Чӣ ҳол дорӣ, варзишгар?(навор)
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Матолиби чандрасонаи / Навори видеоӣ / Хабарҳо, Боздид 3 987
Бохти якбораи 10 варзишгари тоҷик дар Олимпиадаи “Токио-2020” дӯстдорони варзишро ноумед кард ва боиси “бозори воситаҳо” унвон кардани роҳёбӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ гардид. Садою шарҳҳои гуногун ва шикояти пайвастаи дӯстдорони варзиш дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ моро водор сохт, ки масъалаи нокомии варзишгарони тоҷикро дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва мушкилоти соҳаро пайгирӣ кунем.
Дар кишварамон мо қариб дар ҳамаи намуди ин соҳа, аз ҷумла гӯштин, самбо, бокс, вазнбардорӣ, футбол, ҷудо, шиноварӣ, варзиши сабук ва даҳҳои дигар варзишгар дорем. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи онҳоро кам мебинем? Ва боз, чаро варзишгаронро зиёдтар ба дигар давлатҳо барои тамрину ширкат варзидан дар рақобатҳо намефиристем?
“МО ЧӢ КОР КАРДЕМ, КИ МЕДАЛ ИНТИЗОР ШАВЕМ?”-Мо нисбати ягон варзишгар ба чизе гуфтан ҳуқуқ надорем. Бояд аз Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ гиламанд шавем. Варзишгаронро ба мусобиқаҳо омода накарданд. Мо беҳтарин варзишгаронро дорем. Барои як варзишгар чандин ҳазор доллар сарф мекунанд, то ин ки ғолибияту медал ба даст орад. Аммо мо чӣ кардем, ки медал интизор шавем?,-мегӯяд Фаррух Набиев, мухлиси варзиш.
То ҷойе ҳамсуҳбатони мо дуруст қайд мекунанд, ки сабаби нокомӣ ва тарки соҳа кардани варзишгарон маҳз аз вазъи молиявӣ ва норасоии мураббиёни ботаҷриба мебошад. Вақте мо беҳтарин ва таҷрибадортарин мураббиёнро ҷалб кунем, варзишгар аз ҷиҳати молиявӣ пурра дастгирӣ ёбаду дар хориҷа рафта тамрин ва таҷриба гирад, он вақт метавонем аз варзишгарон умеди медал овардан аз олимпиадаву мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ кунем.
Ҳоло мо дар бораи як варзишгар ҳарф мезанем, ки воқеан ҳам пешаашро дӯст медорад. Ҳабиб Давлатов боксиёр ва самбочӣ аст. Ӯ баъди чанд соли тамринҳо аз сабаби дастгирӣ наёфтан ба давлати Украина сафар кардааст. Тибқи гуфтаҳои ӯ ҳар мусобиқаҳое, ки дар Тоҷикистон мешуд, аз ҳисоби худ маблағ сарф мекард. Ин ҳолат на як бору ду бор, балки борҳо ба амал омадааст ва ӯро водор сохт тарки зодгоҳ кунад. Дар аввалҳо намехост, ки аз Тоҷикистон биравад, вале имконият ва шароити ҳампешагонаш ӯро ба ин ҳол овардааст.
КӢ ГУНАҲКОР?-Варзишгарон айб надоранд. Онҳо аз кисабағали худ маблағ сарф мекунанд. Вақте ки дастгирӣ хуб нест, ҳамин қадар тамрин ва натиҷаро интизор натавон шуд. Гӯед, ки як-ду соли охир варзишгарони мо ба кадом давлат барои ҷамъомади тамринӣ-таълимӣ рафта буданд? Ягонҷо нарафтаанд! Варзишгарони мо соли 2020 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо маблағи худ сафар карда, дар мусобиқот мақоми 2-3-юмро гирифтанд. Онҳоро касе аз ҷиҳати молиявӣ таъмин накард. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш кумак намекунад,-бо таассуф ба рӯзномаи “Хатлон” иброз дошт, боксёр ва гӯштингир Ҳабиб Давлатов, аз ноҳияи Кӯшониён, ки ҳоло дар давлати Украина тамрин мекунад.
Ҷавоби мақомот дар бораи харҷномаи варзишгарон, албатта, маълум аст: ҳар сол маблағ ҷудо мешавад. Аммо тавре Ҳабиб Давлатов гуфт: “Аз буҷаи давлат барои онҳо маблағ ҷудо мекунанд, вале баъзе аз мансабпарастони мо маблағҳои ҷудошударо мақсаднок истифода намекунанд”.
[media=
]
Умаралӣ САФАРАЛӢ АЗ НОРАСОИИ МАБЛАҒ ГУФТТибқи маълумоти дастрасгардидаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, соли 2021 барои рушди варзиш дар минтақаи Бохтар 1 миллиону 388 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. 583 ҳазору 915 сомонии он дар нимсолаи аввали соли 2021 ҷудо гардидааст. Ба ғайр аз ин ба дзюдочӣ Акмал Муродов, аз ҳисоби фонди захиравии раиси вилояти Хатлон ба миқдори 60 ҳазор сомонӣ барои машқҳои тайёрии варзишӣ ҷудо шудааст.
Зимнан, Акмал дар Олимпиадаи “Токио-2020” дар вазни 81 килограмм вориди майдон шуд. Аммо ӯ дар даври дуюми сабқат аз Тато Григалавилии гурҷӣ шикаст хӯрд.
-Барои 28 нафар варзишгар фақат дар доираи “Барномаи дастгирии варзишгарон-Токио-2020” давоми чор сол ҳудуди 300000 доллар хароҷот шудааст. Дар давлатҳои мутараққӣ барои як варзишгар 1-4 миллион доллар хароҷот мекунанд. Барои мо ҳадди ақал барои як варзишгар 100-300 ҳазор доллар бошад, ки аз онҳо натиҷа талаб кунем,-гуфт Умаралӣ Сафаралӣ, сухангӯйи Кумитаи миллии Олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
“МУРАББИЁНИ БОТАҶРИБА БЕШТАР ҶАЛБ КАРДА ШАВАНД”Тавре худи Акмал Муродов мегӯяд: “Варзиш ҳамин аст. Бояд яке мағлуб ва дигарӣ пирӯз гардад. Инчунин, дар Олимпиадаи “Токио-2020” худ ғолибият аст. Ман аз Олимпиадаи Токио бисёр чизҳоро омӯхтам. Баъди ин мусобиқа тасмим гирифтам, бештар тамрин кунам. Яке аз мушкилоти асосии мо дар он буд, ки бояд ба машқҳои тамринӣ-таълимӣ бештар ҷалб мегаштем, на кам аз 7-8 маротиба. Аммо аз сабаби хуруҷи бемории коронавирус ва дар рӯйхати сурх ҷо гирифтани Тоҷикистон мо имкони рафтан ба дигар давлатҳоро кам доштем. Аз ин лиҳоз, як ё ду маротиба ба ҷамъомадҳо рафтам”.
Коршиносон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ сабаби нокомии варзишгаронро ба таври гуногун шарҳ медиҳанд. Хусусан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Аксарият бар он ақидаанд ва пешниҳод мекунанд, ки “Кумитаи олимпӣ ба ҳамаи ин бояд ҷавоб гӯяд”, “Масъулин бояд истеъфо диҳанд”, “То даме, ки тағабозӣ” аст, дар ягон соҳа пешравиро мунтазир шудан нашояд”, “Варзишгар будан дар давлатҳои хориҷа касб аст, дар мо бошад, танҳо машғулият аст”... Ин ва садҳо шарҳу “пост”-ҳо дар саҳифаҳои одамон нашр шудааст.
ВАРЗИШГАРОНИ ВИЛОЯТ ЧӢ МУШКИЛ ДОРАНД?Тибқи иттилои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, варзишгарони вилоят имсол дар 5 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзида, 2 медали тилло, 1 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ин натиҷаро масъулин хуб арзёбӣ карданд.
-Мушкилоти асосии мо дар он аст, ки дар ҳар як шаҳру ноҳия маҷмааҳои варзишӣ надорем. Барои гузаронидани мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ дар сатҳи вилоят шароити мусоид мавҷуд нест. Аз ин лиҳоз, дар омодакунии варзишгарон хеле танқисӣ мекашем. Ҳадди ақал дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар як адад маҷмааи варзишӣ бошад, то мусобиқаҳои калон доир кунем,-мегӯяд Ҳусейн Саидов, мудири шуъбаи варзиши дастгоҳи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон.
