Хандеду наранҷед!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 март, Бахш: Дигар матолиб / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 683
Дугонаҳо бо ҳам суҳбат мекунанд:
— Дӯстдоштаат рӯзи 8 март ба ту чӣ ҳадя кард?
- Гарданбанди тиллоӣ, ҳалқа ва гӯшвора. Ба ту чӣ?
- Калиди хона.
- Оҳҳо!
Шумо кай базми хонадароён мекунед?
- Ман намедонам. Фақат калид дод. Ӯ ҳанӯз хона нахаридааст...
*****
— Азизам, фаромӯш кардӣ, ки ба наздикӣ иди занон меояд?
— Занакҷон, 8 март иди занон аст. Ба мардҳо чӣ дахл дорад?!
*****
Писарбача аз падараш мепурсад:
— Падарҷон, чаро дар тақвим рӯзи 8 март бо ранги сурх қайд шудааст?
Падар бо овози изтироб ҷавоб медиҳад:
- Ин ранги хуни мардҳост, писарам!
*****
Вақти он расидааст, ки 8 мартро Рӯзи иди гулфурӯшҳо эълон кунем...
*****
Рӯзи 8 март ба рафиқ занак китоби «Чӣ тавр пулро сарфакорона истифода барем» туҳфа кардам... Акнун ман сигор намекашам, ба ҷойи кор пиёда меравам ва 5 кг лоғар шудам...
*****
— Ба ту рӯзи 8 март чӣ туҳфа кунам?
— Ягон чизи майда-чуйда бошад ҳам, мешавад: мошин, шуба ё алмос...
Ман одами инҷиқ не.
Ин ба шумо, мардҳо, доим ранги ҷӯроби туҳфакардаи мо - занҳо хуш намеояд!
*****
Мардҳо аз 23 феврал то 8 март калони хона ҳастанд.
Занҳо аз 8 март то 23 феврал. Ҳамааш аз рӯйи адолат. Мард ба завҷааш:
-Рӯзи 8-уми март чӣ туҳфаат биёрам? Зан бо нозу карашма: -Хайр, ягон чиз барои гарданаму ягон чиз барои дастонам.
-Олиҷаноб, бароят собун меорам, собун.
*****
Зан ба шавҳараш, ки рӯзи 8-уми март барояш туҳфае накардааст, мегӯяд:
— Агар як калимаи дигар гӯӣ, ба хонаи модарам меравам. Мард хурсандона:
— Таксииииииииии!
*****
Субҳи 8-уми март. Зан бо ашки шашқатор ба шавҳараш мегӯяд:
-Ту тамоман бераҳмӣ. Ҳатто намепурсӣ, ки ман барои чӣ гиря дорам.
Мехоҳӣ гӯям?
— Не, даркор нест!
Аздусар ман он қадар маблағ надорам!
*****
Ба муносибати 8 март, тибқи дархости бешумори мардҳо, ба бозор маҳсулоти нав ворид мешавад: шампуни «Одӣ», лосйони «Простой», лабсурхкунаки «Наме чи» ва атри «Фарқ надорад».
*****
Чаро доим чунин аст: омадани Соли навро мунтазир мешавию мунтазир.
Аммо 8 март яке фаро мерасад...
*****
— Азизам, ин чӣ хел ҳадяи гаронбаҳо, раҳмат!
Аз куҷо ин қадар пул дорӣ?
— Ман ҳамаи ҷуробҳоеро, ки 23 феврал туҳфаам кардаанд, фурӯхтам..
*****
Дил мехоҳад, ки дар ин рӯз тамоми бонувонро табрик гӯяд. Аммо занам муқобил аст...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
17-02-2022, 10:57
Падарҷонро тақдир сахту талх омад. Ҳаёт барояш беранг менамуд. Ҳатто аз зиндагӣ дасту дилаш сард...