Гулгардонӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 март, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 208
Мардуми тамаддунофари тоҷик аз замонҳои пеш фарорасии баҳору Наврӯзро бесаброна ва бо орзуву нақшаҳои рангин интизор мешуданд ва онро бо ҳар гуна расму оинҳои хос истиқбол мегирифтанд.
Аз омадани Наврӯз, пеш аз ҳама, кӯдакону наврасон бо иҷрои маросими гулгардонӣ ба дигарон хабар медиҳанд. Онҳо як-ду ҳафта қабл аз Наврӯз, гурӯҳ шуда, ба кӯҳу пуштаҳо мебаромаданд. Дар якҷоягӣ гулҳои баҳорӣ, ба монанди бойчечак, сияҳгӯш ва гули зардакро чида, ба деҳа меоранд ва хона ба хона гашта, ба мардум сурудхонон муждаи омадани Наврӯзро мерасонанд. Соҳибхонаҳо гулҳоро бӯй кашида, ба чашм мемоланд ва ба бачаҳо кулчаю қанду мавиз, дар баъзе ҷойҳо гандумбирёну нахӯдпазак медиҳанд.
Анъанаи гулгардонӣ бо истилоҳҳои гуногун қариб дар байни ҳамаи тоҷикони Осиёи Марказӣ маъмул аст. Дар вилояти Хатлон гули зардак (гули баҳман)-ро чида, гулдаста баста, хона ба хона мегарданд. Дар водии Ҳисор, дар ин айём, гули наврӯзӣ мерӯяд, ки он ба гули сияҳгӯш монанд буда, аммо рангаш зард мебошад. Дар деҳаҳои вилояти Суғд ва водии Зарафшон гули бойчечакро истифода мебаранд ва худи маросимро «бойчечак» ё худ «бойчечакгӯӣ» меноманд. Дар мавзеи Бартанги Бадахшон маросими гулгардониро «Гулхкуфт» (Гулшукуфт) ном мебаранд, ки онро моҳи апрел, дар айёми шукуфтани гулҳо анҷом медиҳанд.
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...