Ифтихор аз касб
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 март, Бахш: Дигар матолиб / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 681
Ҳар давру замон шахсиятҳои хушзавқу хушсалиқа, хушманду дорои тафаккури баланди зеҳнию ахлоқиро ба майдон меорад ва онҳо миёни мардум обрӯ ва эҳтирому одаму одамгарӣ, меҳру муҳаббату ба қадри заҳматҳо расиданро пешаи худ медонанд. Солҳои ҳафтодуми асри гузашта ба майдони журналистӣ ҷавони завқманди пешаи рӯзноманигорӣ Нурулло Ҳасановро овард.
Ҳанӯз аз давраи мактабхонӣ хабару мақола навишта, ба рӯзномаи «Ҳақиқати Кулоб» (имрӯза «Хатлон» мефиристод, ки аксари онҳо чоп мегардиданд.
Меҳри касби журналистика ӯро ба собиқ Донишкадаи педагогии ба номи А. Рӯдакии шаҳри Кӯлоб (ҳозира ДДК) бурд. Дар давоми донишҷӯӣ ҳамкориашро бо рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ идома дод. Таҷрибаи пешаи журналистиро аз кормандони собиқадор меомӯхт. Баъди хатми донишкада маҳорати касбиашро ба инобат гирифта, ӯро ба ҳайси мудири шуъба ба рузномаи навтаъсиси ноҳияи Муъминобод «Субҳи меҳнат» ба кор даъват карданд.
Нурулло Ҳасанов ба ҳайси мудири шуъбаи рӯзномаи ноҳия ҷавонони болаёқатро ба эҷодкорӣ ҷалб карда, мактаби рӯзноманигории худро таъсис дод. Навомӯзони касби рӯзноманигорӣ наздаш зиёд меомаданду ҳоло низ меоянд. Аз мактаби рӯзноманигории Нурулло Ҳасанов барои худ таҷриба мегирифтанд. Дар баробари касби журналистиро ба ҷавонони навкор омӯзонидан худ низ маҳорати касбиашро сайқал дода, зина ба зина боло мерафт.
Котиби масъули рӯзнома, фаъолият дар радиои собиқ вилояти Кӯлоб, рӯзномаи «Кулябская правда», телевизиони Кӯлоб, ҳамкорӣ бо рӯзномаҳои даврӣ аз маҳорати касбии журналистии Нурулло Ҳасанов башорат медиҳанд.
Солҳои фаъолият ба ҳайси сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Субҳи меҳнат» Нурулло Ҳасанов тавонист фаъолияти мактаби рӯзноманигориашро васеъ намояд. Маҳз бо дастгирӣ ва ташаббуси бевоситаи ӯ дар назди рӯзномаи «Субҳи меҳнат» маҳфили доимиамалкунандаи «Қалам» таъсис ёфт ва он то ба имрӯз фаъол аст.
Миёни мардум панди созанда: «Ҷамоли инсон аз зебоии суханаш пешаи рӯзноманигорӣ аз дурустии кораш маълум мегардад». Нурулло Ҳасановро маҳбуби ҳамагон ва алоқамандони насри созандааш гардонидааст. Ӯ соҳибкитобу соҳибмактаби замони худ аст.
Мақсадаш ҷӯяндагию созандагӣ, муттаҳидию ободкории замони хеш аст. Ӯ бо қалами хеш ифтихор дорад ва шогирдони мактабаш аз ӯ маҳорати касбӣ меомӯзанд.
Раҷабалӣ ТАБАРЗОДА ,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
22-10-2021, 12:54
Ҳадафи аслии марҳилаи 9-уми Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV), ки аз ҷониби филиали ГОПА...