Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Нашъунамои пахта дар чӣ ҳол аст?


Нашъунамои пахта дар чӣ ҳол аст?



Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз ҳолати нашъунамои пахта дар навоҳии Вахшу Ҷалолиддини Балхӣ дидан намуд.


Дар замини хоҷагии тухмипарварии “Кӯлоб”-и ноҳияи Вахш пахтаи маҳиннах парвариш мешавад ва кишоварзон имсол ҳосили баландро интизоранд. Имрӯзҳо майдони пахта дар ҳолати аз 4 то 9-12 ва зиёда аз он кӯракбандӣ қарор дорад, ки он аз фаровонҳосилӣ дарак медиҳад. 
Дар ноҳияи Вахш имсол, тибқи дурнамо, дарп майдони 9500 гектар пахта кишт шуда буд. Аммо дар натиҷаи сар задани офати табиӣ, омадани сел, майдони 1051 гектари он пурра вайрон гардида, айни ҳол дар 8449 гектари он пахта парвариш ёфта истодааст.

Майдони умумии кишти пахта дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 9900 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин ноҳия низ айни замон майдони пахтазор дар ҳолати кӯракбандӣ буда, чорабиниҳои агротехникӣ мувофиқи талабот ба роҳ монда шудааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулон барои ҳимояи пахтазор аз зараррасонҳо, анҷом додани коркарди кимиёвӣ дастуру тавсияҳои судманд дод.

Қобили зикр аст, ки аз майдони умумии кишт  дар вилояти Хатлон 121 ҳазору 235,8 гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст.

Дар асоси маълумоти фаврии Вазорати кишоварзӣ оид ба чорабиниҳои агротехникии пахта, то 30 июли соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 177032,5 гектар пахта кишт шудааст.
 
Н. Маъмурзода, 
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода