Чаро нархи сабзӣ гарон шуд?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 август, Бахш: Слайдер / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 1 014
Амирбеки Темур, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, дар нишасти хабарии ниҳодаш яке аз сабабҳои болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар вилояти Хатлонро ба хуруҷи дубораи пандемияи коронавирус, дар ин замина баста шудани роҳу марзҳо барои сафар ба кишварҳои хориҷа ва содир нашудани маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба онҳо рабт дод.
Ӯ гуфт, ки “воқеан ҳам соли равон арзиши як қатор маҳсулоти ғизоӣ дар дохили кишвар, аз ҷумла дар вилояти Хатлон низ дар муқоиса ба солҳои гузашта ба маротиб боло рафт. Вақте ки сарҳадҳо баста шуданд деҳқонону соҳибкорони мо натавонистанд маҳсулоти худро барои бо нархи баландтар фурӯхтан ба кишварҳои хориҷа содирот намоянд. Аз ин рӯ, маҷбур шуданд, ки ба фарқ аз солҳои қаблӣ маҳсулотро дар дохили кишвар бо нархи каме болотар ба фурӯш бароранд, то хароҷоти ҳаматарафаи худро рӯйпӯш карда тавонанд. Аз тарафи дигар, баланд шудани арзиши маводи сӯзишворӣ низ таъсири худро дар гароншавии нархи маҳсулоти ғизоӣ расонид.
Дар нишасти мазкур рӯзноманигорон дар робита ба боло рафтани нархи сабзӣ дар кишвар, аз ҷумла дар вилояти Хатлон низ назари Амирбеки Темурро ҷӯё шуданд.
Мавсуф аз ҷумла чунин қайд кард: «Бинобар сабаби сардиҳо ҷамъоварии сабзии имсола қариб 15 рӯз дертар оғоз гардида буд. Аз тарафи дигар, вақте соҳибкорони мо фаҳмиданд, ки дар кишвари Қирғизистон ва Ӯзбекистон нархи сабзӣ ба маротиб болотар аз дохили кишвар аст, ҳаҷми бештари сабзиро ба ин кишварҳо содирот карданд. Дар натиҷа, сабзӣ дар дохил камчин шуд ва арзиши он дар бозорҳои дохилии Тоҷикистон чанд баробар боло рафт».
Рӯзноманигорон шарҳҳои духӯраашро ба Амирбеки Темур ёдрас гардида, бори дигар омили амиқи боло рафтани нархи маҳсулоти ғизоиро пурсон шуданд.
Аммо сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят натавонист дар ин бора равшанӣ андозад.
Суннатуллоҳи Мирзо, “Хатлон”