояти Хатлон ташриф оварданӣ шавад, нахуст аз интернет маълумот меёбад, мегӯед? Ҳаргиз! Охир, маълумоти набударо аз куҷо дастрас мекунад? Аз ин бармеояд, ки мо ҳоло ҳам дар самти тарғиби соҳаи сайёҳӣ комёб нашудаем.
Масалан, сомонаи расмии шаҳри Левакант тамоман фаъ-ол нест. Ҳангоми ҷустуҷӯи маълумот аз сайти расмии ноҳияи Фархор бошад, кас раҳгум мезанад.
Мавзеъҳои таърихиву бостоние дорем, ки кишварҳои хориҷа ба он диққати махсус медиҳанд. Яке аз он мавзеъҳо, ин Ҳаждаҳғораи ноҳияи Шаҳритус мебошад, ки тибқи маълумот дар он мавзеъ хориҷиён таҳқиқоти илмӣ анҷом додаанд. Аммо то ба охир не.
Коршиносон бар он назаранд, ки барои тарғибу рушди соҳаи турзим, сараввал, бояд маблағи зиёд ҷудо гардад. Зеро ба ин васила метавон якчанд инфрасохтор дар ҷойҳои зебоманзар бунёд намуда, сипас муаррифӣ кунем.
Сайраҳмон Назриев, журналист, вобаста ба ин мавзӯъ чунин изҳори ақида намуд: "Мушкилоти асосие дар рушди соҳаи сайёҳӣ вуҷуд дорад ва дар сайти мақомоти шаҳру ноҳияҳо оид ба набудани маълумоти дақиқу кофӣ дар бораи мавзеъҳои таърихӣ дар сомонаҳо ин набудани мутахассисони ҳамин соҳа мебошад. Инчунин, барои он ки мо сайёҳонро ба ҷойҳои диданибоби кишварамон ҷалб созем, пеш аз ҳама, бунёди инфрасохторҳо буда, ин барои ҷалби сайёҳони дохилу хориҷ хело муҳим мебошад. Мушоҳида мешавад, ки инфрасохторҳо дар маконҳои таърихиву сайёҳӣ кам ба назар мерасад. Агар мо дар ҳар гӯшаи зебои диёри ватан инфрасохторҳо насозем, тарғибу ташвиқи мавзеъҳои таърихиро зарур шумурдан лозим нест".
Ҳарчанд дар ноҳияҳои Муъминобод, Восеъ, Ш. Шоҳин, Ховалинг, Ҳамадонӣ мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ бисёр ба назар мерасад, аммо маълумоти кофӣ дар бораи онҳо пайдо карда натавонистем. Аз ҷумла, мавзеи сайёҳии Чилдухтарон, қалъаи Муъминобод, ҳавзи Ғуҷазо, чашмаҳои табиии ноҳияи Муъминобод, Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, мамнӯъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ, Кӯлдараи ноҳияи Ховалинг, мавзеи сайёҳии кони намаки Хоҷа Муъмин дар Ҳамадонӣ ва даҳҳо мавзеъҳои кашфнашуда ҳаст, ки мо оид ба ин ҷойҳои таърихӣ маълумоти кофӣ надорем.
Ба гуфтаи Сайраҳмон Наз-риев, ҳатто худи масъулони мақомоти шаҳру ноҳияҳо дар бораи мавҷуд будани мавзеъҳои таърихии кишвари худ воқиф нестанд.
-Соли гузашта як тадқиқоти илмӣ-журналистӣ анҷом додем ва дар рафти он бисёр маълумот пайдо кардем. Вақте ки ба макони таърихии Ҳаждаҳғораи Айвоҷ, ки дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон қарор дорад, дидан кардему аз масъулин пурсон шудем, ки ин мавзеъ таърихи чандасра дорад, ҷавоби дақиқ нагирифтем. Мо аз сомонаҳои интернетӣ маълумоти бо дигар забон нашршударо дар бораи мавзеи таърихии миллати тоҷик дарёфт кардем, ки ин аз таваҷҷуҳи бостоншиносони ҷаҳон шаҳодат медиҳад,-изҳор дошт Сайраҳмон Назриев.
Тавре ки коршинос Сафармоҳ Ятимова мегӯяд: "Дар бораи мавзеи таърихи Чоргултеппа худи ман масъалабардорӣ кардаам. Ҳамроҳи археолог аз шаҳри Душанбе Юсуфҷон Ёқубов, аз донишгоҳи ДДБ ба номи Носири Хусрав Хушбахт Абдунназаров ба он макон рафта, бо мардум суҳбату вохӯриҳо гузаронидем. Вақте мо ба сокинони ин мавзеъ аз таъриху фарҳанг ва қадру қимати он макон нақл кардем, онҳо дар тааҷҷуб монданд ва чунин гуфтанд: "Ба мо аз ҳамин мавзеъ замин ҷудо карда додаанд ва мо аллакай хона сохтаем".
Тавре иттилоъ гирифтем, мавзеи Чоргултеппаи ноҳияи Вахш макони таърихӣ буда, аз он ҷо ҳар гуна зарфҳои гилӣ, кӯзаву хум ва амсоли инҳо ёфта, баъзеи онро ба осорхонаҳо гузоштаанд. Ба гуфтаи Сафармо Ятимова дар даврони Шӯравӣ дар он макон дар болои чӯб чунин навиштаҷоте буд: "Ин макони ёдгории таърихӣ аст, поймол кардан мумкин нест". Ҳоло бошад, он навиштаҷот вуҷуд надорад. Оё ҳамин аст, муносибат ба фарҳанги ғании миллати худ? Барои вайрону нест кардани маконҳои таърихӣ кӣ гунаҳкор аст? Мардум, мақомот ё бостоншиносон?
Воқеан, агар ба миллати тамаддунофари кишвари азизамон назар афканем, дар ҳудуди мамлакат даҳҳо ҷойи таърихии кашфношуда, ба монанди Ҳаждаҳғора дорем, ки омӯзишу таҳқиқоти илмӣ мехоҳад. Пас, чӣ бояд кард, ки гуфторамон ба амалҳои мо рост ояд?!
Фирдавс УМАРОВ,
«Хатлон»
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.