ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ ВА ЗАМИНАИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА АСТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 71
![]()
Ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик неъмати бебаҳо, арзиши баланди сиёсӣ, ҳастии маънавӣ ва кафолати бақои давлату миллат аст. Ин неъмати бузург ба мо пас аз солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳамчун офтоби умеду субот дамид ва роҳи ободиву пешрафтро кушод. Он сулҳу суботеро ба армуғон овард, ки дар сояи он хонаву мактабҳо боз шуданд, нағмаи ҳаёт дар деҳу шаҳр танинандоз гардид ва парчами тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ бо ифтихор парафшон шуд. Ваҳдат ба мо сабақ дод, ки танҳо бо ҳамдигарфаҳмӣ, бахшоиш, дӯстӣ ва якпорчагӣ метавон ба фардои дурахшон расид.
Соли 2025 аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол сипарӣ мешавад. Ин воқеаи тақдирсоз бо саъю талош ва ҷонбозиҳои фарзонафарзанди Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик сулҳу субот овард ва ҳамчун рамзи хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва иродаи устувори миллат дар китоби таърих сабт гардид.
Соли 1992 ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо дасти зархаридони хориҷӣ ба вуқуъ пайваст, Тоҷикистонро бо вартаи нобудӣ рӯ ба рӯ кард. Ҷанги шаҳрвандӣ мисли селобе буд, ки тамоми пояҳои зиндагии иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии ҷомеаро тахриб мекард. Вилояти Хатлон ҳамчун яке аз минтақаҳои калидӣ аз ин фоҷиа бештар аз дигарон зарар дид. Шаҳру ноҳияҳои вилоят дар хатти муқовимат қарор гирифта, садҳо иншооти ҳаётан муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодӣ тахриб шуданд.
Ҳазорҳо нафар сокинон маҷбур ба гурез аз манзилу маҳалли зисти худ гардиданд. Низоми маориф, тандурустӣ, нақлиёт, алоқа ва дигар зерсохторҳои ҳаётӣ аз кор бозмонда, фаъолияти мақомоти давлатӣ фалаҷ гардид. Ба гуфти шоҳидони он рӯзҳо, дар баробари фурӯпошии сохторҳои ҳокимият, шикасти низоми иқтисодӣ ва гум шудани боварӣ ба фардо, як навъ парешониву ноумедӣ ҷомеаро фаро гирифта буд.
Дар чунин шароити печида, вақте ки умеди мардум ба ояндаи кишвар аз байн мерафт, марди хирадманду бебок, ҷасуру пешоҳанге аз миёни халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат ворид шуд. Ӯ бо иродаи қавӣ ва бо такя ба рисолати таърихии худ масъулияти бузургро бар дӯш гирифт. Маҳз ҷасорати сиёсӣ, иродаи устувор, хиради баланд, эътимод ба қудрати халқ ва роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат буд, ки кишвари мо тадриҷан ба сӯйи субот, амният ва сулҳи пойдор қадам ниҳод. Ҳамин сиёсати ваҳдатофарини Пешвои миллат буд, ки Тоҷикистон тавонист аз гирдоби хатар эмин монад ва дар муддати кӯтоҳ сулҳи пойдорро ба даст оварад.
Дар радифи талошҳои Пешвои маҳбуби миллат, занону модарони тоҷик нақши беназир ва таърихӣ бозиданд. Онҳо ҳамчун сутуни хонадону ҷомеа бо сабру таҳаммул ва бо дилгармӣ фарзандонашонро ба сулҳ даъват карданд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он модарони хатлонӣ ба ҷойи ашк, дуо мекарданд, ба ҷойи фурӯзон кардани оташ, чароғи ваҳдатро рӯшан нигаҳ медоштанд. Онҳо дар барқарорсозии ҷомеаи ҷангдида ва ба роҳ андохтани зиндагии осоишта саҳми шоиста гузоштанд.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 нуқтаи ибтидоии марҳалаи нави давлатсозӣ гардид. Таърих гувоҳ аст, ки Тоҷикистони мусибатдида тавонист дар муддати кӯтоҳ сулҳи пойдорро ба даст оварад ва дар заминаи ваҳдати миллӣ рушди устувори худро оғоз намояд. Аз он рӯз то имрӯз Ваҳдати миллӣ барои мо падидаи дилнавоз, таҷассумгари иродаи халқ ва намунаи барҷастаи бародариву ҳамдилӣ мебошад.
Аз ҷумла, вилояти Хатлон, ки солҳо дар гирдоби муноқиша қарор дошт, баъд аз барқароршавии сулҳ тадриҷан ба маркази корҳои созандагию ободонӣ ва ислоҳоти ҳамаҷониба табдил ёфт. Бо ташаббус ва роҳнамоии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо корхонаҳои саноатӣ, иншооти иҷтимоӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, роҳу пулҳо, боғу гулгаштҳо ва марказҳои фарҳангиву варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Ҳоло вилояти Хатлон аз нигоҳи иқтисодиву иҷтимоӣ ба як минтақаи пешсаф мубаддал гардидааст. Соҳибкорӣ рушд карда, майдонҳои кишоварзӣ самаранок истифода мешаванд, содироти маҳсулот ба хориҷ афзоиш ёфта, сатҳи зин-дагии мардум беҳтар шудааст. Хоса, солҳои охир дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обиву энергетикӣ, нақши Хатлонзамин назаррас гардидааст.
Танҳо дар доираи омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Хатлон беш аз 8 ҳазор иншоот бунёд гардида, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ боз зиёда аз 6 ҳазор иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардории умум қарор мегиранд. Шумораи муассисаҳои таълимии нав ба маротиб афзуд, теъдоди беморхонаҳо ва марказҳои тиббӣ зиёд шуд ва даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Ин ҳама аз баракати Ваҳдати миллӣ, фазои орому осоишта, аз сиёсати ваҳдатофари Пешвои миллат ва аз меҳнату талоши содиқонаи мардуми заҳматкаш шаҳодат медиҳад.
Бо вуҷуди ин, нигоҳ доштани ваҳдат ва суботи кишвар кори якрӯза нест. Ин дастовард бояд бо масъулият ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳифз гардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: “Ваҳдати миллӣ барои халқи мо неъмати бебаҳо, арзиши муқаддас, рамзи ҳувияту худогоҳӣ, кафили бақои давлату давлатдорӣ ва рамзи саодати наслҳои имрӯзу оянда мебошад”.
ХЕЛЕ ЗАРУР АСТ, КИ НАСЛИ ИМРӮЗАИ ҶАВОНИ ДАВЛАТИ МО БО ВОҚЕИЯТИ ДАВРОНИ БА СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ РАСИДАНИ ТОҶИКИСТОН ХУБТАРУ НАЗДИКТАР ОШНО ГАРДИДА, САБАБҲОИ АСЛИИ БОХТҲОИ ДАВЛАТИ ҶАВОНИ ХУДРО АЗ ДИДИ АҚЛУ ДИЛ ДАРК КУНАНД ВА ДАР ФАЗОВУ РУҲИЯИ БАЛАНДИ ВАТАНПАРАСТИВУ ВАТАНДОРӢ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ БИГИРАНД.
Имрӯз, ки ҷаҳони муосир ба гирдоби таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла, радикализм, терроризм, қочоқи маводи мухаддир, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти манфӣ гирифтор аст, моро зарур аст, ки ҳамбастагии миллиро ҳамчун гаронбаҳотарин сарвати маънавии миллат ҳифз намоем. Пешвои миллат бо ишора ба вазъи ниҳоят мураккаб ва пешгӯинашавандаи ҷаҳон, пайваста таъкид мекунанд, ки дар чунин шароити ҳассос ҳар яки мо бояд ба хотири пояндагиву бақои миллатамон ва устувории давлати соҳибистиқлоламон боз ҳам бештар сарҷамъу муттаҳид ва зираку ҳушёр бошем, иродаи қавӣ дошта бошем ва манфиатҳои милливу давлатиамонро содиқона ҳимоя намоем. “Дар робита ба ин, як масъалаи муҳимро хотирнишон менамоям: ҳар қавму миллате, ки иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдату ҳамдилиро шиори худ кардааст, аз миёни обу оташи таърих бо сарбаландӣ гузашта, ба саодати воқеӣ расидааст ва баръакс, ҳар халқе, ки ихтилофу ҷудоӣ ва ҷангу нифоқро пеш гирифтааст, ба номаи тақдири хеш муҳри бадбахтиву нокомӣ задааст”, - ҳушдор медиҳанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ин росто, нақши занон, бахусус модарони тоҷик, беш аз пеш муҳим мешавад. Онҳо метавонанд бо тарбияи дурусти фарзандон ва таблиғи арзишҳои миллӣ дар замири насли нав эҳсоси ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва масъулияти шаҳрвандиро парвариш намоянд.
Дар тамоми солҳои Истиқлоли давлатӣ ва баъд аз имзои Созишномаи сулҳ, Пешвои миллат ба нақши зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Дар натиҷа, имрӯз занону духтарони хатлонӣ дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла маориф, илм, тандурустӣ, кишоварзӣ, сиёсати давлатӣ ва соҳибкорӣ фаъолона саҳм мегиранд. Онҳо ҳамчун роҳбари муассиса, омӯзгор, табиб, муҳандис, соҳибкор, вакил ва ҳомии ҳуқуқ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва рушди давлатдорӣ иштироки муассир доранд.
Воқеан, сулҳ ва ваҳдат барои мардуми тоҷик танҳо як василаи сиёсӣ нест. Он барои мо фалсафаи зиндагӣ, асоси тафаккури ҷамъиятӣ ва шарти муҳими рушду тараққиёти миллат мебошад. Танҳо дар фазои сулҳу ваҳдат ва бо иттиҳоди воқеии мардум метавон давлатро обод кард. Таърихи кишвари мо исбот намуд, ки бе ваҳдат на иқтисод рушд мекунад, на фарҳанг ва на инсон метавонад зиндагии шоиста дошта бошад.
Ифтихоровар аст, ки сокинони вилояти Хатлон ҳамчун посдорони ваҳдати миллӣ ва пайравони мактаби сулҳсозии Пешвои миллат, ин арзишро чун гавҳараки чашм нигоҳ медоранд. Дар ин замина, мутмаинам, ки соли 2025 бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва ҳамкориҳои фаъоли мардум Хатлон боз ҳам ободтару пешрафтатар мегардад.
Идомаи лоиҳаҳои бузурги зерсохторӣ, ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ, рушду тавсеаи соҳибкорӣ нишон медиҳад, ки ваҳдати миллӣ ба як воқеияти устувор ва сарчашмаи таҳаввулоти амиқи ҷомеа табдил ёфтааст.
Дар соҳаи иқтисод вилояти Хатлон дар баробари рушди кишоварзӣ, дар самти саноатикунонии босуръат низ қадамҳои устувор гузоштааст. Бунёди корхонаҳои коркарди пахта, меваю сабзавот, маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ, афзоиши корхонаҳои хурду миёна, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ бозгӯи самаранокии сиёсати иқтисодии кишвар ва нақши бевоситаи ваҳдати миллӣ мебошад.
Дар натиҷа, имрӯз метавон бо итминон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ чун омили таърихии наҷоти миллат, ҳамзамон, механизми муҳими таъмини амният, истиқлолият ва рушди устувори кишвар аст. Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки Тоҷикистон ва, албатта, вилояти Хатлон, бо вуҷуди мушкилоти ҷаҳонӣ, роҳ ба сӯи ҷомеаи адолатпарвару озод ва давлатдории ҳуқуқбунёду дунявӣ гузорад.
Хатлонзамин бо мардуми заҳматдӯсту фарҳангӣ, бо таърихи пурифтихор ва бо имкониятҳои бузурги табииву иқтисодӣ метавонад дар ояндаи наздик ба як минтақаи саноативу аграрии пурқудрати ҷумҳурӣ мубаддал гардад. Барои расидан ба ин ҳадаф мо бояд ҳамеша якдилу ҳамандеш бошем, ба арзишҳои ваҳдати миллӣ содиқ монем ва дар ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа масъулияти шахсии худро эҳсос намоем.
Ҳифзи Ваҳдати миллӣ, бавижа дар заминаи таҳдидҳои навини ҷаҳонӣ, бояд ба вазифаи имонии ҳар як шаҳрванди соҳибхирад ва худогоҳ табдил ёбад. Зеро танҳо дар фазои ваҳдат метавонем ормонҳои таърихии миллатро амалӣ созем, асосҳои давлатдории миллиро таҳким бахшем ва Тоҷикистонро боз ҳам пешрафтаву нерумандтар намоем.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00