ЗАФАР МИРЗОЁН: «Нақши Пешвои миллат дар зиндасозии Наврӯзи ниёгон бориз аст»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 март, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо / Мусоҳибаи мо, Боздид 702
Дар арафаи Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ идораи рӯзномаи «Хатлон» бо Зафар Мирзоён, ховаршинос, шоҳномашинос ва рӯзноманигори тоҷик мусоҳибаи вижа орост, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонанда мегардонем.
-Нахуст, мехостам вобаста ба таърихи пайдоиши Наврӯз чанд ҳарфе мегуфтед.
- Пешинаи таърихии ҷашни Наврӯз бори нахуст дар китоби бузурги тоҷикону дигар эронитаборон “Авасто” нигошта шудааст. Сипас, дар китоби дигари куҳантарини тоҷикону эронитаборон «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва пас аз он дар «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ ва «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ёдкардҳо ба чашм мехӯранд. Аммо Наврӯз дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ дар баробари ҷараёни офарида шудан, аз чигунагии бунёнгузории он, дар мавриди ҷойгоҳ ва арзиши милливу меҳании ин ҷашн ёдкардҳои пандомӯзи нотакрор оварда шудааст. Наврӯз дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, ки асари барҷастаи таърихӣ-адабӣ мебошад, ҷилваҳои гуногуне дорад, ки яке аз онҳо ба рӯзи тахтнишинӣ ва тоҷгузории шоҳ Ҷамшед вобаста будани он мебошад. Ҳамон гуна ки омадааст, чун Ҷамшед сарварии мардумонро ба дӯш гирифта, онҳоро аз тирарӯзиҳо ба хуррамиҳо овард, яъне мардум пизишкӣ омӯхтанд, аз санг баровардани дурру гавҳар, аз кӯҳ оҳан ва аз оҳан сохтани испору досу каланд ва дигар асбобҳои киштварзӣ ва ҷангро ёд гирифтанд, мардум барои шоҳи донову додхоҳ аз устухони пил тахт ороста, бо дурру гавҳар онро озин дода, ӯро бо як меҳрубониву самимият ба тахт барнишонданд. Чун офтоб баромаду нур ба тоҷи шоҳ афканд ва ҷилои офтоб рӯйи шоҳро хуррам гардонд ва шоҳ, ки Ҷам ном дошт, Ҷамшедаш хонданд. Яъне, Ҷаме, ки шед (офтоб) ба тоҷи ӯ нур бахшида, чеҳраашро равшан кардааст. Ва аз он рӯз, ки ҷангҳо барҳам хӯрда, осудагиву оромии мардум фароҳам омадаасту деҳгон (яъне тоҷик) дигар метавонист озодона ба шуғли асосиаш – киштварзӣ бипардозад, он рӯзро Наврӯз номиданд. Пас аз Ҷамшед низ шоҳони дигари ориёӣ Наврӯзро ҳамчун қутбнамои зиндагӣ дониста, биниши донишмандони фарзонаро, ки обишхӯр аз омӯзиши гардиши хуршед ва соири ситораҳо дар кайҳон мебошанд, гиромӣ ва дастури зиндагӣ гуморидаанд.
- Дар аҳди бостон аҷдодони мо ба хотири Наврӯз чӣ корҳо анҷом медоданд?
- Дар аҳди бостон шоҳони сарзамини тоҷикон дар арҷгузорӣ ва гиромидошти ин ҷашни бузург Айвони Наврӯз ё Кохи Наврӯз бунёд мекарданд ва дар он ҷойгоҳи муқаддас бузургдошти ҷашнҳои дигари миллӣ чун Сада, Меҳргон ва Тиргонро иҷро мекарданд.
Чуноне дар «Шоҳнома» шоҳ Баҳроми Гӯр бад – он сон ба Наврӯз ва ҷашни Сада арҷ мегузошт, ки пас аз мушк пошидан ба оташи оташкада ба айвони Наврӯз мешитобад:
Рафтанд яксар ба оташкада,
Ба айвони Наврӯз ҷашни Сада.
Ҳаме мушк бар оташ афканданд,
Ба Баҳром бар офарин хонданд.
