Хатлон - дорои мавзеъҳои бойи сайёҳӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 июн, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Туризм / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 284
(Идома аз шумораҳои гузашта)
Шаҳри Норак
Қариб ҳамарӯза ба шаҳри Норак аз та-моми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ сайёҳон ташриф меоранд. Онҳо, пеш аз ҳама, аз Неругоҳи барқи обии “Норак” ва сарбанди он дидан мекунанд.
Инчунин, аз байни кӯҳҳое, ки Норакро дар оғӯш гирифтаанд, кӯҳи Нор зеботарин ва баландтаринаш (174 метр) аст ва шояд номи он ба номи Норак умумияте ҳам дошта бошад.
Дар шаҳри Норак ёдгориҳои таърихӣ монанди “Мақбараи Мавлоно Мирзо Юсуф”, “Хоҷа Сурхпӯш”, “ Шайх Абдулҳай” ва “Амири Бузург” мавҷуданд, ки ин ёдгориҳо мавриди таҳқиқи бостоншиносон қарор гирифтааст.
Ноҳияи Шаҳритус
Мадраса ва мақбараи Хоҷа Машҳад ва ё “Мақбараи дугона” дар деҳаи Сайёди Ҷамоати деҳоти “Талбак Садриддин”-и ноҳияи Шаҳритус ҷойгир шудааст. Он яке аз ёдгориҳои дар масири роҳи Абрешим дар Тоҷикистон мебошад. Дар соли 2013 номи ин маҷмааи меъморӣ ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешбарӣ шуда буд.
Ин ёдгории таърихӣ ду бинои гунбазу равоқдори аз хишти пухта бо ҳам пайваста боқӣ мондааст. Биноҳои мақбара, масҷид ва айвон (тобистона) дар шимол ва ҷануби айвон ҷойгиранд. Ҳудуди умумии мадраса (68 x 48 метр) мебошад.
Макони дигар ин мақбараи Хоҷа Дурбод дар ҳудуди деҳаи Хоҷа Дурбоди ноҳияи Шаҳритус ҷойгир аст. Иморати он аз хишти пухта сохта шудааст. Асоси иморат мураббаъ буда, намоҳои на чандон баланди он бо усули тоқдартоқ ва нижвон зиннат ёфтааст. Ин тарзи ороиш (аз хиштҳои майдаи 22х22 сантиметрӣ чида шуда), намунаи нодир аст.
Дар болои асос ҳашттарки се тарафаш даричадор устувор аст, ки хиштҳояш андармиён ба таври амудиву уфуқӣ чида шудаанд. Бандубасташ ғайриодист. Бо вуҷуди аз берун мураббаъ будани асосаш девори дохили он ҳаштпаҳлуст ва ин шакл дар санъати меъмории Осиёи Миёна ҳамто надорад.
Мақбараи Хоҷа Дурбод аз дигар ёдгориҳо ба шарафаҳои ғайриодии худ фарқ мекунад. Аз тарафи шимол пештоқи калоне гузоштаанд, ки қисми зиёди наморо ишғол кардааст. Бурҷҳои он бо тоқчаҳои ороишӣ зиннат ёфтаанд.
Инчунин, мақбараи Хоҷа Сарбоз ёдгории меъмории асрҳои 11-12 деҳаи Лолазори ноҳияи Шаҳритус ҷойгир аст. Ба типи мақбараҳои мутамарказ мансуб аст. Асоси Мақбараи Хоҷа Сарбоз мураккаб буда, пойдевораш похсагӣ мебошад ва худаш аз хишти хом сохта шудааст. Байни намоҳои он бо тоқҳои росткунҷаи на чандон чуқур оро ёфтаанд. Дар болои асос ҳашттарки ҳар паҳлуяш даричадор барқарор аст.
Диаметри он 7,5 м. яке аз калонтарин гунбазҳои аз хишти хом сохташудаи Осиёи Миёна мебошад. Аз тарафи шимол даромадгоҳи одӣ дорад. Дохили бино аз ҳисоби равоқ тоқҳои хурд васеъ шудааст. Қисми болоии тоқҳо бо шакли ғайриоддии зинамонанд, ки дар боло торафт тангтар мешавад, фарқ мекунад.
Мақбараи Хоҷа Сарбоз бо вуҷуди пурра маҳфуз намонданаш ганҷинаи нодири таърихӣ ва бадеии санъати меъморӣ ба шумор меравад.
Мақбараи Тилло Ҳаллоҷӣ ёдгории меъмории асрҳои 11-12 дар деҳаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритус мебошад. Аз хишти хом сохта шудааст. Андозааш аз берун 10,5 метр, аз дарун 6,9 метр мебошад. Мақбараи Тилло Ҳаллоҷӣ аз рӯи сохт маъбадҳои оташпарастони пешазисломии Осиёи Миёна – «Чортоқ»-ро ба хотир меорад. Фарқаш дар ҳамин аст, ки Мақбараи Тилло Ҳаллоҷӣ танҳо аз се тараф даромадгоҳ дорад ва тарафи чорум (шимолӣ) гарчанде дар шакли даромадгоҳ бошад ҳам, дар асл маҳкам аст.
Сохти даромадгоҳҳо хеле ҷолиб буда, мувофиқи усули меъмории асрҳои 11-12 сохта шудаанд: тоқҳои пайконии зебо дар тоқҳои росткунҷаи чуқур ҷойгир шудаанд (бо усули тоқ дар тоқ).
Асоси бино чоркунҷа буда, дар болои ҳашттарк (чор тарки дигар аз ҳисоби чор тоқи болои кунҷҳои девори асосӣ ба вуҷуд омадаанд) барқарор аст. Гунбази мақбара хароб гаштааст.
Мақбараи Тилло Ҳаллоҷӣ аз намунаҳои нодири бинои қадимаи аз хишти хом сохта шудааст.
(Давом дорад)
Комрон РАСУЛОВ,
унвонҷӯи кафедраи рӯзноманигории ДДБ
ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...