Ӯ инчунин афзуд, ки барои дастгирии варзишгарон бояд мусобиқаҳо зиёд ташкилу баргузор карда шавад. Монеагиҳое, ки ба варзишгарон дар рафти тамрину мусобиқа рух медиҳанд, онҳоро рӯҳафтода мекунанд. Барои ин, онҳоро дастгирии пайваста мебояд. Аммо ӯ дақиқан нагуфт, ки чаро бо вуҷуди он ки маблағ ҷудо шудаасту варзишгарон аз Олимпиада бо дасти холӣ баргаштанд.
Бо такя ба андешаи ҳамсуҳбатон мо садҳо ҷавонони паҳлавону матинирода дорем, ки бе дастгирии моливу моддии масъулин дастболо будани онҳоро метавон мушоҳида кард. Онҳо пайваста дар кӯшиши ғолиб шудан ва байрақи ватани хешро дар минбарҳои бонуфузу майдонҳои миллионнафаи дунё боло бардоштан аст. Ҳисси миллӣ ва дӯстдории ватанро метавон аз чашмони ашколуде, ки баъди пирӯзӣ ба даст меоранд, дид. Аммо мо дар ҷавоби ҳамаи ин бояд чӣ кор кунем?
«ОБРО ЛОЙ КАРДА, МОҲӢ ГИР!»Аз ҳисоботи кумитаву раёсатҳои ҷавонон ва варзиш як чиро дарк карда, мақоле ёдам омад: “Обро лой карда, моҳӣ гир!”. Инро ба он хотир гуфтем, ки аксарияти баргузории мусобиқаҳои раёсату бахшҳои ҷавонон ва варзиш аз футбол, волейбол, гӯштини миллӣ, шашка ва шоҳмот иборат мебошад. Вале мусобиқаи хушку холӣ ба кӣ лозим? Агар ҳамаи раёсату бахшҳо як мусобиқаи “ҳалол” ташкил кунанду ба ғолибон ҷоизаҳои баланд ва мукофоти пулӣ диҳанд ва дар ин баробар онҳоро бо машваратҳои мақомоти болоӣ ба дигар кишварҳо фиристанд, варзишгарон бештар кӯшиш мекунанд, то сазовори боварии масъулин шаванд. Аммо, боз мақоле ёдам омад: «Хоҷа боғ дорӣ? Ҳа, дорам!».
Барои мо як чиз норӯшан монд. Дар Олимпиадаи Пекин-2008, Лондон-2012, Рио-де-Жанейро-2016 варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, соҳиби медал шуданд. Дар ҳоле, ки он замон буҷаи давлат ғанӣ набуд. Аммо ҳоло, ки пас аз гузашти 30 соли истиқлолият мавқеъ ва вазъи иқтисодии кишвар беҳтару хубтар шудааст, чаро ягон варзишгар аз мусобиқаҳои олимпӣ медал ба даст наоварданд ва чаро дар ҳама ҷо аз камбудии соҳаю масъулин ҳарф мезананд? Ба ин суоли мо Ҳабиб Давлатов чунин посух дод: “Дар ин солҳо варзишгарони мо ба қадри имкон аз тарафи Кумитаи миллии Олимпӣ дастгирӣ меёфтанд. Баъди соли 2012 ин тараф ҳолатҳои коррупсионӣ афзуд ва варзишгаронро кумак накарданд. Ба мо, айни ҳол, устодони ботаҷриба лозим, то бештар комёб бошем. Ҳадди ақал дар як сол мо варзишгаронро пеш аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ба машқҳои таълимӣ-тамринӣ фиристонанд”.
Ба ҳар сурат мо набояд ноумед шавем. Вақте ки варзишгаронро кумаки молиявӣ расонем, онҳо неруманд мешаванд. Фикр мекунам барои варзишгарон ва масъулин мусобиқаҳои Олимпии Токио як намунаи ибрат ва имтиҳон шуд. Чун Тоҷикистон ягона кишваре аз собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки дар Олимпиадаи «Токио-2020» бе медали Олимпӣ монд. Умед бар он мебандем, ки дар оянда варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналхалқӣ хуб баромад карда, пирӯзӣ ба даст меоранду соҳибмедал мешаванд. Мо ба неру ва тавоноии варзишгарони тоҷик боварӣ дорем.
Фирдавс УМАРОВ, “Хатлон”