Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » «Аспакбозӣ»


«Аспакбозӣ»



Навъи маъмули бозии идона, ки бештар дар Наврӯз ривоҷ меёбад, аспакбозӣ мебошад. Он як навъ рақси мазҳакавии мардонаи тоҷикӣ мебошад, ки сужети онро тасвири малакаи аспсаворӣ ва рақсу бозии асп ташкил медиҳад. Дар рақси аспакбозӣ як нафар мард, ду нафар – марду зан ё гурӯҳи раққосон иштирок мекунанд.

Раққосон онро таҳти навозиши доира ё созҳои дастаи навозандагон иҷро менамоянд. Воситаи асосии аспакбозӣ пайкари чӯбини асп мебошад. Аз чӯб каллаи аспро тарошида, ба он гӯш, чашм месозанд, ёлу дум мечаспонанд. Аспро бо рӯймолҳои зебои силсиладор оро медиҳанд.

Ҳар аспакбоз дар ин рақс маҳорати хосси худро нишон медиҳад. Беҳтарин раққосони аспакбозӣ ҳаракатҳои суннатии ҳалқи тоҷикро нигоҳ дошта, онҳоро бо ҳаракатҳои импровизатсионӣ ғанӣ мегардонанд. Аспакбозиро бо мазмуну оҳангҳои мухталиф иҷро мекунанд. Чунончи, аспак аввал мусиқӣ гӯш карда, аз он маст мешавад ва сипас, ба рақс медарояд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода