Меҳвари маърифати ҳуқуқии ҷавонон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 июн, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 257
Тарбияи ватандӯстии ҷавонон рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ пешниҳод намуданд, ки соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шавад.
Эълон гардидани соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ ва тавъам донистани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маънои амиқу ниҳоӣ дорад, балки тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад.
Мавҷуд будани омилҳои номатлуб дар байни насли ҷавон, аз қабили ҳолатҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояткорӣ ҳаёти ҷамъиятиро халалдор намуда, ба амнияти миллию давлатӣ таҳдид менамоянд. Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон яке аз зуҳуроти асосии пешгирикунандаи ин омилҳои номатлуб дар ҳаёти ҷавонон мебошад.
Дар ҷаҳони муосир гузаштан ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, аз як тараф, тақозои замон буда, рушди иқтидори технологиву иттилоотии мамлакатро таъмин намояд, аз тарафи дигар, истифодаи воситаҳои технологияи иттилоотӣ ба мақсадҳои ғаразнок, паҳн намудани маводи номатлуб, мубодилаи иттилоот дар хусуси фаъолияти ташкилоти террористӣ, ҷалби ҷавонон ба ин ташкилот ба мафкура ва ҳаёти минбаъдаи насли наврас таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин шароит татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Дар замони имрӯза, ки ҷаҳонишавӣ босуръат ташаккул ёфта истодааст, хатаре бар сари фарҳангу тамаддун ва анъанаҳои миллӣ меоварад. Ин раванд аз мо тақозо менамояд, ки тарбияи насли наврасро таҳким бахшида, пояҳои онро устувор намоем. Зеро тарбия яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб гардида, насли наврас ҳамеша ба он ниёз доранд. Чунки маҳз тарбияи хуб метавонад дар зиндагии инсон таъсири босазо гузошта, самтҳои ояндаи дурусти рӯзгори ӯро муайяну мушаххас созад. Аз ин рӯ, мо-омӯзгорон муваззаф ҳастем, ки насли наврасро дар рӯҳияи ватанпарастӣ, миллатдӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ифтихор аз гузаштаи хеш ва ҳувияти миллӣ тарбия намуда, ин ҳиссиётро дар онҳо ташаккул диҳем.
Исматулло БАРОТАЛИЗОДА,
омӯзгори факултети сиёсат
ва идораи давлатии ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...