Шогирдони ба Ватан содиқро тарбия намоем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 феврал, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 242
Хотирнишон менамоям, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзаму мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилоти илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш дар баробари дигар соҳаҳо ба рушди соҳаи маориф низ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар Паёми навбатӣ Роҳбари давлат музди меҳнати омӯзгоронро ҳам 40 фоиз зиёд карданд, маоши миёнаи омӯзгорон то ба 3-4 ҳазор сомонӣ расонида мешавад. Дар ин росто чанд пешниҳод ва андеша дорам.
Боварӣ дорам, раванди тарки касб кардани кадрҳои ҷавони соҳаи маориф аз ин ба баъд аз байн хоҳад рафт.
1. Имрӯз дар мактабҳои кишвар шумораи зиёди омӯзгорони нафақагир фаъолият менамоянд, ки 18 соати дарсӣ доранду халос. Бо дарназардошти ин ба Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки ба омӯзгорони нафақагире, ки саломатиашон хуб аст ва қобилияти корӣ доранд, иҷозат дода шавад, ки соатҳои зиёдтари дарсӣ гиранд.
2. Ҳамаи ин омӯзгоронро вазифадор менамояд, ки нисбат ба касбу кори худ серталаб бошанд.
Ҳисси масъулиятшиносӣ, худомӯзӣ, худтакмилдиҳиро баландтар бардоранд. Манбаи аввалиндараҷаи азбаркунии илму дониш ва касбу ҳунаромӯзӣ маҳз аз овони кӯдакӣ оғоз гардида, дар давраи мактабхонӣ рушду нумӯъ менамояд. Зеро дар ин давра зеҳну қобилияти азхудкунӣ бағоят қавист, ки бо мурури синну сол тағйир меёбад.
Рисолату вазифаи омӯзгорон дар ташаккули таълиму тарбия, камолоти инсонӣ, азбаркунии одоби ҳамида, парҳез кардан аз одати бад беандоза калон мебошад. Онҳо бояд шогирдони худро дар рӯҳияи худшиносӣ ватанро содиқона ҳифз кардану самимона дӯст доштан, калонсолонро ҳурмату эҳтиром кардан, муқаддасоту арзишҳои миллиро сидқан пос доштан бояд тарбия намоянд.
Соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардида, масъулияти омӯзгорон, волидон, умуман фаъолону аҳли ҷомеаро бештар мегардонад, то маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон боз ҳам баланд бардошта шавад.
Пеш аз ҳама, мо-омӯзгорон аз таъкидҳои арзишманду пандомези Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, онро дар фаъолияти кориамон босамар истифода бурда, ҳамзамон дар байни аҳолӣ ташвиқу тарғиб менамоем.
Саймаҳмад Султонов,
омӯзгор аз ноҳияи А. Ҷомӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00