Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Дӯст дорам…


Дӯст дорам…


Офоқ Қодириён

 

Дӯст дорам…

То  даме, ки файзборам, то даме, ки бешикастам,

Бо садоқат бо саодат   ман Ватанро дӯст дорам.

То даме,  ки офтоб аст, то даме субҳи сафед аст,

Дар ҳавои ин назокат зистанро дӯст дорам.

То даме, ки ишқ зебост, то даме дорам умеде,

Дар баҳои умри ширин   хештанро дӯст дорам.

 

Кист модар?

Он ки файзу офият   бахшид,

Бо  фузуданҳову бо дарку   шикастанҳо

Рӯҳу роҳи зиндагӣ рахшид.

Кист модар?

Пайкаре, ки дардро   нашнохт,

Ҷисмҳои нав ба дунё дод,

Сӯхт, аммо зиндагиро сохт.

Кист модар?

Он, ки рӯзу шаб нафас бишмурд,

То саҳар шабзиндадорӣ кард

Қимати худ то фалакҳо бурд.

Кист модар?

Синаи раҳмаш бақои умр,

Як фаришта, як азизи дил,

Кадхудои хонадони мо,  ҷонфидои умр.

Модари мо буд,

Оре, оре, модари мо буд.

Модари ғампарвари мо буд.

Он, ки моро тарбият бахшид,

Аввалин устоди умри мо,

Аввалин фариштаи зебо.

Дар каломаш лутфу раҳмат буд.

Поку ширин бо муҳаббат буд.

Дар сурудаш дарки шафқат буд.

Аллаҳояш мисли номаш то абад зебост,

Бебаҳои мост.

Бо ҳавас бар рӯи мо хандид,

Роҳрафтанро ба мо омӯхт.

То ба каҷроҳӣ наандешем,

Пойандози шарофат дӯхт.

Қиссаи мардонагиро хонд,

Дар ҳавои ишқи меҳан,

Ҳам навои хушмуродиро,

Бо нигоҳи меҳр созиш дод,

То ҳақиқатро пазируфтем.

Модари раҳдури зебоям,

Чашм бар роҳ ҳасту танҳо аст.

Мо паи дунёву дилбозӣ

Модари мо ғарқи ғамҳо аст.

Бо дуои хайри ӯ шодем,

Сарбаланду хонаободем.

Кист пас модар?

Ӯ магар бахшандаи мо нест?

Саҷда дорад ҳар замон бар кирдгори хеш,

То амон бошем,

То набинад дарди фарзанди азизашро,

Мо чи кардемаш?

Мо магар андар вафояш бовафо будем?

Ё магар бо ҷони зораш ҳамнаво будем?

Ё ба дардаш марҳаме аз лутф бахшидем?

Рӯи пурожанги ӯро нек бӯсидем?

Вақти аз дунё гузаштан бачаам мегуфт,

Сӯзиши ӯро ҷавобе буд?

Дар сари гураш дуо гуфтем?

Рӯи хонаш шамъ афрӯхтем?

Шояд, оре, шоядам не,

Ҳарчӣ кардемаш ба қадри ҳимматаш кам буд,

Як муҷалло, поктинат, як муаззам буд.

Кист модар?

Он, ки файзу офият бахшид,

Пайкаре, ки дардро нашнохт.

Рӯи роҳи зиндагӣ рахшид.

Қиммати худ то фалакҳо бурд,

Модари мо буд, модари мо буд!

 

Содиқ модарам.

Тифли ман ҳар субҳ мепурсад зи ман,

Модари ҷонам, куҷо дорӣ шитоб?

Лаҳзае биншин, ки дар оғӯши ту,

Баҳри ман ширин бигардад нозу хоб.

Нахли умрам, ҷони ширинам, бубахш,

Зиндагонӣ ҳаст баҳри пурхурӯш.

Меҳру ишқу ҳастиям моли ту аст,

Бо муҳаббат бӯса мерезам ба рӯш.

Меравам дар роҳи Савганду вафо,

Хизматамро аз дилу ҷон мекунам.

Дар талоши ҳақ муроде оварам,

Мардумонро мушкил осон мекунам.

То туву тифлони зебо мисли ту,

Бол бикшоянд дар боғу чаман.

Дар фазои амн хушҳолӣ кунанд,

Арҷ бигзоранд бар хоки Ватан.

Бо нишони нангу номуси баланд,

Меравам ҷонам, ки шодӣ оварам,

Дар пайи Савганд, содиқ модарам,

Ман вафодорам ба халқи кишварам.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода