ЛАҲЗАҲОИ ХАНДАЗОРИ «ХАТЛОН»-ИЁН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 апрел, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 170
Таппакро хӯрда нашавад...
Ходими калони шуъбаи кишоварзии рӯзномаи “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа” (ҳозира “Хатлон”) Шарофиддин Қосимов (руҳаш шод бод) инсони хубу шӯхтабиат буд. Дар ҳар як суҳбати ҳамкорон қиссаҳои аҷоиби воқеиро нақл мекард ва табъи онҳоро болида месохт.
Акаи Шарофиддин дар деҳа зиндагӣ мекард ва ҳар рӯз ба хона рафта меомад. Рӯзҳои истироҳатии навбатӣ низ дар хонааш қарор дошт ва дар ҳотааш машғули кор буд.
Қарибиҳои нисфирӯзӣ. Дарвозаи ҳавлӣ монанди садои ғижжак ғиҷиррос зада, кушода шуд. Се-чор нафар шахсони бегона, ки дар даст папкаи калону коғазу қалам доштанд, бе пушт-пушт вориди ҳавлӣ шуданд.
-Дар хона ягон одами зинда ҳаст?, гӯён яке аз меҳмонони нохонда садо баланд кард.
-Хона бе одами зинда намешавад, марҳамат, нури дида, тоҷи сар, меҳмонон,- гӯён акои Шарофиддин онҳоро рӯи суфача ба як пиёла чой даъват кард.
-Мо инҷо чойнӯшӣ наомадаем, тафтишгарем, аз вилоят,- худро шиносонд шахси папкадор ва аз даҳонаш оташу аз қошу қавоқи абргирифтааш гӯё борону жола меборид.
-Так-так, ин хонаи кӣ, ном ва номи падар, ҷойи кор...,-бо карру фар гуфт меҳмони аввала.
-Тинҷӣ бошад? Мақсадро рӯшантар мекардед,-хоҳиш намуд соҳибхона.
-Гӯр тинҷӣ, “катастрофа”! -Сӯзишвории (саларка дар назар аст) совхозро, ки барои ҷуфти заминҳо бояд истифода мешуд, мушҳои “дупо” (одамон) ба яғмо бурдаанд. Акнун хона ба хона мисли “сапёрҳо” (безараргардонҳои мина) дуздҳои саларкаро мекобем, -гуфт меҳмони пакана.
- Мушҳои дуздро дарёфт карда истодаед?- пурсид соҳибхона.
-Дар хона саларка доред?-ба суоли соҳибхона бо савол ҷавоб гардонд яке аз “сапёр”-ҳо.
-Дорам! Дар пеш замистон, дар қишлоқ бе саларка намешавад.
-Чӣ миқдор дуздидаед?
-Магар ман ба дузд монандам?
-Не, ҳамаи шумо уболакед.
-80 литр! Онро ҳанӯз аввали тирамоҳ аз нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ харида будам,-гуфт соҳибхона.
-Онро дар куҷо пинҳон кардаед?-боз бо зарда пурсид “командири сапёр”-ҳо.
-Дар ошхона.
Аъзои комиссия сарҷамъ ба ошхона сар халонда, зарфи пур аз сӯзишвориро рӯйи ҳавлӣ бароварда, акт тартиб доданд.
-Сӯзишвориро мусодира мекунем, зарфашро аз гаражи совхоз мегиред ва дар назди қонун ҷавоб мегӯед!-гуфтанд онҳо.
-Як молхона таппак ҳам ҳаст, онҳоро низ баред,-ба молхона ишора карда гуфт акаи Шарофиддин.
-Таппакро ба сарамон мезанем, ба мо сӯзишворӣ лозим,-тааҷҷубомез фаҳмонд сардори комиссия.
-О, исқотии таппак бе салярка намесӯзад ва онро хӯрда ҳам намешавад, ҳамаашро гирифта баред...
С. АТТОР, “Хатлон”
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...