Ҳар замоне ҳамлаварони бадкуниш ба кишвари тоҷиктаборон дастдарозӣ мекарданд, пеш аз ҳама, Кохи Наврӯзро ба вайрона табдил медоданд. Чуноне Хусрави Парвиз, ҳангоми Кохи Тоқдисро, пас аз сад соли ба фаромӯшӣ супурдану ба вайрона табдил гаштан, бозсозӣ мекард, ҷамъе аз бофандагон бо хости дили худ гирд омада, барои фарши он ба бофтани қолини зарбофти абрешимӣ пардохтанд. Ин қолин ба паҳнии 57 ва бари 57 (тахмин меравад 90 бар 90 метр) бофта шуд, ки рӯи он нақши осмон бо ситорагон, дар маркази он нақшаи ҳафт кишвар ва симои 48 подшоҳи сарзамини озодагон, дар дарозои ҳафт сол бофта шуда, ба подшоҳ подош гардид. Рӯзи барқарорсозии Кохи Тоқдис, ки ба Наврӯз рост меояд, ромишгарону таронасароён, аз ҷумла Саркаши овозамандро хоста, ба шоҳаншаҳ дуруд фиристоданду базму хушнудиҳои наврӯзӣ оростанд.
-Баъзе андешаҳо ҳаст, ки гузаштагони мо ба Наврӯз савганд мехӯрдаанд. Оё ин ҳақиқат дорад?
- Бале. Ниёкони мо ин оини фархундаи худро чунон гиромӣ медоштанд, ки бо номи Наврӯз савганд мехӯрданд. Чуноне ки ҳангоми бадкорону хиёнатпешагон чашмони Хусрави Парвизро кӯр кардан, Борбад сарояндаи дарбор ва дӯсти ҳамнишини шоҳаншоҳ, дар шевани ӯ чунин савганд мехӯрад:
Ба Яздону номи ту, эй шаҳриёр,
Ба Наврӯзу Меҳру ба хуррамбаҳор.
Ки гар дасти ман з-ин сипас низ рӯд.
Бисояд, мабодо ба ман бар дуруд.
Ҳаким Фирдавсӣ ба нобудӣ расидани Наврӯзро бо хатари аз даст додани истиқлоли миллӣ баробар дониста, бо дареғ эҳтимоли аз байн рафтани оинҳои ниёконро аз ҷабри
тозиён изҳор кардааст.
Фирдавсии меҳанпараст, пас аз чирамандии бодиягардони тозӣ ва хатари ҳамлаи кӯчиёни саҳронавард, бо тираву тор дидани ояндаи кишвараш, ба эронитаборон васият кардааст, ки фарру шукӯҳи Наврӯзро, ҳамчун оини нигаҳ доштани асолати миллии хеш посдорӣ кунанд:
Нигаҳ доред оини ҷашни Сада,
Ҳамон фарри Наврӯзу оташкада.
- Душманӣ ба ин иди миллии мо аз кай сарчашма мегирад?
- Арабҳо ва фақеҳони дин Наврӯзро «иди маҷусон» ҳукм карда, ҷашн гирифтани онро нораво донистанд.
Аммо новобаста ба он, ки Хуросони Бузург чанд аср дар дасти бегонагон буд ва ба фуруд омадани шукӯҳу шаҳомати Наврӯз таъсире жарф дошт, бегонагон натавонистанд онро комилан аз байн бибаранд. Онҳо кӯшиданд, ҷанбаҳои миллии ин ҷашнро тира созанд, то пайванди он ба гузаштаи дури ориёитаборон бозтоб нагардад. Ҳамин буд, ки дар ҷашни Наврӯз танҳо «иди баҳор», «иди кишоварзон», расидани офтобро ба бурҷи Ҳамал дида, вижагиҳои ориёии ин ҷашни бузургро аз хотираи таърихӣ берун кунанд.
Бо ин ҳама донишмандони меҳанпараст ва албатта, ниёкони ҳушманди мо, ба хотири аз каҷнигарии фақеҳони таассубгаро нигоҳ доштани ин оини бобоиву аждодӣ, онро ба ҳикмати офариниши олам дар зарфи шаш рӯз пайвастаанд.
