Боздиди муовини Сарвазири мамлакат аз шаҳри Кӯлоб
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 феврал, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 244
Ҷиҳати шиносоӣ аз рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди кишоварзӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ бо як қатор роҳбарони вазорату идораҳои кишвар ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.
Дар ин сафар меҳмононро Салимзода Амонулло Файзулло, муовини якуми раиси вилояти Хатлон ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҳамроҳӣ намуданд.
Сараввал, меҳмонон аз Маҷмааи илмӣ-истеҳсолии Кӯлоб “Ҳамадонӣ”, хоҷагии парандапарварии Ҷамоати деҳоти “Зиракӣ” ва хоҷагии ёрирасони ҶДММ “Тоҳир”-и Ҷамоати деҳоти “Кӯлоб” дидан намуданд. Маҷмааи илмӣ- истеҳсолии Кӯлоб “Ҳамадонӣ” дар масоҳати 3 гектар замини корами обӣ доман паҳн намуда, дар он 6 нафар саҳмдорон бо истифода аз таҷрибаи пешқадами соҳа ҳамасола даҳҳо номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол менамоянд.
Тибқи иттилоъ аҳли заҳмат дар майдони 2 гектар токзор (ангурбоғ) ташкил карда, дар он ба парвариши навъҳои серҳосилу босифати ангур машғуланд. Инчунин, дар масоҳати як гектар 10 адад гармхона бунёд намуда, ба парвариши лимӯ, сабзавоти барвақтӣ, картошка, сирпиёз, кабудӣ, қулфинай ва ғайра шуғл доранд. Дар ҷамоати деҳоти номбурда, ҳамчунин хоҷагии деҳқонии парандапарварӣ бо роҳбарии Баҳром Маҷидов имсол ба фаъолият оғоз намуда, дар он 2 ҳазор сар мурғи гӯштӣ парвариш карда мешавад.
Дар Ҷамоати деҳоти “Кӯлоб”-и шаҳри Кӯлоб бошад, хоҷагии ёрирасони ҶДММ “Тоҳир” ду сол боз фаъолият дорад. Дар он 76 сар чорвои калон, 70 сар харгӯш, 20 сар ғоз, 80 сар мурғи марҷон, 70 сар мурғобӣ, 100 сар дигар навъҳои мурғҳои зотӣ парвариш меёбанд. Инчунин, барои ба роҳ мондани истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ дар майдони 0,10 га гармхонаи намунавӣ ташкил ёфтааст. Дар майдони 0,20 гектар бошад, ҳавз барои парвариши моҳӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҳудуди корхона барои забҳи чорво тибқи талаботи санитарию гигиенӣ нуқтаи махсус ташкил гардидааст.
Саҳмдорону хоҷагидорони ҷамоатҳои мазкур кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда дар истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ ба ҳадафҳои ниҳоии худ ноил гардида, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми босазо гузоранд.
Далер Шарифов , «Хатлон»