Ҳадаф - волоияти қонун
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 апрел, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 411
Прокуратураи вилояти Хатлон баҳри амалӣ намудани сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуда, барои таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа дар семоҳаи якуми соли 2024 корҳои муайянеро анҷом дод.
Риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» таҳти назорати доимӣ қарор дошта, дар ин раванд ба қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ баррасии саривақтӣ ва ҳаматарафаи муроҷиатҳои онҳо диққати ҷиддӣ дода шуда, қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамарӯза амалӣ карда мешавад.
Дар ин давра ба прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҳамагӣ 2143 муроҷиат, аз ҷумла аз шахсони воқеӣ 2060 ва аз шахсони ҳуқуқӣ 83 муроҷиат ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар умум 26,4 фоиз ё худ 566 муроҷиат зиёд мебошад.
Аз ин рақам 662 муроҷиат аз ҷониби мақомоти прокуратура мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо натиҷаи баррасӣ 215 ё худ 32,4 фоиз муроҷиатҳо қонеъ, 50 рад карда, бо 397 муроҷиат талаботи қонун фаҳмонида дода шудааст.
Дар ин давра 235 ҳолати ҳуқуқҳои поймолгаштаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муайян гардида, барқарор карда шудаанд. То ҳол вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ зимни қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пурра аз байн нарафтаанд, ки қонунвайронкуниҳо, аз қабили бе баррасӣ мондани муроҷиатҳои шаҳрвандон ва дағалона вайрон кардани муҳлати баррасии муроҷиатҳо дар фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва дигар ташкилоту муассисаҳо ҷой доранд, ки боиси поймол гаштани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мегарданд.
Вобаста ба ҳолати риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории ҷорӣ 785 санҷиш гузаронида, аз натиҷаи онҳо ҳамагӣ 15244 қонунвайронкунӣ ошкор карда шудаанд, ки 1240 адад ё 8,8% зиёд мебошад.
Бо натиҷаи санҷишҳо ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 2673 амр, 2194 эътироз ва 1146 (1089) пешниҳод оварда, 1854 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 2278 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 4437 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд, ки чораҳои эътиноии қабулгашта нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар мебошанд.
Бо натиҷаи санҷишҳо 413 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Кор дар самти барқарор кардани зарар беҳтар ва маблағи 131,3 миллион сомонӣ барқарор шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Прокуратураи вилоят назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба роҳ монда, ҷиҳати амалисозии меъёрҳои қонуни мазкур чораҳои зарурӣ андешидааст.
Бо натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда дар ин самт дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, комиссияҳои танзими анъана ва ҷашну маросим, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, тарабхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон қонунвайронкуниҳо, ба монанди вайрон кардани вақти баргузории чорабиниҳо, зиёд кардани теъдоди иштирокчиёни маъракаҳо, таъсис надодани комиссияҳои ҷамъиятӣ ва ғайраҳо, дар маҷмуъ 237 (223) қонунвайронкунӣ ошкор карда шуда, дар натиҷа 10 (10) амр ва 72 (67) пешниҳод, 5 (5) эътироз оварда, нисбати 65 (63) нафар истеҳсолоти интизомӣ ва 80 (79) маъмурӣ оғоз гардидааст.
Оид ба иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» аз ҷониби прокуророн ба 159 (139) қарору амрҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз ва пешниҳод оварда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 адад зиёд мебошад. Аз шумораи умумии 159 қарору амрҳои эътирозшуда 141 (124) адади он, ё ин ки 88,6% вобаста ба замин мебошанд.
Аз шумораи умумии 141 қарору амрҳои ғайриқонунӣ қабулкардаи раисони шаҳру ноҳияҳо, ки вобаста ба ҷудо кардан ва вобаста намудани замин буда, барои бекор карданашон эътироз ва пешниҳод оварда шудаанд, ки инҳо 69 (46) қарор ё ин, ки 48,9% қарору амрҳои ғайриқонунӣ қабулкардаи раисони амалкунандаи шаҳру ноҳияҳо мебошанд.
Дар самти қонунгузории ҳифзи муҳити зист ва ҷангал бошад, 34 (32) санҷиш гузаронида, барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 60 (50) амр дода, 33 (33) пешниҳод ирсол намуда, ба санадҳои ғайриқонунии мақомоти дахлдор 202 (202) эътироз оварда, 37 (35) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 34 (31) нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида, нисбати 229 (219) нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 25 (23) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Ҷиҳати тарғибу ташвиқи қонунгузорӣ ва таъмини иҷрои Фармони Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти № 691, аз 9 апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Фармони дахлдори Прокурори генералӣ дар ин самт доир ба вазъи ҷинояткорӣ ва фаъолияти прокуратура ҳамагӣ 52 ахборот, дар байни аҳолӣ 15 ва коллективҳои меҳнатӣ 14 маротиба баромад намуданд.
«Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шудани соли 2024 аз тарафи кормандони дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо тибқи нақшаҳои тасдиқгашта дар ташкилоту муассисаҳо ва байни аҳолӣ вохӯрию суҳбатҳо бомаром давом дошта, аз васоити ахбори омма низ истифода карда мешавад.
Прокуратураи вилоят тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ назорати прокурориро дар ҳамаи ҳолатҳо пурзӯр намуда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа тамоми чораҳои дахлдорро андешад.
Айни замон фаъолият дар ҳамоҳангии дахлдор бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, сохторҳои қудратӣ ва суд бомаром идома дорад.
Аваз Назарзода,
прокурори вилояти Хатлон,
мушовири адлияи дараҷаи 1
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00