МОМОИ 102 СОЛА
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 05 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳаёти иҷтимоӣ, Боздид 1 041
Дар арафаи Рӯзи модар шодбош гуфтани занону модарон, хурсанд кардани дили онҳо кори хайрест аз тарафи фарзандон, ёру дӯстон. Зеро онҳо чашмаи ҳаёт, тарбиятгару пушту паноҳи насли одамианд. Чӣ азобу ранҷе намекашад модар, худ гурусна мемонаду фарзандашро медиҳад, намепӯшаду ӯро мепӯшонад. Хуллас, модар давомдиҳандаи ҳаёт-зиндагӣ аст.
…Аз идораи рӯзнома супориш доданд, ки дар арафаи ҷашни Рӯзи модар дар бораи зани калонсолу умри бобаракат гузаронида мавод омода созам. Ба хулосае омадам, ки модари 102 сола Момагул Нурова, аз деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ ба ин мақсад арзанда аст. Ҳамроҳи котиби Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов Абдулҳамид Назаров ба дидорбинии ин зани хуҷастарӯзгор рафтем.
- О, ин тӯйӣ, Абдулҳамидҷон, садқат шавам бачам, боз хабаргириам омадӣ, - гуфт момои Момагул ва илова намуд, - Худо умри дарозатон диҳад, аз бачаҳотон сер шавед, дасти кама набинед.
- Ҳа, оча, моем. Ба табрикатон омадем.
- Раҳмат бачам, ки тез-тез хабаргириам меоӣ, шукр мекунам, ки ҳамин хел Президенти ғамхору ятимпарвар дорем, ғами мо-пиронсолонро мехӯрад, Худо умрашро дарозу давлаташа пойдор гардонад.
Давоми суҳбат фаҳмидам, ки Момагул Нурова ҳамсари устоди мо-Шариф Холов будааст. Муаллим чӣ шахсияти волое буданд. Умуман, муаллимони он солҳо ҳама чунин хислат доштанд, ғамхору меҳрубон, масъулиятшинос, ба кори тарбия ниҳоят дилсӯз буданд. Шариф Холов омӯзгори фанни алгебра ва геометрия буданд.
Бибии Момагул давоми зиндагӣ бо ҳамсараш соҳиби 5 фарзанд гардидаанд. Чор писару як духтар. Писаронаш Маҳмадмурод, Бегмурод, Ҷӯрахону Амирхон ҳама соҳибкасбанд. Духтараш Бахтинисо бошад, ҳамроҳаш дар хонаи падарӣ зиндагӣ мекунад. Нигоҳубини модари пирашро ба ҷо меорад. Модар аз ӯ хеле розӣ аст. Пайваста дуои некаш медиҳад. Писаронаш низ ба аёдаташ меоянд.
- Писаронам ҳамеша ба аёдатам меоянд. Сад шукр, ҳама чиз мерасад. Президентамон, Эмомалӣ Раҳмон бошад, ба мо чун фарзанд хизмат карда истодааст. Худо, умраша дарозу танша сиҳат нигаҳ дорад.
Ҳини видоъ Абдулҳамид ваъда дод, ки Рӯзи иди модарон боз ба табрикаш меояд, дасти холӣ не, бо туҳфаи идона.
Бибии Момагул ба мо дуои сафар дода, орзуи нек намуд ва илова кард: «Худоё, мамлакати моро ҳамин хел тинҷу осуда нигаҳ дорад, файзу баракатро боз ҳам бештар гардонад ва роҳбари мо-президентамон Эмомалӣ Рҳмонро дар паноҳи худ, нигаҳбон бошад».
Наҷот САФАРЗОДА,
ноҳияи Восеъ
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30