Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » САБТИ ФИЛМИ “БОЗГАШТ” БА ИТМОМ РАСИД


САБТИ ФИЛМИ “БОЗГАШТ” БА ИТМОМ РАСИД




“Бозгашт” яке аз филмҳои кутоҳметражи "Хатлонсинамо" буда, сабти он аз ба итмом расид. тибқи иттилоъ, ба наздикӣ нахустнамоиши он баргузор мегардад. Филми мазкур дар жанри драмма – фоҷеа офарида шуда, хусусияти тарбиявӣ дорад. 

Зафари Валӣ роҳбари "Хатлонсинамо", зимни суҳбат бо рӯзномаи “Хатлон” изҳор дошт, ки филми мазкур дар рӯзҳои 15-16-уми октябри соли равон дар арафаи рӯзи кинои тоҷик, дар кинотолори кохи Лоҳутӣ баргузор мегардад. Ҳамчунин, мавсуф иброз дошт, ки филм тӯли ду моҳу бист рӯз сабту навогирӣ шуд ва ҳаҷми он 33 дақиқа мебошад.

Дар филми мазкур ҳунармандони машҳури кишвар, аз қабили Муҳаммад Алӣ Маҳмадов, Моҳпайкар Ёрова, Меҳриниссо Ҳоҷибоева ва дигар ҳунармандони ҷавон аз Театри вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтару Аҳоруни шаҳри Душанбе нақш офариданд. 

Муаллифи филмнома Дилшод Шоҳзода ва  Зафари Валӣ, коргардон Зафари Валӣ, филмбардорон Ҷаҳонгир Ғаниев ва Дилшод Нуруллоев, оҳангсоз Рустам Саидмуродов, продюсерон Бегиҷон Гулов ва Сироҷиддин Абдуллоев,  рассом Манучеҳр Мираков, садобардорон Манучеҳр Мираков ва Раҳматулло Сайбурҳонов, пардозгар Мадина Давлатова мебошанд. 

Шаҳодат ХОЛОВА, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода