Садоқат ба касб
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 октябр, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 948
Дар зиндагӣ маҳз онҳое муваффақ мегарданд, ки пайроҳа ва ё ҷодаи махсусеро интихоб намудаву бо шавқу рағбати беандоза аз паси такмилдиҳӣ ва пешбурди он талош мекунанд. Дар таърих низ номи онҳое сабт мегардад, ки дақиқан дар як самт ба қуллаи мақсуд расидаву ба мардум хизмати арзанда карда бошанд. Қаҳрамони навбатии мо шахсияти поксиришту некандом, хушгуфтору босалиқа ва табиби ҳозиқу инсони наҷиб Шодӣ Сафаров мебошад.
- Агар гӯям, ки аз рӯзи ба ақл расидан пешаи табибиро дӯст медоштам, шояд хато накунам. Ҳар касеро бо ин хилъати сафед медидам, дар дили кӯчакам муҳаббати ин касб ҷӯш мезад ва орзуву тасаввур мекардам, ки ин либос ба ман низ зебанда аст.
Нафареро бо хилъати сафед медидам, мепиндоштам, ки қалбаш мисли либос сафеду пок аст ва тамоми сиёҳиву бадиҳоро аз худ берун менамояд, - мегӯяд Шодӣ Азизович бо ёдоварӣ аз даврони кӯдакиву наврасӣ. - Чун ба давраи ҷавонӣ расидам, сабаби дигари ҷиддитар ба ин касб рафтанам бародарам гардид, ки имрӯз аз ӯ ташаккур мекунам. Беш аз 34 сол мешавад, ки касби табибӣ маро ва ман онро дар худ такмил медиҳам. Яъне кулли муваффақиятҳоямро ба ин ҷода нисбат медиҳам. Поктарин соҳа ва беҳтарин ҷода аст.
Ҷиҳати нозукии соҳаи тиб Шодӣ Сафаров афзуд, ки маҳз табиби кӯдакона шудан бисёр мушкилтар аст ва аз кас донишу таҷрибаи зиёд талаб мекунад. Зеро агар табиби калонсолон бошӣ, метавонӣ дарди маризро шояд осонтар пайдо намоӣ. Чун шахси калонсол нуқтаи дарди баданашро нишон дода метавонад. Аммо кӯдак агар гурусна низ монад, гиря мекунад ва агар ягон ҷояш низ дард кунад, танҳо гиря мекунад. Ин ҷо маҳорати касбии табиб нақши муҳимтар мебозад. Бинобар ин, агарчи беш аз 34-сола таҷрибаи корӣ дар соҳаи тиб дорад, вале ҳамоно ба омӯзиши пайдарпай дода мешавад. Ҷумлаи “Аз гаҳвора то гӯр биомӯз”-ро шиори зиндагии худ кардааст. Соли 1987, ҳангоме ки хатми донишгоҳ наздик мешуд, тапиши дили Шодии ҷавону умедбахш аз шодии зиёд ва ҳаяҷону изтироб бештар мегардид. Ба он андеша буд, ки ба кадом минтақа роҳхати фаъолият мешуда бошаду бо чи гуна шахсон кор мекарда бошад. Билохир, он рӯз низ фаро расид ва ба беморхонаи кӯдаконаи шаҳри Қӯғонтеппа (ҳозира Бохтар) роҳхат гирифт. Ҷавони суғдӣ чун ба Қӯрғонтеппа омад, якборагӣ мардуми ин минтақаро дӯст дошт ва чун наздикони худ қабул карда, дигар таркаш накард.
Ҳар сол қадам ба қадам дар соҳаи тибби кӯдакона Шодӣ Азизович пешрафт мекард ва чун табиби кордону тахассусманд дар минтақа ва вилоят мақомаш баланд мешуд. Ӯро ба мансабҳои гуногун даъват намуданд.
Бахусус, ба вазифаи сардухтури беморхонаи кӯдаконаи шаҳри Бохтар, мутахассиси Раёсати тандурустӣ ва вазифаҳои гуногуни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят пешбарӣ карданд. Ба ҳамин минвол дар вазифаҳои мазкур кор кард, аммо доиман дар оғӯши соҳаи тиб буд ва аз баҳри он нӯш мекарду рушд менамуд. Дар бунёди оила, хусусан интихоби ҳамсар хато накард. Зани ҳалиму меҳрубон, соҳибмаълумоту ботамкин ва хушсалиқаеро нурафшони хонадони худ сохт, ки дар тарбияи фарзандон ва киву чӣ шудани онҳо модари хонадонаш саҳми арзанда гузошт. Ин буд, ки чор фарзанди оилаи Сафаровҳо имрӯз ба чор номбардорони ватан табдил ёфтаву дар хизмати мардуманд. Яке номзади илми энергетикаву дигаре табиб ва сеюмӣ тоҷиру чорумин педагог шуда, дар пешрафти чор соҳаи кишвар саҳм мегузоранд ва ҳамагӣ оилаву фарзандони накуи худро доранд.
Чанд рӯз қабл Шодӣ Азизович ба синни мубораки 60 расиданд. Рӯзи таҳияи маводамон ӯро сари оғӯштаи андешаҳои печида дарёфтем, ки ҳаёти худро гӯё таҳлил мекард. Изҳор дошт, ки «ин 60 соли умр ва беш аз 34 соли кору фаъолият ба ман ва ба мардуми ман чӣ дод ва оё ба дарди касе дармони ҳақиқӣ бахшида тавонистем ё касеро ранҷондем. Хуллас, чанд рӯз аз ин меандешам ва суолҳо зиёданду на ҳамаи посухҳо дар ёд мондаанд. Аммо ба ҳар сурат, умри боқимондаро низ дар ҳамин соҳа ва хизмати халқи бузургвори тоҷик хоҳам бахшид».
Имрӯз Шодӣ Сафаров ба ҳайси мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон кор мекунад, аммо аз касби табибӣ ҳаргиз худро дур намегирад.
С. АЗИЗЗОДА