Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Модарҷон, фариштаи рӯи олам астӣ!


Модарҷон, фариштаи рӯи олам астӣ!




Модари бузургворам, меҳрубону ғамхорам, ҳамаи хубиҳои рӯи олам ҳадяи ту. Вақте дар васфат сухан гуфтанӣ шавам, ҳатто қалам оҷиз мемонад. Намедонам бо кадом суханҳо ҳама бузургиятро гӯям.

Агар тамоми суханҳои рӯи дунёро гӯямат, боз ҳам ба якшаба ранҷе, ки барои мо фарзандон кашидаӣ, баробар шуда наметавонад. Ҳар вақте ки дилам шикасту хаста шудам, ту нури умедам шудӣ, бо хандаҳоям хандидӣ, бо гиряам гиристӣ. Ман қурбони он мӯйҳои сафедат, ки барои мо сафед шуданд. Дар тифлӣ бисёр ранҷу азобат додаам. Бо ин ҳама пурсабриҳо ҳамеша лабханд мезанӣ ва ҳеҷ гоҳ намегузорӣ, ки хастагиро эҳсос кунам. Ин бузургии ту муъҷизаест, аз ҷониби Худованд.

Ривояте ҳаст, аз шахсе пурсиданд, ки мехоҳӣ биҳишт биравӣ?

Гуфт: На, он ҷо ҷойи модарон аст.

Гуфтанд: Намехоҳӣ назди модарат бошӣ?

Гуфт: На, дар ин дунё бисёр чизҳоро аз ӯ гирифтам,  ҷавониашро пир кардам, барои он, ки ман бихӯрам, худ гурусна хобид, барои он ки ман зебо бипӯшам, худ напӯшид, дигар намехоҳам, ки дар биҳишт ҳам фикраш шабу рӯз ба ман бошад, бигзор ҳадди ақал дар он ҷо роҳат зиндагӣ кунад.

Модар калимаест, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон оҳанги навозишкорона дорад ва ҳар қадаре ки муҳаббати инсоният ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон мегардад. Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз модар аст. Модар ситораи дурахшонест, ки бо нури неруманди хеш роҳи фарзандро дар зиндагӣ равшан месозад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронияшон қайд намудаанд: “Маҳз модар дар қалби фарзанд тухми накукориро мекорад, то ояндаи насли наврас чун ашхоси масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расанд”.

Меҳру муҳаббат, сӯзиши қалби модарро худ ва Худованд метавонад дарк кунад, чунончи:
Шири модар, к-аз тароватҳои хуни ҷигар аст,
З-ин сабаб ҳам модаронро сӯзиши дил дигар аст.

Албатта, модаронро фариштаи рӯи замин мегӯянд. Зеботарин ва нозуктарин шахсе, ки офарандаи Худованд аст, ин модар аст. Пайваста ба навозишу дӯстдорӣ эҳтиёҷ дорад.

Имрӯзҳо ҷавононеро вомехӯрем, ки нисбат ба модарони худ беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд, нисбати онҳо ноҳурматӣ карда, ба корҳои ношоям машғул мешаванду аз модаре, ки ба меҳру муҳаббати ӯ эҳтиёҷ дорад, фаромӯш мекунанд.


Агар модар аз мо розӣ набошад, он ҳама хайру садақае, ки мо мекунем, бефоида мебошад.
Агар аз хишти тилло қаср созӣ,
В- агар аз санги хоро шаҳр созӣ.
Наёбӣ дар ҷаҳон як зарра файзе,
Агар модар набошад аз ту розӣ.

Дар ҳақиқат, модар шахсиятест, ки бузургии ӯро бо ҳеҷ чизи рӯи олам иваз карда намешавад. Пас, то зинда аст модар, қадрашонро бидонед, азизон!

Парвина Соқиева,
омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода