Дар як сатр
» » Вазир: Камбудиҳо бояд зуд ислоҳ шаванд!

Вазир: Камбудиҳо бояд зуд ислоҳ шаванд!

25-11-2015, 11:19


Вазир: Камбудиҳо бояд зуд ислоҳ шаванд!

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи корхонаҳои давлатии зертобеи ин вазорат ва литсейҳои касбии вилояти Хатлонро ташвишовар арзёбӣ намуда, саривақт пардохт нашудани музди меҳнати кормандонро нишонаи бемасъулиятии баъзе роҳбарони идораю муассисаҳои шаҳру навоҳӣ хонд.

С. Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, бо намояндагони Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят, Раёсати Хадамоти муҳоҷират, директорони литсейҳои касбии техникӣ аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, дар шаҳри Қӯрғонтеппа вохӯрӣ барпо намуда, мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти онҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод ва ҳалли онҳоро дар муҳлати кутоҳ талаб намуд.

Ҳамчунин дар ин ҷаласа гуфта шуд, ки тайи 8 соли охир сатҳи шуғлнокӣ ва бекорӣ дар вилояти Хатлон бетағйир боқӣ мондааст. Раванди имрӯзаи рушди иҷтимоии аҳолӣ, ҷиҳати ба ҷойи кори муносиб таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат, аз ҷумла гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, ки ба ҳимояи иҷтимоӣ, махсусан, омӯзиши касбу ихтисосҳои дар бозори меҳнат талаботдошта, пешниҳоди қарзҳои хурди боимтиёз ба бекорон тавассути барномаҳои давлатӣ ҷоннок карда шудааст.
Вазир: Камбудиҳо бояд зуд ислоҳ шаванд!

Тибқи маълумоти Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон, дар нуҳ моҳи соли 2015-ум 12 ҳазору 335 нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойи кор таъмин гардидаанд ва дар ин давра 56 ҳазору 510 ҷойи кори нав таъсис дода шуд.

- Бо илова шудани 56 ҳазору 510 ҷойи нави корӣ дар иқтисоди вилоят мебоист фонди музди меҳнати кормандон 127,1 млн. сомонӣ афзоиш меёфт, ки аз ин танҳо андози иҷтимоӣ 31,7 млн. сомониро ташкил медод, - зикр кард вазир С. Тағойзода. - Мутаассифона, дар аксари ин ҷойҳои кории таъсисшуда шаҳрвандон ғайрирасмӣ фаъолият дошта, ба қайд гирифта нашудаанд. Мушкилоте, ки имрӯз матраҳ мешавад, ин сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнати кормандони соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва шаффофияти таъин ва пардохти он мебошад. Аз ҷумла ин ҳолат дар муассисаҳои соҳаи маориф ва соҳаи тиб зиёд ба назар мерасад. Агар шаҳрванд музди меҳнаташро нагирифт, ӯ аллакай ба корҳои коррупсионӣ, яъне ба ришваситонӣ даст мезанад.

Тибқи ҳисоботи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, қарздории нисбатан калони музди меҳнат дар ноҳияи Ёвон (1 млн. 69, 6 ҳазор сомонӣ), Қубодиён (540, 2 ҳазор), Сарбанд (317, 4 ҳазор), Хуросон (195 ҳазор сомонӣ), Кӯлоб (180, 9 ҳазор), Қӯрғонтеппа (175, 3 ҳазор), Вахш (170, 5 ҳазор), Панҷ (168, 9 ҳазор), Фархор (146, 8 ҳазор), Ҳамадонӣ (49,2 ҳазор сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст. Қарзҳои мавҷудаи музди меҳнат бошад, хусусан дар соҳаи буҷетӣ, асосан ба соли 2015 рост меояд, ки он 607, 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Масъулони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияҳои Ёвон ( бинобар қарздории корхонаи «Химпром» аз музди меҳнат), шаҳри Қӯрғонтеппа (корхонаи «Қӯрғонтеппагаз») ва ноҳияи Вахш («Хоҷагии обёрӣ» ва иттифоқи автомобилӣ), ки дар ҳудуди ин шаҳру навоҳӣ чанд корхона солиёни зиёд бекору қарздор ҳастанд, аз тарафи С. Тағойзода барои бемасъулиятиашон сарзаниш шуданд.
Вазир: Камбудиҳо бояд зуд ислоҳ шаванд!
Ҳамчунин гуфта шуд, ки қарзи ин корхонаҳо аз солҳои пешин буда, қисми зиёди шаҳрвандони дар ин корхона фаъолияткарда ё дар қайди ҳаёт нестанд ё аз ҷумҳурӣ баромада рафтаанд.

Ба гуфтаи вазир, кор дар самти иҷрои нақшаҳои муҳоҷирати дохилию экологӣ дар вилояти Хатлон беҳбудиро тақозо менамояд. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 декабри соли 2012, №677 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2013-2015» дар давоми соли 2015 ба ноҳияи Хуросон аз ноҳияҳои Айнӣ 50 оила, Кӯҳистони Масчоҳ 10 оила ва дар ҳудуди ноҳия бошад, 60 оила, дар маҷмӯъ 120 оила кӯчонида шуд. Аз ноҳияи Бохтар 72 оила ба ноҳияи Ҷиликӯл кӯчонида шудааст. Ба ҳар яке аз ин оилаҳо ба андозаи се ҳазор сомонӣ қарзи боимтиёз ироа шудааст.

Ба гуфтаи С. Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияҳои Данғара ва Қумсангир, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва вазорату идораҳои дахлдор сари вақт иҷро нагардидани вазифаҳои базиммадошта, аз қабили таъмин намудани муҳоҷирон бо оби нӯшокӣ ва полезӣ, сохтмони бунгоҳи тиббӣ, мактаб, роҳҳои дохилихоҷагӣ, сохтмони хати интиқоли барқ ва дигар инфрасохтори зарурӣ ба мушоҳида мерасад. Саривақт бартараф нагардидани ин мушкилот ба он сабаб шудааст, ки муҳоҷирон мавзеи нави зисташонро тарк намуда, ба ҷойҳои зисти пештараашон баргарданд ва ин боиси халалдор гардидани иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

Ҳамзамон самаранок истифода набурдани заминҳои таҷрибавӣ, техникаҳои дар ихтиёрдошта ва муаррифӣ карда тавонистани ихтисосҳои муссиса, таъмиру тармими биноҳо ва хобгоҳҳои муассисаҳои таҳсилоти касбӣ аз бемасъулиятии роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дарак медиҳад. Дар ин баробар С. Тағойзода аз фаъолияти литсейҳои касбии техникии шаҳрҳои Сарбанд, Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ин ҷамъомад интиқод карда, аз ҷумла гуфт: «Литсейи касбии давлатии ноҳияи А. Ҷомӣ дар давраи Шӯравӣ яке аз беҳтарин литсейҳо ба ҳисоб мерафт. Имрӯз бо хати барқи озод пайваст нест».

- Сад офарини наврасоне, ки дар ин муассиса омада дарс мехонанд, - хитоб кард вазир.
Вазир: Камбудиҳо бояд зуд ислоҳ шаванд!
- Инсоф кунед! Як маротиба рафта, дар кате, ки кӯдак хоб мекунад, хоб кунед, баъд мефаҳмед азоби ӯро. Чаро ихтисосҳои таълимӣ ба талаботи бозор мутобиқ карда нашудааст. Танҳо ҳамин ду-се ихтисос фаъолият мекунад. Магар ба мутахассисони кафшегари барқӣ, дӯзандагии ҳунарҳои миллӣ ва дигар ихтисосҳо дар ноҳия талабот нест?!

Дар ин ҷамъомад таъкид шуд, ки ниҳодҳои тобеи вазорат дар вилояти Хатлон ҷиҳати тақвият бахшидани низоми муносибатҳои меҳнатӣ ва рушди шарикии иҷтимоӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Комрони БАХТИЁР


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Картошкапарварӣ бояд рушди устувор дошта бошад

Картошкапарварӣ бояд рушди устувор дошта бошад

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Таъсиси 2012 ҷойи кор дар як моҳ

Таъсиси 2012 ҷойи кор дар як моҳ

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Вахш. Музди миёна 132 сомонӣ афзудааст

Вахш. Музди миёна 132 сомонӣ афзудааст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Муъминобод. 69,3%-и буҷет барои маош

Муъминобод. 69,3%-и буҷет барои маош

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ба 18,7 ҳазор нафар мақоми бекорӣ дода шуд

Ба 18,7 ҳазор нафар мақоми бекорӣ дода шуд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо