Чеҳраҳои саршиноси ҷаҳон дар ситоиши Эмомалӣ Раҳмон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 516
Тоҷикистон дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ барои бисёр мамлакатҳои дигар намунаи беназир армуғон овард. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар таърихи эҷоди сулҳ мебошад. Президенти Тоҷикистон намунаи ибрати аз зӯроварӣ даст кашидан дар ҳалли зиддиятҳои дохилимиллиро нишон дод.
Кофӣ АНАН, собиқ дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид
Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷастаест, ки дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешавад. Ҳар он чӣ оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар.
Владимир ПУТИН, Президенти Федератсияи Россия
Истиқлолият ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – ин сиёсатмадори дараҷаи ҷаҳониро дод. Имрӯз ӯ машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳақиқии Афғонистон аст.
Аҳмадшоҳи МАСЪУД, Қаҳрамони миллии Афғонистон
Дар Қазоқистон бо қаноатмандӣ зикр мекунанд, ки раванди сулҳ дар Тоҷикистон мавқеи устувор ва бебозгаштро қабул кард. Дар ин амр, бешубҳа, хизматҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон хеле калон аст.
Ғалабаи боэътимоди ӯ дар интихобот нишон дод, ки обрӯи Сардори давлат дар ҷомеаи Тоҷикистон то чӣ андоза баланд аст ва то чӣ андоза халқ ояндаи худро ба ӯ пайваст мешуморад.
Нурсултон НАЗАРБОЕВ, Президенти Қазоқистон
Тоҷикони сарбаланду меҳнатдӯст, боистеъдоду меҳмоннавоз воқеан ҳам бо ҳамватани худ – Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунанд. Он сиёсати оқилона, ки ин мард пеш мебарад, бори дигар такрор мекунам, ки мамлакаташро ҳифз намуд, ба ин замин сулҳу осоиш овард. Ва инро натанҳо шумо қадр мекунед. Мо ҳама аъзои ИДМ ин хидмати наҷибро қадр мекунем.
Александр ЛУКАШЕНКО, Президенти Ҷумҳурии Беларус
Таҷрибаи Тоҷикистон дар бобати истиқрори сулҳ ҳамто надорад ва имрӯз бояд дар Афғонистон дар ҷараёни барқарор сохтани ҳаёти осоишта ва созиши тарафҳои гуногуни даргири ин мамлакат истифода шавад.
Ян КУБИШ, муншии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
Мо Шуморо, ҷаноби Президент, беш аз дигарон дӯст медорем ва ҳурмату эҳтиром мекунем, чунки Шумо ба шарофати сиёсати хирадмандона ва иқдомоти ҷасурона дар сарзамини худ сулҳу суботро барқарор намудед, миллати хешро аз вартаи ҳалокат раҳоӣ бахшидед.
Малик Абдуллоҳ ибни Абдулазиз оли САУД, шоҳи Арабистони Саудӣ
Ман Эмомалӣ Раҳмонро ситоиш карданӣ нестам, аммо холисона бояд эътироф намуд, ки ҷараёни оштии миллӣ ва тағйиротҳое, ки дар сарзамини Тоҷикистон имрӯз рух медиҳанд, аз овони ба майдони сиёсат омадани ӯ оғоз ёфтааст. Ҳеҷ кас инкор карда наметавонад, ки ӯ роҳи дурустро ёфт, одамони афкорашон мухталифро ба ҳам муросо дод. Ҳамчунин сабру таҳаммул ва иродаи ӯ яке аз омилҳои муҳимест оид ба таъмини сулҳу осоиш дар рӯзгори халқи ҷафокашидаи Тоҷикистон.
Ислом КАРИМОВ, Президенти ӯзбекистон
Шумо миллати хушбахт ҳастед ва даври Раиси ҷумҳуратон ҳалқа бизанед, қадри ӯро дониста бошед, зеро ӯст, ки он осоиш ва оромии шуморо фароҳам мекунад.
Ҳақоиқ Ишқии САНЪАТӣ, Оттава, Канада
Мукофоти ҳар кас бояд мувофиқи хизматаш бошад. Ҷаҳониён огоҳанд, ки сулҳ дар Тоҷикистон натиҷаи заҳмати Эмомалӣ Раҳмон аст.
