Б. Ализода: «Баробарҳуқуқии гендериро таъмин мекунем»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 октябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 684
Ҳадафи аслии марҳилаи 9-уми Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV), ки аз ҷониби филиали ГОПА дар Тоҷикистон бо маблағгузории ҳукумати Швейтсария амалӣ карда мешавад, ҳимояи ҳуқуқи одамон (занон, мардон ва кӯдакон) тавассути таҳкими нақши Ҳукумат дар мубориза бо хушунати оилавӣ дар Тоҷикистон мебошад. Бо ин мақсад лоиҳа дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ як қатор шарикони стратегӣ дорад, ки Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост. Дар давоми ҳамкорӣ (Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни ин донишкада ва филиали ГОПА МбХ дар Тоҷикистон дар доираи Лоиҳа оид ба пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV) 29 июни соли 2018 ба имзо расидааст) аллакай даҳҳо нафар дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Турсунзода ва Хуҷанд аз курсҳои махсуси омӯзишӣ гузашта, модулҳои мукаммали таълимӣ таҳия гардиданд.
Дар робита ба самараи ин ҳамкориҳо суҳбате доштем бо Ализода Баҳриддини Пирмуҳаммад, номзади илмҳои филологӣ, сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фишурдаи он манзуратон мегардад.
- Муҳтарам Баҳриддин Ализода, саҳми Академияи идоракунии давлатиро дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба баробарҳуқуқии гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи олии таҳсилоти касбӣ дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 ташкил шудааст ва ҳадафи асосиаш тайёркунии касбӣ, азанавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ аст. Дар ин замина донишкада дар зинаи бакалавриат, магистратура, курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос фаъолият мекунад. Доир ба масъалаи омӯзиши хизматчиёни давлатӣ мо ҳамасола нақша-ҷадвали курсҳоро таҳия мекунем, ки дар асоси он ҳам мардҳо, ҳам занҳо ба омӯзишҳо фаро гирифта мешаванд. Ҳамасола ба ҳисоби миёна аз 1200 то 1700 нафар хизматчиёни давлатӣ ба курсҳои такмили ихтисос ва курсҳои азнавтайёркунӣ ҷалб мегарданд, ҳам дар заминаи донишкада ва ҳам дар курсҳои сайёр дар маҳалҳо.
Аммо агар сиёсати гендерии Тоҷикистонро гирем, воқеан, академия ягона муассисаи олии таҳсилотӣ аст, ки ба такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ва татбиқи сиёсати гендерӣ машғул аст. Аз ҷумла дар самти татбиқи он қонунҳо, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва барномаҳое, ки дар сатҳи давлатӣ таҳия ва қабул гардиданд, махсусан дар самти омӯзиши хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла занҳо, донишкада нақши калидӣ дорад. Дар баробари иштироки занон – хизматчиёни давлатӣ дар тамоми курсҳои такмили ихтисос, ҳамчунин, мо курсҳои махсус танҳо барои занон дорем, ки он «Менеҷменти нави давлатӣ» ном дорад. Ба ин курс тақрибан 72 нафар хизматчиёни давлатии мақомоти маҳаллӣ вобаста ба самти фаъолияташон фаро гирифта мешаванд. Курси дигаре, ки ҳамасола махсус барои занон такил мешавад, «Зан-роҳбар» ном дорад. Ин курси такмили ихтисос барои занҳое пешбинӣ шудааст, ки дар захираи кадрҳо қарор доранд, яъне бонувони лаёқатманде, ки бояд дар оянда ба вазифаҳои роҳбарӣ пешниҳод шаванд. Дар баробари ин, барои омӯзишу таҳсили хизматчиёни давлатӣ, пеш аз ҳама, занҳо, мо аз соли 2018 ҳамкории судмандро бо Лоиҳаи пешгирии зӯроварӣ дар оила (PDV) оғоз намудем.
- Ин ҳамкорӣ аз чӣ шурӯъ шуд?
- Пас аз имзои созишномаи ҳамкорӣ бо ин лоиҳаи бонуфуз, пеш аз ҳама, барои худи омӯзгорони Академия курсҳои омӯзишӣ гузаронидем, то ки аз миёни онҳо омӯзгорон ё тренерон тайёр намоем. Ин мударрисон дар оянда дар ҳама курсҳои такмили ихтисос дар мавзӯи пешгирии зӯроварӣ дар оила вобаста ба сиёсати гендерии Тоҷикистон дарс мегузаранд. Ин давраи омӯзишӣ моҳи сентябри соли 2018 баргузор гардид. Аз миёни 20 нафар омӯзгорон, ки дар ин курс иштирок намуданду соҳиби сертификат шуданд, 5 нафарашон ба сифати тренер, яъне омӯзгори ҳамон самт интихоб гардиданд ва онҳо вобаста ба сиёсати гендерӣ мавзӯъҳои наверо барои курсҳои сайёри такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ тайёр намуданд. Дар доираи ҳамин ҳамкорӣ, аллакай, ду нафар коршиносони маҳаллӣ, аз ҷумла камина ва психолог Шарифамоҳ Ғафурова, модули нав оид ба татбиқи сиёсати гендерӣ ва таълими баробарҳуқуқии гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро коркард кардем. Тарҳи модули мазкур аз тарафи эксперти байналмилалӣ таҳия шуда буд. Дар навбати аввал мо бо мутахассисони касбӣ онро тарҷума ва таҳрир кардем. Модул ё дастури таълимӣ нашр карда шуд. Ин яке аз дастовардҳои донишкада буд, ки дар муддати кутоҳи ҳамкорӣ тавонистем дастури таълимӣ таҳия сохта, дар заминаи он мо модулҳои дигарро коркард намудем. Модули якум «Сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дувумаш «Ҳуқуқи зан аз нигоҳи ислом» ном дошт. Таҳияи модулҳои дигар низ дар назар аст. Бо истифода аз ин дастурҳои таълимӣ моҳи октябри соли 2018 курси сайёри такмили ихтисосро дар шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд ва Турсунзода оғоз кардем. Барномаи асосӣ «Сиёсати давлатӣ оид ба баробарҳуқуқии гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дошт ва мудирони шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳҳои раисони шаҳру ноҳияҳои Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суғд ва нохияҳои тобеи марказ ба ин курс фаро гирифта шуданд. Дар курс ҷамъан қариб 80 нафар иштирок намуданд. Бо пешниҳоди Агентии хизмати давлатӣ намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ, Раёсатҳои маориф ва тандурустӣ низ дар ин курсҳо иштирок намуданд. Чунки бевосита онҳо ҳам дар таъмини баробарҳуқуқии гендерӣ дар маҳалҳо нақш доранд, махсусан тибқи сиёсати гендерии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти корҳои дохилӣ воҳиди кории махсус таъсис дода шудааст, ки фаъолияти ин нозирон бевосита ба ҳимояи ҳуқуқҳои занон ва пешгирии зӯроварӣ дар хонавода равона мегардад. Дар ҷараёни курсҳо мубоҳисаҳо сурат гирифтанд, факту рақамҳои зиёд аз тарафи мақомоти корҳои дохила пешниҳод гардид.
- Тренингҳои гузаронидашуда чӣ навгонӣ ё бартарӣ доштанд?
- Яке аз бартариҳои семинар-тренинҳои мазкур он буд, ки ба барнома дар баробари баррасии мавзӯъҳои муҳими гендерӣ, инчунин гузаронидани мизи мудаввар ва навиштани эссе оид ба масъалаҳои мубрами баробарҳуқуқии гендерӣ ворид шуда буд ва иштирокчиён ба тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ оид ба масъалаҳои ҳалталаби гендерӣ андешаҳои худро иброз намуданд.
- Зимни баргузории ин давраҳои омӯзишӣ то куҷо эҳсос кардед, ки воқеан ниёз ба чунин омӯзишҳо ҳаст ва махсусан, шунавандагони ҳамин курсҳо то чӣ ҳад огоҳ буданд, аз мавзӯъ, барномаҳо ва қонунҳо?
- Дар Тоҷикистон санадҳое меъёрии ҳуқуқии зиёде оид бо баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа қабул шудааст. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз соли 1999, барномаи «Баробарии гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», барномаи махсуси омӯзиши занон ва мисли ин якчанд санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул шудааст, ки хизматчиёни давлатӣ дар баробари татбиқи сиёсати гендерӣ, то андозае аз ин санадҳо огоҳӣ доштанд. Аммо он семинарҳое, ки мо гузаронидем, барои боз ҳам зиёд кардани малакаву маҳорати онҳо имконият медод. Вобаста ба ҳамин мудирони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа он хизматчиёни давлатие ҳастанд, ки бевосита дар фаъолияи кориашон ҳар рӯз бо мардум сару кор доранд, бо хонаводаҳо, бо мардум наздик ҳастанд. Онҳо аз проблемаҳое, ки дар сатҳи маҳал ё шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҷумҳурӣ мавҷуданд, то андозае огаҳӣ доранд. Дар натиҷаи гузаронидари ҳамин курс, дар ҳақиқат, маълум гардид, ки хизматчиёни давлатӣ дар масъалаҳои гендерӣ, махсусан пешгирии зӯроварӣ дар хонавода мехоҳанд дониши худро зиёд кунанд. Масалан, дар шаҳри Бохтар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва намояндаи мақомоти корҳои дохилӣ баромад карда, факту рақамҳои зиёдро пешниҳод намуданд, ки дар шаҳру ноҳия чӣ қадар ҳолатҳои зӯроварӣ дар хонавода ба қайд гирифта шудааст. Ҳамин мубодилаҳои афкору арқом нишон доданд, ки дар тафаккури мардуми мо баъзе дигаргуниҳо ба амал омадааст. Масалан, дар баробари занон мардон низ нисбати ҳамсарони худ шикоят мекунанд. Чунин фактҳо дар вилояти Суғд ҳам садо доданду дар шаҳри Турсунзода низ ба қайд гирифта шудаанд. Имрӯз ниёзи бештар ба омӯзиши ин мавзӯъ дар ҷомеаи мо ҳаст.
- Вақте сухан аз зӯроварӣ дар оила равад, ҳатман пеши назарҳо зан чун объекти хушунат падид меояд. Аммо тавре ки ишора кардед, имрӯзҳо мардон ҳам мавриди хушунат, бахусус зӯроварии равонӣ, аз сӯйи занон ва ё дигар ақрабояшон қарор мегиранд. Шояд шикоятҳои расмӣ дар ин бора камтаранд, чун дар ҷомеаи суннативу зоҳиран мардсолори мо одат нашудааст, ки мардҳо аз ин ки мавриди хушунат қарор гирифтаанд, шикоят баранд.
- Бале, чунин мисолҳо бисёранд, ҳарчанд на ҳамеша ин шикоятҳо то мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мерасанд. Лекин аллакай дар чанд соли охир дар тафакури мардум дигаргунӣ ҳам ба амал омадааст. Зимни баргузори семинарҳо дар се минтақа, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ факту рақамҳои мушаххасеро ироа карданд, ки аз мавҷудияти ин проблема дарак медиҳанд. Тақрибан, 10-15 фоизи шикоятҳо дар мавриди зӯроварӣ дар оила аз ҷониби мардҳо сурат гирифтааст. Яъне, аллакай дараҷаи фаҳмишу ҷаҳонбинии мардум боло рафтааст. Фикр мекунам, ки дар маркази вилоятҳо ва шаҳрҳо имрӯз тафаккур ва андешаи мардум нисбат ба масъалаи оқибатҳои зӯроварӣ дар оила, баробарҳуқуқии гендерӣ пешрафт ҳаст. Ҳуқуқи занон риоят мешавад. Аммо мутаассифона, дар сатҳи баъзе ноҳияҳо, хусусан ҷамоатҳо ва деҳоти кишвар, имрӯз ин мушкилот боқӣ мондааст.
- Дар баробари он ки пешравиҳои зиёд дорем, хоҳ-нохоҳ дар менталитети шарқиёнаи мо баъзе мушкилот боқӣ мондааст. Яъне дар ҷомеа бисёр қолабҳои гендерӣ ба мушоҳида мерасанд, ки корбариашонро то андозае таҳқир нисбати зан ҳисобидан мумкин аст. Фаҳмишҳое, чун «духтара чию хонданаш чӣ», «зан паршикаставу заиф аст» дар ҷомеа маъмуланд…
- Оре, дар тафаккури мардуми мо ҳамин хел ақидаҳо, ки гӯё «занро мӯяш дарозу ақлаш кутоҳ аст» вуҷуд доранд, ки ин таҳқир мебошад, зеро дар асл чунин нест. Ҳамин қолабҳо бояд аз муҳити мо дур карда шаванд. Чунки зан агарчи ҷинси латиф аст, неруманду ба иҷрои ҳама кор қодир мебошад. Конститутсия баробарҳуқуқии занону мардонро кафолат додааст. Воқеан, ин стереотипҳо вобаста ба менталитет бо мурури замон, дар тӯли таърих ба вуҷуд омаданду шакл гирифтанд ва дар тафаккуру андешаи мардум ҷо гирифтанд. Яке аз вазифаҳои ҳамин семинар-тренингҳо он буд, ки бояд қолабҳои гендерӣ, ки нисбати зан бисёр суханҳои носазо маҳсуб меёбанд, шикаста шаванду зан дар тасаввури ҳамагон чун инсони комилҳуқуқ ва тавонманд таҷассум ёбад.
- Дар вилояти Хатлон якчанд маркази буҳронӣ ва марказҳои дастгирии занони мавриди хушунат қароргирифта таъсис ёфтааст. Ба андешаи шумо, фаъолияти чунин марказҳо дар амри эътино ё вокуниш ба ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила, расонидани кумакҳои саривақтии равонию ҳуқуқӣ ба ҷабрдидаҳо чӣ таъсире хоҳанд дошт?
- Чунин марказҳо дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ таъсис ёфтаанд ва дар вилояти Хатлон шумораи онҳо зиёдтар аст. Таҷриба нишон дод, ки таъсиси чунин марказҳои махсус бисёр муҳиму саривақтӣ буд. Зан ё ҳар ҷабрдидаи дигаре, ки ба вазъияти ногувор рӯ ба рӯ мешавад, бевосита ба ин марказҳо муроҷиат мекунад. Барояш машваратҳои лозимӣ дода мешавад. Агар чунин марказҳо дар сатҳи маҳалҳо низ ташкил карда шаванд, кори хуб мебуд. Зеро дар маҳалҳо чунин бархӯрдҳо зиёдтар ба мушоҳида мерасанд. Натиҷа беҳтар мешавад. Албатта, имконияти дар 430 ҷамоати шаҳраку деҳот таъсис додани чунин марказҳои буҳронӣ мавҷуд нест, аммо ақаллан дар маркази ноҳияҳо, шаҳру вилоятҳо фаъолият намоянд, шаҳрвандони ниёзманд аз маҳалҳо низ ба маркази ноҳия омада, муроҷиат мекунанд. Зарурати фаъолияти чунин марказҳоро бо як мисоли воқеӣ асоснок мекунам. Масалан, занеро бо ду фарзандаш шавҳар аз хона пеш кардаасту ҷое ба рафтан надошт. Ба яке аз марказҳои буҳронӣ муроҷиат намуд ва мутахассисони ин марказ бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва вилояти Хатлон дар муддати чор-панҷ рӯз тамоми проблемаҳоро, ки вобаста ба таъмини ҷой ва ҷо намудани кӯдакони вай дар муассисаи интернетӣ, ташкил кардани омӯзиши фарзандон ва монанди ин ҳал намуданд. Чунин марказҳоро дар назди беморхонаҳо низ ташкил кардаанд, ки аллакай хусусияти амалӣ доштани онҳоро дида истодаем. Лекин, боз ҳам фаъолияти онҳо дар дигар ҷойҳо самараноктар шавад, беҳтар аст.
- Мавзӯи маҳрамияти муроҷиатҳо бисёр ҳассос аст. Зеро дар сатҳи маҳал, масалан, ҳифз кардани махфияти муроҷиати зане, ки мавриди хушунат қарор гирифтааст, чандон осон нест: ҳамсояҳо, хешу ақрабо баъзан баръакс – занро барои «сирри хонаро ба берун баровардан» накуҳиш мекунанд. Фишори равонӣ болои зани ҷабрдида меафзояд. Вақте шумо дар маҳалҳо бо масъулони шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ходимони милитсия, табибону омӯзгорон кор мекардед, шояд ин мавзӯъро низ дар миён гузоштед?
