Ф. ШЕРАЛӢ : «Фанне, ки роҳкушои муваффақиятҳои ман аст»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 май, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Ҷавонон ва варзиш / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 429
Фатҳуллои Шералӣ хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии №4-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ буда, бо донишу фаҳмиш ва маърифати баланди худ намунаи садҳо нафар ҷавонони вилояти Хатлон гардидааст. Маҳз ғолибияти пайдарпай дар озмуну олимпиадаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ боис гардидааст, ки ӯро ҳамагон ҳамчун хонандаи намунавӣ мешиносанд ва эҳтиром мекунанд.
Одина Сафаров, омӯзгори фанни географияи муассисаи таълимии болозикр, изҳор намуд, ки Фатҳулло ба омӯзиши фанни география завқи беандоза дорад. Ҳангоме, ки шахс ба ягон фан ё касбу ҳунар шавқу рағбат дошта бошад, пас дар омӯзишу такмил додани худ тамоми имкониятро истифода менамояд. Ба қуллаи баланд ва натиҷаҳои назаррас расидани Фатҳулло низ аз майлу рағбати ӯ ба фанни дӯстдоштааш сарчашма мегирад. Таваҷҷуҳу фаъолнокии ӯро дар дарси география дида, рағбати худи омӯзгорон ҳам дучанд шуд. Зеро натиҷаи заҳмати бисёрсолаи муаллимро танҳо дар амалу дастовардҳои шогирдон дидан мумкин мебошад. Ба ин хотир, бо Фатҳуллои Шералӣ берун аз дарсҳои асосӣ низ ба омӯзиши фанни география машғул мешавем. Инчунин, маҳфили беруназсинфии “Географон” дар муассиса фаъолият мекунад.
Фатҳулло аллакай аз замони таҳсил дар синфи 9 тавонист, ки дар озмуну олимпиадаҳои ноҳиявӣ, вилоятию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, аксаран бо ишғоли ҷойҳои намоён ва медалҳо баргаштааст. Бахусус, дар даври вилоятию ҷумҳуриявии озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” ва дигар озмунҳои фаннӣ ширкат намуда, ҷойҳои ифтихориро ба даст овардааст. Аз ҷумла, соли гузашта ӯ дар озмуни мазкур иштирок намуда, дар даврҳои якуму дуюм ва сеюм ҷойи якумро ба даст оварда, дар даври чоруми озмун ҷойи дуюмро соҳиб шуда, бо Диплому Ҷом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардид.
Дар озмуни вилоятии мактаббачагон барои дарёфти “Ҷоми донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ” низ Фатҳуллои Шералӣ фаъолона ширкат карда, бо истифода аз донишу маҳорати худ тавонист, ки байни дигар довталабон бартарӣ нишон дода, ба гирифтани ҷойи якум сазовор гардад. Ҳамзамон, аз тарафи ташкилкунандагони озмун Фатҳулло бо Ҷом ва мукофот қадрдонӣ карда шуд.
Фатҳуллои Шералӣ гуфт, ки нақшаи идомаи таҳсилро дар факултаи географияи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дорад. Мавсуф, афзуд: “Маҳз дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳайё намудани шароити мусоиди таълим, имкони иштирок дар озмуну олимпиадаҳо барои мо - ҷавонон мебошад, ки ба чунин дастовардҳо расидем. Аз ин лиҳоз, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ карда, ваъда медиҳем, ки барои сазовор шудан ба боварии Роҳбари давлат тамоми ҳастии худро ба омӯзиш бахшида, бо донишу маҳорат тавассути пешаи интихобкардаи худ дар пешрафти давлату миллат саҳмгузорӣ хоҳем кард!”
С. АЗИЗЗОДА, «Хатлон»
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...