Михаил ГОРБАЧЁВ, аввалин ва охирин президенти СССР
Зиҳӣ, эй роҳбари некуқадам, Эмоми Раҳмонӣ,
Бигаштӣ пешвои мо ту бо фармони Яздонӣ.
Зи бас аз коми оташ дарраҳонидӣ миллатро,
Ба ҳайси қаҳрамони халқ дар таърих мемонӣ.
Орифи ЗУЛМАЙ, шоири афғон
Симои ин мард офтобист, ки ҳар бинанда лиқои марди хирадро тозагиҳо, нуру фараҳ ба вуҷуд меорад. Имрӯз оламиён ба ҳарфу маънии андешарониаш гӯш медиҳанд ва ҳикматашро ояте аз муқаддимаи корбариҳо медонанд, ки акнун тарзу усули давлатдории пешвоёни ин қавм дар симои Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон хеле рӯшан таҷассум ёфтааст. Тоҷикон бояд аз ин ифтихор кунанд.
Шуҷоиддини ШИФО, сардори маркази фарҳанги эрониён дар Фаронса
Мо ба мавқеъ ва таҷрибаи Тоҷикистон дар мубориза алайҳи терроризми байналхалқӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар баҳои баланд медиҳем. Бо ҷидду ҷаҳди монданашавандаи Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сулҳ ва ризоияти миллӣ барқарор гардид.
Аҳмад Наҷот СЕЗЕР, собиқ президенти Туркия
Эмомалӣ Раҳмон бо амалу кордонии худ исбот месозад, ки пойбанди ягон догмаи идеологӣ нест ва ҳамеша ба асли худ содиқ аст, ғояи ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро дар кишвари хеш то сатҳи сиёсати давлатӣ боло баровард. Вале дар айни замон худшиносии миллиро бо худҷудоӣ ва такаббури миллӣ муқобил гузошта, ба таври хастагинопазир ба муколамаю якдигарфаҳмӣ ва ҳамдигарёбии тамаддунҳо даъват менамояд. Ва имрӯз комилан равшан аст, ки ин шарти ҳатмии зинда мондан ва рушди инсоният дар асри XXI мебошад.
Шоҳзода ОҒОХОНИ IV
Дар Тоҷикистон тӯли як муддати кӯтоҳ ихтилофоти амиқи дохилиро тавонистанд танзим намоянд. Мо лоиҳаҳои баъдиҷангии Президенти Тоҷикистонро дар масъалаи бунёди сулҳ дастгирӣ мекунем.
Ҷеймс ВУЛФЕРСОН, собиқ раиси Бонки ҷаҳонӣ
Сиёсати Президент дар доираи бунёдкорӣ, таъмини ваҳдати миллӣ, худшиносӣ, ватандорӣ ва хотираи таърихӣ амалӣ мешавад.
Турдихон БЕРДИЕВА, академики Академияи педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия
Эмомалӣ Раҳмон гурги даҳшатангез ва кафтори ҷанги шаҳрвандиро дар қафас ҷо кард. ӯ оташро дар найистон фурӯ нишонд, ки миллати куҳансол ва давлати навбунёдро саросар метавонист бисӯзонад. Ин корномаи бузурги як сиёсатмадор аст.
Темур ЗУЛФИҚОРОВ, адиби ҷаҳоншумули тоҷиктабори русзабон
Фақат ҷанг набошад, шуд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи «сулҳ дар ҷанги бародаркушӣ»-ро ёбад. Ман Тоҷикистони озодаву осоиштаро дӯст медорам, ки шабеҳи Доғистони ман аст. Тоҷикистонро ҳангоме ки дар телевизор мебинам, онро аз Доғистон фарқ намекунам. Вақте дар бораи Доғистон мегӯянд, гумон мекунам, ки Тоҷикистон бошад.
Расул ҒАМЗАТОВ, адиби маъруфи доғистонӣ
Китобати Ҳангомаи ИСМАТ
26 июни соли 2014. №25 (2966)