Куайе Годсон: «Тоҷикистонро писандидам»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 август, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо / Мусоҳибаи мо, Боздид 1 531
Дар ҳайати Клуби футболи “Хатлон” футболбозон аз дигар давлатҳо ҳам ҳунарнамоӣ мекунанд.
Яке аз онҳо Куайе Годсони африқоӣ мебошад, ки дар байни ҳаводорони футболи тоҷик бо тахаллуси «Шариф» машҳур аст.
Годсон кист?
22 марти соли 1995 дар кишвари Гана ба дунё омадааст. Соли 2016 ба Тоҷикистон меояд. Ҳоло дар Клуби футболи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар ба ҳайси дарвозабон фаъолият дорад. Ҷоизаи “Беҳтарин дарвозабон”-и Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистонро дар соли 2021 ба даст овардааст.
Чаро Годсон ба Тоҷикистон омад?
Соли 2016 агенти варзишии Годсон ба ӯ пешниҳод мекунад, ки фаъолияти худро дар Тоҷикистон, кишваре аз Осиёи Марказӣ идома диҳад. Бо вуҷуди он, ки варзишгар қаблан дар бораи Тоҷикистон тамоман маълумот надошт, ин пешниҳодро бо хушӣ мепазирад ва роҳии Тоҷикистон мешавад.
–Шояд барои дигарон ҷолиб бошад, ки чаро ман аз қораи Африқо ба Тоҷикистон омадам, вале варзиш ҳамин аст. Бубинед, Месси, футболбози машҳури аргентинӣ дар Испания бозӣ мекард, Роналдо, ки худ аз Португалия аст, дар Италия баромад мекунад ва ҳамин гуна ман Куайе Годсон аз Гана дар Тоҷикистон ҳунарнамоӣ дорам.
Даъват ба “Ҳосилот” ва омад накардани бахти Годсон
Аслан, Куайе Годсон ба Тоҷикистон барои ҳунарнамоӣ кардан дар дастаи “Ҳосилот”-и Фархор омада буд. Вале ӯ натавонист ҳунару маҳорати худро ин ҷо нишон диҳад. Чунки замони ба Тоҷикистон омадани Годсон ин даста мавқеи худро дар лигаи олӣ нигоҳ дошта наметавонад ва ба лигаи якум меафтад, ки тибқи қоидаҳои ФФТ дар ҳайати дастаҳои дар ин сатҳ қарордошта ба иштироки бозингари хориҷӣ иҷоза нест. Бо вуҷуди он ки Годсон муддати кам дар ноҳияи Фархор монд ва фурсати бозӣ кардан дар “Ҳосилот”-ро ҳам надошт, аммо хотираҳои хубе аз ин ҷо бо худ дорад. Аз ҷумла, бори аввал хӯроки миллии тоҷикон - қурутобро маҳз дар ҳамин ноҳия хӯрдааст, ки акнун хӯроки дӯстдоштааш аст.
Тақдири минбаъдаи ӯ
Баъдан, ӯро ба дастаи футболбозони “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ даъват карданд. Ҳангоми ҳунарнамоӣ дар ин даста, овозаи маҳорату ҳунари варзишии ин варзишгари африқоиасл дар доираҳои берунтар аз ҳудуди ноҳияи мазкур паҳн мешавад. Ба Годсон аз дастаи “Хатлон” пешниҳоди кор мекунанд. Дар ин муддате, ки ӯ дар ҳайати дастаи “Панҷшер” фаъолият менамояд, дӯстони зиёде пайдо мекунад. Сар карда аз қассобони бозор то ба масъулини мақомоти ноҳия ҳамагӣ бо Годсон ошноӣ доранд ва ҳоло, ки дар ҳайати дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар бозӣ мекунад, мудом ба дидорбинии дӯстонаш ба ноҳияи Ҷ. Балхӣ меравад.
Марҳилаи нави фаъолияти ӯ
Годсон мегӯяд, фаъолият дар дастаи “Хатлон” оғози марҳилаи нав гардид.
- Аҳли кормандони “Хатлон” маро бо хушӣ пазируфтанд. Ба зудӣ бо ҳамдастагонам ошноӣ пайдо намудам. Ҳоло аз Бохтар ҳам дӯстони зиёде дорам, ки вақтҳои холиамро бо онҳо якҷоя мегузаронам, -мегӯяд ӯ.
Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи “Хатлон” дар мавриди ҳунару истеъдоди Годсон чунин ибрози назар намуд: “Годсон дар бозиҳои мо бо тайёрии хуб ба майдон мебарояд. Дар баробари маҳорати варзишии хуб доштанаш, ӯ дар бозиҳо бо сухан ҳамдастагонашро роҳнамоӣ мекунад. Одобу ахлоқи намунавӣ дорад ва муносибаташ бо дигарон хуб аст.
Ба ҳамдастагонаш оши ганагӣ мепазад
Годсон дар баробари варзишгари бомаҳорат буданаш, ошпази хуб ҳам ҳаст. Суҳбати мо бо ӯ хангоме сурат гирифт, ки барои ҳамдастагонаш оши ганагӣ омода мекард. Ба мо ҳам хӯрдани дастпухти ӯ муяссар гардид, ки воқеан ҳам болаззат буд.
“Хуҷанд” ва Ҷаҳонгир рақиби арзандаанд”
Барои Годсон аз дастаҳои футболи Тоҷикистон рақобат бо “Хуҷанд” мушкил аст. Ӯ ин даста ва собиқ бозингараш Ҷаҳонгир Эргашевро барои худаш рақибони арзанда медонад.
-Ҷаҳонгир Эргашев, ки ҳоло дар дастаи “Эсхата” баромад мекунад, ҳамлагари беҳамтост ва барои дарвозабонон ҳамеша ҳолатҳои хавфнок эҷод мекунад, - мегӯяд Годсон.
Андешаи ӯ дар бораи футболи тоҷик
Ба андешаи Годсон футболи тоҷик дар ҳоли рӯ ба рушд қарор дорад. Ӯ хосса, аз баромади хуби дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар ҳарф мезанад. Годсон мегӯяд, ки барои рушди бештари футбол бояд академияҳо ташкил ёбанд ва футболбозон аз овони кӯдакӣ дар онҳо тарбият ёбанд дар ҷаҳони футбол бозингарони ҳирфаӣ шаванд.
–Бубинед, агар таҳкурсии бино мустаҳкам набошад, он ба зудӣ нобуд мешавад. Футболбоз ҳам бояд аз хурдсолӣ обу тоб ёбад, то тавонад дар ин майдон рақобати арзанда нишон диҳад, - мегӯяд ин футболбоз.
Таманниёти ӯ:
“Имсол, раводиди кории ман дар Тоҷикистон ба анҷом мерасад. Ҳоло ба як хулосаи аниқ наомадам, ки раводидамро тамдид кунам ё ба Гана баргардам. Ҳаминро медонам, ки ҳамеша бо ёди ин сарзамину миллат мемонам. Барои футболи тоҷик ва дастаи “Хатлон” пешравиҳои беназир таманно мекунам.”
Далер Ибодуллозода, “Хатлон”