Мори гӯрбон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 феврал, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 067
Падарҷонро тақдир сахту талх омад. Ҳаёт барояш беранг менамуд. Ҳатто аз зиндагӣ дасту дилаш сард гашта буд. Чанд маротиба оиладор шуд, бахт надид. Ё тифлаконаш баъди таваллуд шудан мефавтиданд ва ё завҷаҳояш сари фарзанд мерафтанд. Ба ин ҳама ӯ танҳо худро гунаҳгор меҳисобид ва намехост, ки дубора занеро бадбахту номурод бинаду худро афгор гардонад. Аз ин рӯ, аз одамон дурӣ меҷуст. Раҳмдилию дилбардориҳои атрофиён бошад, ба захмҳои қалбаш намакоб мепошиданд.
Падарҷон барои раҳоӣ ёфтан аз номеҳрубониҳои ҳаёт мақсади аз водии обод баромада рафтанро кард. Дар кӯҳистон, дар зодгоҳаш зистанро ихтиёр намуд. ... Борони баҳорӣ маҳин-маҳин меборид. Ӯ аз падару модар дуо гирифт. “Макони бобоиро ободу чароғи кулбаи бекасу торики онҳоро рӯшан гардон”,- гуфтанд волидон. Модари дилсӯз ба ҷигарбанд тӯшаи роҳ, ҷойхоб, ашёи рӯзгор ва як миқдор маҳсулоти хӯрданӣ дод. Падарҷон “кӯч”-и ночизи худро ба маркаб бор карда, ба роҳ баромад. Маркаб роҳи тангу печ дар печро тай намуда, вазнин-вазнин пеш мерафт. Дар нимароҳ борон шиддат гирифт. Муддате пас сел омад. Мард худро дар хамгаҳи ҷарӣ гирифта, аз борон панаҳ бурд. Борони тезгузари баҳорӣ қарор гирифт.
Падарҷон роҳашро идома дод. Дар пешорӯяш пораи сафедхоки намгирифтаи ҷарӣ тангроҳро баста буд. Ин ҳолат ӯро ба андеша бурд: роҳашро идома диҳад ё ба қафо баргардад? Агар аз роҳаш баргардад, номардӣ мешавад. Аз тарафи дигар, ба қафо баргаштан хосияти нек надорад. Ҳар чӣ бодо-бод, ба пеш, ба сӯйи мақсуд меравад! Падарҷон бори маркабро ба замин фаровард. Аз палаи хӯрҷин белу каландро гирифта, машғули роҳкушоӣ шуд. Банохост, аз зери хок мори бузургҷуссае халосӣ ёфта, худро як тараф гирифт ва омодаи ҳамла шуд. Мор фашшосзанон намегузошт, ки мард роҳкушоиро идома дода, ҳаракати беҷое кунад. Мард аз мори безобиташуда ҳаросид. Худро як тараф гирифта, ба рафтори мор наззора намуд. Мор худро ба кулӯхҳои бузург зада, онҳоро тела доданӣ мешуд. Падарҷон маркабро етак карда дуртар рафт.
Вале мор ба худ мепечид ва ба ин рафтораш гӯё мардро ба ёрӣ мехонд. Падарҷон пай бурд, ки бачаҳои мор зери хоку санг мондаю худи мор ҳам аз чанд ҷойи баданаш ҷароҳат бардошта ва илоҷи наҷоти онҳоро надорад. Мард медид, ки мор барои озод кардани морбачаҳо тайёр буд ҷони худро диҳад. Барои хазанда низ фарзанд азизу ширин буд. Падарҷон ширинии фарзандро хуб медонист. Ҳама махлуқоти олам маҳз ба хотири фарзанд зиндагӣ мекунанд. Аммо ба нафари ташнаи фарзанд ва ба нохуни ӯ зор, баъзан ин меваи ширин насиб накардааст. Тақдир ӯро сахт имтиҳон кард, фарзандеро насибаш нагардонд. Ҳамин бераҳмиҳои тақдир ӯро ба кӯҳистон, ба гӯшанишинӣ бурд. Ба ҳоли мор раҳмаш омад ва дубора аз роҳаш гашт. Ба таёқи дарози чӯпонӣ морро як сӯ ронданӣ шуд. Аммо мор аз ҷой наҷунбид.
Ва мард “Эй мор, як тараф биисту ба ман халал нарасон, то фарзандонатро аз зери хок озод кунам”-гӯён ба вай муроҷиат кард. Мор гӯё нияти неки мардро фаҳмида бошад, худро канор гирифт. Падарҷон морбачаҳоро аз зери хок берун карда, пеши мор гузошт. Мор бачаҳояшро ҳалқа гирифт. Мард аз хурҷин хуми пури ширро гирифта, як миқдорашро дар косачаи сафолин рехту пеши морбачаҳо гузошт...
Мард қарибиҳои бегоҳ ба қароргоҳи чӯпонҳо расид. Шабро ҳамроҳи онҳо гузаронд. Падарҷон ба даҳмардаҳо унс гирифт ва онҳо ӯро ҳамроҳ гирифтанд. Онҳо ба мард аз гӯсфанди худ чанд сар доданд. Дере нагузашта дар домани кӯҳ хонаи похсагин бунёд ёфт. Падарҷон дар порча-порча заминҳои ҳамвор гандум кишт кард. Ҳар сол аз онҳо ҳосили хуб мегирифт ва волидонро бо гандум таъмин менамуд. Инро дида боз чанд оилаи дигари ҳамдеҳагонаш ба кӯҳистон кӯч бастанд. Акнун Падарҷон ҳамсоядор шуд.
Кӯҳистониён ҳар сол аз заминҳои лалмӣ ҳосили хуби ғалла гирифта, рӯзгорашонро пеш мебурданд. Аммо як сол аз соли дигар фарқ дораду ҳар фаровониро қаҳтӣ пайгир аст. Як сол қаҳтӣ омад. Мардум захираи ками гандум доштанд. Бадбахтӣ танҳо наомад. Ҳамон сол, қасд кардагӣ барин, офати дигар рӯ зад. Калламушҳои гурусна анбори одамонро ғорат карданд. Анбори Падарҷон бошад, аз ҳамлаи калламушҳо эмин монд. Сабабаш ҳамон мори хубидида буд. Мор акнун посбони хонаи наҷотбахшаш шуда, нагузошт, ки калламушҳо гандуми ӯро ба яғмо баранд. Аз ҳамин вақт дӯстии Падарҷону мор қавитар шуд. “Об диҳӣ, равған мегирӣ”, мегӯянд. Мардуми ба қашшоқӣ гирифторро гандуми Падарҷон аз гурӯснагӣ раҳонид. Ҳамин амал боис шуд ва ӯ ба ивази некиҳояш бахти худро дарёфт. Зиндагиро бо умеди фарзандёбӣ боз аз нав оғоз намуд. Худованд ба Падарҷону Зулфия гулписари ширинро ҳадя кард.
Писар зану шавҳарро хушбахт гардонд. Онҳо тифлакро дар хона, дар гаҳвора хобонда, худ ба кори саҳро мерафтанд. Мор бошад, кӯдакро “доя”-гӣ мекард. Инро танҳо марддӯсти мор медонист... Бо гузашти солҳо оилаи кӯҳистониён дубора ба водӣ баргаштанд. Падарҷон бо оилааш ба хонаи қиблагоҳ омад. Дӯстии байни мард ва мор канда нашуд. Мор аз пайи дӯсташ рафт. Падарҷон баракати зиндагӣ, рӯзгори серу пурашро дар ҳамин дӯстӣ медид ва морро баробари фарзандаш дӯст медошт. ... Бо гузашти айём зану шавҳар соҳиби фарзандони зиёд шуданд. Рӯзе зан вориди ошхона шуда, бо фиғон аз он берун шуд.
Шавҳар дар кори саҳро буд. Зан ҳамсояҳоро ба ёрӣ хонд. -Дар ошхона мори калоне пайдо шудааст, онро кушед, ба кӯдаконам зарарашро нарасонад,-гӯён зан ҳамсояҳои бо белу каланд омадаро ба ошхона бурд. Морро яке бо санг мезаду дигаре онро бо белу каланд куштанӣ мешуд. Мор бо як чолокӣ ба сӯрохии боми хона даромада, худро аз ҳамлаи одамон наҷот дод. Бегоҳӣ марди хона аз кор баргашт. Зан шавҳарро бо доду фиғон истиқбол гирифт. Мард ӯро гӯш дода, оромаш карданӣ мешуд.
-Мор ба касе зиён намерасонад. Он дӯсти ман ва баракати хонадони мо аст, хотирҷамъ бошу натарс,-гуфт Падарҷон ба завҷааш. Зан ҳамоно оромӣ намеёфт. Аз ҳаёти фарзандон хавф мебурд ва ҳамарӯза аз шавҳар талаби нест кардани морро дошт. Ҷанҷолҳои ҳаррӯза дар оила сардӣ овард. Вале мард талаби занро ба ҷо оварда наметавонист. Охир, чӣ тавр дӯсташро нобуд кунад? Не, не, наметавонад! Мор ин ҳамаро ҳис карда, гиреҳи муамморо кушод ва ба носозии оила нуқта гузошт. Мор манзили дӯсташро, ки барояш азиз буд, тарк намуд. Баъди ғайб задани мор мард хотирпарешону дамдузд шуда монд. Муносибаташ бо зан сард гардид. Рӯзу ҳафта ва моҳу солҳо мегузаштанд, аммо онҳо ба созиш наомаданд, бештар ногап буданд.
Зиндагии онҳо акнун маънӣ надошт.. Мӯйсафед аз дарди ҷудоӣ аз мор бемор шуда, сар ба болин монд. Ӯ марги худро медонист, ки рӯзе бо ашки бари рӯ аз завҷааш пурсид: -Дӯсти ман - мор ба хона баргашт ё не? Зан дар посухи ин суол лол монд. Ашк рехт. Акнун ҳис кард, ки шавҳараш солҳо боз баргаштани морро интизор аст ва барои он месӯзад. Зан шабу рӯз Худовандро зорӣ менамуд, ки барои таскини дили мард дӯсти ӯ-морро ба хона баргардонад. Худованд имдоди занро шунид. Муъҷизае рух дод. Мор ба хонаи дӯсти худ баргашт. Падарҷон аз шунидани ин хабар хушҳол шуд.
Шавҳар “гуноҳ”-и занро бахшид ва ба ӯ дуои нек дода, чашмонашро абадӣ пӯшид. Падарҷонро ба хок супориданд. Ҳамдеҳагон морро борҳо сари қабри ӯ диданд. Акнун мор гӯри дӯсти худро посбонӣ мекард. Намегузошт, ки калламушҳо хоки гӯрро сӯрох карда, онро хароб кунанд... Соле пас фарзандони мӯйсафед болои гӯри падар ҷасади беҷони морро ёфтанд. Онро дар паҳлуи қабри қиблагоҳ гӯрониданд...
С. АТТОР, “Хатлон”