- Мутаассифона, дар ҳақиқат, дар ин самт низ мушкилот ҳаст. Вақте ки як нафар дар вазъияти ногувор қарор дораду ба ҷое шикоят мебарад, зуд мавриди баррасии дигарон қарор мегираду ба қавле ангуштнамо мешавад. Ин шахс худашро дар вазъи ногувор мебинад, баръакс ранҷу азияти равониаш меафзояд. Дар ин масъала дар семинарҳо мавзӯи алоҳида надоштем. Аммо дар тамоми дарсҳо ба зарурати махфӣ нигоҳ дошта шудани муроҷиатҳо таъкид менамудем. Фикри ман ин аст, ки вақте ба хонаводаҳо кумак расониданӣ мешавем, бояд он расонаӣ нашавад. Корманди мақомоти корҳои дохилӣ ё намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оила ва дигар масъулон агар бо чунин оилаҳо кор баранд, бояд кӯшиш кунанд, ки ин масъала дар доираи оила боқӣ монаду махфӣ нигоҳ дошта шавад. Ин ба манфиати ҳамон хонавода аст. Агар маҳрамияти муроҷиатҳоро таъмин карда натавонанд, дигар афроди ҷабрдида ба онҳо бовар намекунанд, ҳама гуна зӯровариро сабр карда, барои гирифтани кумаки иҷтимоӣ ва равонӣ ба марказҳои буҳронӣ ва мақомотҳо намераванд. Пайомадаш ҳам хуб намешавад.
- Зикр кардед, ки дар натиҷаи омӯзиш ва ҳамкорӣ бо Лоиҳаи PDV баъзе модулҳои нав таҳия шудаанд. Ин дастурҳои таълимӣ чӣ махсусиятҳо доранд?
- Бо истифода аз модулҳои мазкур ба хизматчиёни давлатӣ роҳу усулҳои пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила, ҷанбаҳои мухталифи сиёсати давлатӣ оид ба баробарҳуқуқии гендериро меомӯзонем. Мақсад ин аст, ки бояд гурӯҳи тренерҳо тайёр карда шавад ва онҳо дар оянда чунин дарсҳоро дар сатҳи маҳал худашон барои дигарон гузаронанд. Бо ҳамин роҳ доираи фарогирии аҳолӣ ба омӯзиши проблемаҳои гендерӣ васеъ мешавад. Масалан, дар бораи қолабҳои гендерӣ гуфтем. Ҳангоме ки бевосита бо аҳолӣ сару кор мегирем, махсусан дар натиҷаи гузаронидани вохӯриҳо, омӯзишҳо мо метавонем, то андозае дар менталитети худамон қолабҳои гендериро оҳиста-оҳиста аз байн барем. То он замон, ки қолабҳои гендерӣ ҳастанд, беэҳтиромӣ нисбати зан боқӣ мемонад. Модули дигар марбут ба ҳуқуқи зан аз нигоҳи ислом аст. Яъне ислом ҳамчун як дини созанда ба зан ҳуқуқҳои зиёд додааст. Аз нуқтаи назари сиёсати давлатӣ мо ҳуқуқи занро меомӯзем, талаботҳои қонунгузориро риоя мекунем, дар татбиқи санадҳои маъёрӣ-ҳуқуқӣ, барномаҳо, консепсияҳо иштирок мекунем. Вақте хизматчии давлатӣ мебинад, ки ҳамин ҳуқуқҳоро ислом низ ба зан додааст, дар рафтор ва тасаввураш тағйироти мусбат мушоҳида хоҳад шуд. Ин ба манфиати кор аст.
- Оё аз ин дастурҳои таълимӣ дар дарсҳои амалии Академия низ истифода мешавад?
- Барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба баробарҳуқуқии гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар дарсҳои академия низ баррасӣ мекунем. Чунин омӯзишҳо барои ҳифзи ҳуқуқи занон, баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа мусоидат мекунанд. Ҷойи зикр аст, ки имрӯз 24 фоизи хизматчиёни давлатиро дар ҷумҳуриамон бонувон ташкил медиҳанд. Дурнамо ин аст, ки дар хизмати давлатӣ шумораи занҳо то 35 фоиз расонида шавад. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 ҳам афзоиш додани шумораи занонро дар хизмати давлатӣ, махсусан дар вазифаҳои роҳбарикунанда, пешбинӣ мекунад.
Роҳбароне, ки дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ кор мекунанд, дар вақти интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо бояд бештар ба заноне таваҷҷуҳ намоянд, ки воқеан лоиқи роҳбарианд. Яъне ба зиёд шудани сафи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон мусоидат бояд кунанд.Ҳангомаи Исмат,
"Хатлон