Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ВАҲДАТ-ПОЙДЕВОРИ МИЛЛАТ


ВАҲДАТ-ПОЙДЕВОРИ МИЛЛАТ




Бо доштани беҳтарин неъмат ва ноёбтарин гуҳар, ки онро "Ваҳдат" унвон додаанд, миллати бофарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик ифтихорманд аст.


Ваҳдат худ нишонаи сарҷамъи ва асоси пойдории миллат мебошад. Бо шунидани ин калимаи муборак, тифоқӣ, сарҷамъӣ,  ягонагӣ, гулгулшукуфоӣ дар кишвар ва эҳсоси ифтихормандӣ дар вуҷуди ҳар шахси ватандӯст бедор мегардад. Имрӯз мо ҷавонони ин хоки муқаддас фараҳманд аз он ҳастем, ки Ваҳдати миллӣ тавассути фарзонафарзандони бонангу номуси миллат, Бо талошу фидокориҳои абармарди дунёи сиёсат- сарсупурдаи роҳи давлатдории навини тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззаму маҳбуби миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бахти тамаддунофари тоҷик, чун пайки нишот оҳанги сулҳу дӯстиро танинандоз намуд.

Калимаи "Ваҳдат" санаи 27-уми июни соли 1997 дар таърихи миллат чун рамзи муқаддас мақоми олӣ гирифт ва бо ҳарфҳои заррин дарҷ гардид. Дар саргаҳи ин суботу оромӣ ва амнияти пойбарҷо фарзанди содиқи миллат- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки  миллати парокандаи тоҷик тавассути ин абармард ба бахти баланд ва ҳадяи деринтизор расид.

Ин марди ватандӯсти кишвар-Пешвои ваҳдатофари тоҷикони рӯйи дунё бо хиради азалӣ барои миллати тоҷик, дар он лаҳзаҳои ҳассос, ки ба кучактарин кӯмакҳои ҳукумат ниёз дошт, гуруснагию нодорӣ мардумро ба бечорагӣ ва ноумедиҳо меовард, сипари боэътимод гардид.  Бо талошу ҷоннисориҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик аз вартаи ҷаҳолату бенизомӣ ба сулҳу субот расид.

Дар лаби модари тоҷик табассум маскан гирифт ва дар шарёни ҷисми кӯдакон хуни гарми миллию ватандӯстӣ аз нав ҷорӣ гардид. Натанҳо дар дили пиру барно, балки дар хотираи кӯдакони Ватан эҳсоси гуруснагию нодорӣ маскан гирифта буд.
    Расидан ба Ваҳдат нишона аз худшиносии баланд ва соҳибдавлат будани моро нишон медиҳад, ки ин гуфтаҳои волоро моддаи аввали "Конститутсия"-и кишвар бозгӯст. Яъне "Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад".

Моро мебояд имрӯзҳо зери лаб каломи шукр дар пешрафти давлату миллат бо хизматҳои арзандаи хеш саҳмгузор бошем. Ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, идомабахш бошем, чун ин пояндози бузург, Ваҳдати миллӣ натиҷаи заҳмату талошҳои ӯст. 

Саидзода Отахон,
директори Театри ба номи Ато Мухаммадчонови шахри Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода