ХАТЛОН - дорои мавзеъҳои бойи сайёҳӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 июл, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Туризм / Иқтисоду тиҷорат / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 223
(Идома аз шумораҳои гузашта)
НОҲИЯИ ДАНҒАРА
Дар ҳудуди ноҳияи Данғара мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ бо ша-рофати Истиқлоли давлатӣ аз нав барқарор карда шудаанд, аз ҷумла мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, ки ифодагари таърихи қадимӣ будани ноҳияи Данғара мебошад, аз қабили Мақбараи Хоҷа Шақиқи Балхӣ, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин ва Мавлоно Обиддин, Қалъаи Золи Зар, Қалъаи Шаҳиди Данғараи Боло, Ҳазрати Сабзпӯш, Сангтӯп, Чила Мазор, Ҳазрати Ҳоҷаи Зинда, Ҳазрати Мулло Тоҳири Балогардон, Гавҳорасангҳо, Мавзеи Чанорҳои Ҳазорсола, Мақбараи До-мулло Файзулло, Расадхонаи Санглох, Осорхонаи ҷумҳуриявӣ, Осорхонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таҷассумгари санъати меъморӣ ва арзишҳои бойи таърихро дар худ инъикос менамоянд.
Мақбараи Мавлоно Обиддин ёдгории таърихист, ки дар ноҳияи Данғара ҷойгир аст. Мақбара дар замони шуравӣ хароб карда шудааст. Хишти деворҳои даврони ҳокимияти шуравӣ барои сохтани ҳаммоми колхози «Данғара» истифода шуда буданд. Баъдтар сокинони деҳа атрофи мақбараро маҳкам карданд.
Дар соли 1997 бо ташаббуси Идораи давлатии ҳифзи ёдгориҳои Тоҷикистон дар харобаи мақбара таҳқиқот гузаронида шуд. Дар натиҷаи ҳафриёт маълум гашт, ки мақбара шакли мудаввари 8-кунҷа доштааст.
Дар даруни он бақияи болоқабрӣ ёфт гардид, ки аз хишти пухта сохта шуда буданд. Мақбара аз сағонаи зеризаминӣ ва гӯрхонаи болоизамини иборат аст. Сағона шакли мураббаъ ва пӯшиши балхӣ дорад, баландиаш 150 см, бинои болоизаминӣ шакли дарозрӯяи кунҷи сарбуридаро лорад. Мақбара аз ду қисм иборат аст: зиёратхона ва гӯрхона. Шакли дохили гӯрхона 8-кунҷа буда, бар болои девори он устувона бунёд ёфтааст.
Мақбараи Хоҷа Шақиқи Балхӣ, яке аз симоҳои намоёни ҷаҳони исломи асри IX, шогирди Имоми Аъзам, Абуалӣ Шақиқ ибни Иброҳими Балхӣ ҷой гирифтааст. Сохтмони бинои мақбараро ба асри XV нисбат медиҳанд. Ёдгории меъморӣ аз сағона, роҳрави зеризаминӣ ва ҳуҷраи хурди мудаввари шаш бурҷаи андозааш гуногуни аз хишти пухта сохташуда иборат мебошад. Соли 2003 ёдгорӣ бо бинои гунбаздори андозааш 7 метр ба 7 метр консерватсия карда шудааст. Меҳмонони зиёде ба зиёрати ин мақбара меоянд.
(Давом дорад)
Комрон РАСУЛОВ,
унвонҷӯи кафедраи рӯзноманигории ДДБ
ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00