- Назари шоирону олимони мо дар он давра чӣ гуна буд?
- Дар ибтидои асри XX мелодӣ дар хиттаи Хуросони бостонӣ, ба вижа дар Эрон андешаҳои бознигарӣ ба гузаштаи пурифтихори эронитаборон эҳё гардид. Адибон, ба вижа шоирони истиқлолхоҳ, дар эҷодиёти худ Наврӯзро намоди озодии Ватан ва баргашт ба асолати миллӣ тасвир кардаанд. Шоирони машрутахоҳӣ солҳои 1915- 1950-и Эрон, ибораҳои «Наврӯз», «Иди Ҷам», «Наврӯзи Ҷамшедӣ», «Наврӯзи ниёкон» ва монанди онро барои бозтоби эҳсоси ватанхоҳӣ фаровон истифода кардаанд.
Шоирони ибтидо ва нимаи аввали асри XX Вароруд, ба мавзӯи вижагиҳои миллии Наврӯз, метавон гуфт таваҷҷуҳ зоҳир накардаанд. Дар ин сарзамин бино бар он ки адабиёт ниҳоят сиёсатзада шуда буд, сухансароён ба ҳангоми бозтоби гузаштаи ниёкон, аз ҷумла вижагиҳои миллии он, ниҳоят аз эҳтиёт кор мегирифтанд ва ҳар он чи меофариданд, мекӯшиданд, то боиси гунаҳкор хондан ба миллатгароӣ ва саранҷом гирифторӣ ба зиндону бадарға анҷом наёбад.
Дар кишвари Афғонистон, ки он ҷо низ буду боши тоҷикон мебошад, Наврӯз танҳо дар шеъри шоирони солҳои 70-уми асри XX оҳангҳои худогоҳии миллӣ ба худ касб кардааст.
-Шоирону адибони тоҷикистонӣ кай дар бораи Наврӯз ҳарф гуфтанро оғоз карданд?
- Дар Тоҷикистон, танҳо дар нимаи дувуми садсолаи гузашта (солҳои 1962-1964) донишиёну адибони тоҷик, аз ҷумла устодон Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Ғоиб Сафарзода ва дигарон бо мақолаву шеърҳо ва гузоришҳо дар маҳфилу гирдиҳамоиҳои фарҳангӣ, тавонистанд ба он комёб шаванд, ки ҷашни Наврӯз, каме ҳам бошад, аз ҷониби доираҳои расмӣ пазируфта шавад.
Навишторҳои замони шӯравиро дар мавриди ҷашнҳои бостонии тоҷикон аз назар гузаронда, талошҳои дар он рӯзгори сиёсатзадагӣ ниҳоят боҷуръатонаи устод Мирзо Турсунзода ва пешсафони мактаби адабии замон Боқӣ Раҳимзода, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Ғоиб Сафарзода, Валӣ Самад, Ҳақназар Ғоиб, Бӯриннисо Бердиева ва дигаронро дар роҳи бознигарӣ ба ҷашни Наврӯз ба ёд меоварам ва бори дигар ба хиради баланди миллатсозӣ ва хизматҳои ниҳоят арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои берун баровардани мардумамон аз худноогоҳии миллӣ, бозёбии хотираи таърихӣ офарин мехонам.
- Назари Шумо дар эҳёсозии ҷашнҳои миллӣ дар замони истиқлол чист?
- Мо набояд аз ёд барорем, ки ҷашнҳои бузурги мо танҳо ба шарофати хиради Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, устувор намудани худогоҳии миллии тоҷикон ва бунёди кишвари орому осуда ва шукуфону пешрафтаи ҷамшедӣ равона аст, Наврӯз дар садсолаи XXI дубора эҳё шуд. Пешвои миллат ҳамчун донанда ва таҳлилгари таърихи мардумони ориёитабор беҳтар аз дигарон дарёфтанд, ки Наврӯз барои тоҷикон фаротар аз як ҷашни маъмулӣ буда, ба нигаҳдории қавмиву нажодии озодзодагон иртибот дорад.
Дар пиромуни арзишҳои баланди ҷашнҳои ҳувиятсози тоҷикон - Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон донишмандон имрӯз ҷусторҳои пурарзиш бурдаанд, аммо бояд гуфт, васияти Ҳаким Фирдавсиро маҳз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни дигар давлатдорону сиёсатмадорони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, ба таври шоиста пос доштаанд.
Ҳамон гуна ки бо дидани бинои пуршукӯҳу пурнигору зарнигоре унвонии Кохи Наврӯз, меҳмонони аз кишварҳои дигар ташрифоварда ангушти ҳайрат мегазанд. Дар ҳар ноҳияи мамлакат Наврӯзгоҳҳо бунёд ёфтаанд, ки пешинаи таърихии ин суннати бостонӣ чунин гиромидоштро ёд надорад. Бо ташаббуси Сарвари давлат навгониҳои зебову тозае ба ҷашнгирии Наврӯз афзуда шуданд. Пешниҳод гардид, ки дар корхонаҳову идораҳо ба сони ҷашнгирии Соли нави мелодӣ, ки байналмилалӣ шуморида мешавад, ба рағми гиромидошти Наврӯз аз сабзаву гулҳои рангоранг намоди арча ороста шавад. Чуноне аз навишторҳои куҳан бармеояд, тоҷикон дар бостон пагоҳии Наврӯз дар болои дарвозаҳояшон як даста шохи дарахти арчаро мечаспонданд, ки маънӣ бар сарсабзиву хуррамиро дошт. Ба хотири зиндасозии ин ҷузъи арҷгузорӣ, соли гузашта бо пешниҳоди Сарвари давлат дар пойтахт ва шаҳрҳои кишвар, ҳамчун рамзи сарсабзии Наврӯз, аз шохаҳову буттаҳои сабз дарахти наврӯзӣ ороста гардид, ки хеле зебову идона ба чашм мерасид.
Дар ин пешниҳод нуктаи хирадмандонае ҷой дорад, ки ниҳоли арчаи боғ бурида нашуда, дар бозтоби шакли он аз гиёҳу гулҳои рангоранг кор гирифта шавад.
Бар асари таъкидҳои Сарвари давлат ба ёд оварда шуд, ки мардумони мо дар ҳама замон ҷашнҳоро на танҳо бар ҳадафи хушнудӣ, шодиву сурур ва сайру гашт офарида буданд. Дар пушти арҷгузориҳову хушнудиҳои бостонии мо як силсила оинҳое ҷой доранд, ки дархӯри ободсозӣ, худнигарӣ ва беҳсозии зистгоҳу киштзорон ва чаманистону гулистонҳо буд.
Бад-он гуна ки қадами нахусти мардумро барои пешвозгирии Наврӯз «Чаҳоршанбеи сурӣ» номида буданд.
- Дар бораи «Чаҳоршанбеи сурӣ» маълумот медодед.
- Оини «Чаҳоршанбеи сурӣ», ки аз ёдҳо фаромӯш шудааст, он ишора ба омодагириҳои як ҳафта пеш аз оғози Наврӯзро дорад. Ин оинро то ҳанӯз куҳансолони вилояти Суғд дар ёд доранд ва бо номи «Чоршанбеи муродбахш» риоя мекунанд.
Бузургтарин шоистагиҳои “Чоршанбеи сурӣ” дар поксозӣ, ободсозӣ, нигаҳбонии обҳои зинда, ҳама ҷоро поку равшан сохтан ва барои хушнуд сохтани рӯҳи арвоҳон, гӯри ниёконро зиёрат кардану онҳоро пок доштан буд. Дар “Чоршанбеи сурӣ” расми гилемтаконӣ ривоҷ дошта ва дар ҳар музофоти тоҷикнишин ба таври гуногун унвонгузорӣ шудааст. Чунончи ин расмро дар вилояти Суғд «хонабаророн», дар Балҷувон, Ховалинг, Дашти Ҷам, Дарвозу Ванҷу Вахё ва Афғонистон «гилемтаконӣ», дар Хуросони Эрон «Хонатаконӣ» ва монанди он номидаанд. Дар иҷрои ин расм онҳо нақши хосса доштаанд, зеро мардҳо гилему намад ва дигар фаршҳои хонаҳоро, ки дар дарозои зимистон гард гирифтаанд, ба берун бароварда метакиданд. Занҳо ғубори рӯйи деворҳои хона, асбобҳо, дегу зарфҳоро аз сиёҳӣ пок мекарданд.
Мардон ҷӯйборҳо ва сарчашмаҳои обҳоро аз лой пок мекарданд ва ин нахустин омодагирӣ барои обёрии киштаҳояшон буд. Дар дарозои тирамоҳу зимистон ҷӯйҳои обёрӣ ва лӯлаҳо (обмуҳриҳо)-и обгузари аз лой пуршуда, садди ҷараёни обҳои полезӣ мегаштанд. Мардумони дар масири об зистгоҳдошта ба ҳам омада, аз субҳ то шом ҷӯйборҳоро ба тартиб медароварданд.
Оини хуби дигаре дар рӯзи фарорасии ҷашни Наврӯз ҷой дорад, ки кӯдакону навҷавонон сари субҳ барои дастбӯсии падарбузургону модарбузургони худ мешитобиданд. Модар бо дасти фарзандони хеш ба падарбузургу модарбузург аз шириниҳои тайёр кардааш, чун ҳалво, суманак, кулчаву чалпак идона мефиристод. Пас аз шодбошиву дуои нек, модарбузургҳо ба наберагон тухми рангин туҳфа мекарданд, ки рамзи пойдории насл ва устувории хонадонро дошт.
Борҳо гуфта шуд, ки ҷашни Наврӯз ба тақвими бостонии тоҷикону эронитаборон пайвастагӣ дорад. Пас аз пазируфтани дини ислом, гузаштагони мо хоста буданд, рӯзгорро аз рӯйи тақвими ҳиҷрии қамарӣ пеш бибаранд, вале пас аз чандин сол ба исбот расид, ки он ба шеваи киштварзии мардумон нобасомониҳои зиёде меоварад. Дар замони ҳукуматронии Ҷалолуддин Маликшоҳ, дар соли 467 қамарӣ ба 8 тан ахтаршиносон ва риёзидонони бузурги замон аз Ҳаким Умари Хайём супориш дода шуд, то тақвимӣ ислоҳ кунанд. Ин гурӯҳ Наврӯз – Соли навро дубора дар аввали баҳор қарор дод ва ҷойгоҳи онро барои ҳамеша собит сохт.
Гузаштагони мо яке аз рӯзҳои вижаи наврӯзӣ, рӯзи нуздаҳуми Наврӯзро «Рӯзи обҳои зинда» номида буданд ва гоҳе онро «Ҷашни обрезагон» меномиданд, ки дар деҳоти ҷануби Тоҷикистон, ба унвони «Ашагулон» чунин оине ҷой дорад.
Об ва зарурияти бориш масъалае будааст, ки дар оинҳои наврӯзӣ мавриди таваҷҷуҳи вижа қарор гирифтааст, зеро дар тамоми ин расмҳо ақидае вуҷуд дорад, барои соли нав борону оби басанда, ки мазҳари ободонӣ аст, орзу кунанд. Дар миёни эронитаборон расм будааст, ки ҳангоми сапедадами Наврӯз, мардум аз хоб бармехостанд ва худро шустушӯ мекарданд, гоҳе бо пошидани оби равон худро мутабаррук карда, аз дафъи балову офатҳо худро эмин мегумориданд.
Сабаби пайдоиши ин расм дар он будааст, ки замоне муддатҳо борон наборида киштаҳо рӯ ба хушкӣ ниҳодаанд ва чун якбора бориши сахт ба амал меомадааст, мардум бо пошидани об ба ҳамдигар, боридани боронро гиромӣ медоштанд. Дар рӯзи нуздаҳуми Наврӯз (19– уми фарвардин), ки ба фариштаи обҳои пок тааллуқ дорад, он рӯзро зодрӯзи Зардушт низ донистаанд ва шиори он рӯз «Дӯст доштанро дӯст бидор» аст.
- Барои суҳбати пурмуҳтаво,ташаккур. Наврӯз муборак!
- Сипосгузорам.
Суҳбаторо,
Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00