Чойхонаи «Бобои Абдуҷаббор» доимо серодам аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 апрел, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 234
Чойхона ҳамчун иншооти ҷамъиятӣ ва ҷойи дӯстдоштаи мардум барои суҳбату вақтгузаронӣ хеле барвақт пайдо шудааст. Дар даврони Шӯравӣ қариб дар ҳамаи маркази шаҳру ноҳияҳо ва маҳаллаҳои калони аҳолинишин чойхонаҳои калону зебо, барҳаво сохта шуда, ба мардум хизмат мекарданд. Охирҳои асри гузашта бар асари нооромиҳои сиёсӣ дар кишварамон таваҷҷуҳ ба сохтмону хизматрасониҳо нисбати чойхонаҳо хеле кам гардид.
Хушбахтона, баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон дар шаҳру навоҳии кишвар чойхонаҳои наву замонавӣ бо истифодаи анъанаҳои меъмории миллӣ кандакорӣ ва гаҷкорӣ шудаанд. Воқеан ҳам, бунёди чойхонаҳои наву замонавӣ, ки намои диққатҷалбкунандаи меъмории миллӣ доранд, ба ҳусни шаҳрҳо ва маркази ноҳияҳо ҳусни нав зам менамоянд.
Дар маркази ноҳияи Шаҳритус солҳои зиёдест чойхонаи зебою хушсохте ба мардум хизмат мерасонад. Мардум онро “Чойхонаи бо
бои Абдуҷаббор” меноманд. Дар ин чойхона пирони кор, мӯйсафедону ҷавонон, собиқадорони ҷангу меҳнат сари як пиёла чой суҳбат меороянд. Дар як гӯшаи толори чойхона рӯзномаю маҷаллаҳо гузошта шудааст ва хоҳишмандон метавонанд онҳоро мутолиа намоянд. Таърихи сохта шудан ва номи “Бобои Абдуҷаббор”-ро гирифтани чойхона аҷиб аст. ... Солҳои 30-юми асри гузашта як қисми мардуми ноҳияи Тоҷикободро муҳоҷир карда, ба ноҳияи Шаҳритус оварданд. Онҳо дар хоҷагии собиқ “Ҷамъияти деҳқон” аҳлона меҳнат мекарданд. Дар байни онҳо ҷавонмарди хоксору меҳнатдӯст Абдуҷаббор Саидов чун роҳбари кордону ғамхор соҳиби обрӯйи баланд буд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуд. Соли 1943 Абдуҷаббор Саидов барои ҳимояи ватани азизаш ба фронт рафт. Соли 1945 баъди Ғалаба бар фашизм сарбаландона ба ноҳияи Шаҳритус бозгашт. Аммо аз як пояш маҳрум шуда буд. Бо маслиҳат ва мусоидат бо роҳбарони ноҳия тасмим гирифт, ки дар ҷойи хушобу ҳаво як чойхонаи зебо бунёд намояд.
Ана ҳамин тавр чойхона ба фаъолият оғоз намуд ва номи “Бобои Абдуҷаббор”-ро гирифт. Бобои Абдуҷаббор марди хоксор, кушодачеҳра ва хушчақчақу суҳбаторо буд. Суҳбатҳои ширин дошту ба мардум аз хотираҳои ҷангиаш қиссаҳои аҷиб нақл мекард. Чойхона доимо серодам буд. Он дар собиқ вилояти Қӯрғонтеппа яке аз чойхонаҳои беҳтарин маҳсуб меёфт.
Чуноне ки аз суҳбат бо собиқадорони меҳнат маълум шуд, бисёре аз роҳбарони давлату ҳуқумат ва одамони обрӯманди кишвар ба чойхонаи бобои Абдуҷаббор ташриф овардаанд. Котиби якуми КМ Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Расулов ва раиси Шурои Олии Тоҷикистон Маҳмадулло Холов борҳо ҳангоми сафарҳои корӣ ба ноҳияи Шаҳритус аз чойхонаи «Бобои Абдуҷаббор» дидан намуда, бо мардум суҳбат мекарданд.
Азбаски бобои Абдуҷаббор писар надошт, баъди нафақа баромадан роҳбарии кори чойхонаро ба наберааш Саидашраф Ҳакимов супорид. Имрӯз ҳам чойхонаи “Бобои Абдуҷаббор” зебову серодам аст. Одамон аз ноҳияҳои гирду атроф барои чойнӯшиву суҳбат ва дидорбинӣ ба чойхона меоянд. Чойхона ба собиқадорони ҷангу меҳнат ба таври ройгон хизмат мерасонад.
Абдуҷаббор Саидов барои фаъолияти пурсамар ва арзандааш бо чандин ордену медал ва унвонҳои “Аълочии кооператсияи матлуботи ИҶШС” ва “Аълочии ҷамъияти матлуботи Тоҷикистон” сарфароз гардидааст. Имрӯз ҳам фарзандону наберагон ва аберагонаш (104 нафар) корҳои неку амалҳои хайрхоҳонаи ӯро идома медиҳанд. Роҳбари ҶДММ “Чойхонаи бобои Абдуҷаббор Саидов” Саидашраф Ҳакимов чунин иброз дошт: «Мо нақша дорем дар ояндаи наздик бо кумаку дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус бинои чойхонаи наву замонавиро бунёд намоем».
Аъзам БОБОЕВ,
рӯзноманигор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...