Ш. ХАЙРЗОДА: СИФАТИ ТАҲСИЛ БЕҲТАР ГАРДИД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 феврал, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 313
8 феврали соли ҷорӣ нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ қайд намуданд, ки дар озмунҳоми ҷумҳуриявӣ панҷ донишҷӯи Донишгоҳ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои якум ва сеюм гардиданд аз ҷумла 1 ҷойи якум ва 2 ҷойи сеюм дар озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст», 1 ҷойи 2-юм дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва 1 ҷойи 3-юм дар озмуни ҷумҳуриявии ""Тоҷикон" - оинаи таърихи миллат".
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки дар соли 2023 18 нафар омӯзгорон рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд. Дар ин баробар теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳ афзоиш ёфт. Айни ҳол дар донишгоҳ 381 донишҷӯёни хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Шумораи донишҷӯён дар соли 2023 8678 нафар (4258 шуъбаи рӯзона, 4420 шуъбаи ғоибона)-ро ташкил медиҳад. Сатҳи донишазхудкунӣ дар соли 2023 нисбат ба соли 2022 4,1% зиёд гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Донишгоҳ воситаҳои методию таълимии электронӣ тариқи планшетҳо ва ноутбукҳо паҳн карда шуда истодааст. Айни замон дар донишгоҳ 648 таҷҳизоти навъи гуногуни технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла 300 адад компютер, 80 адад ноутбук, 75 адад принтерҳои навъи гуногун, 100 адад UPS, 13 WiFi-роутер, 12 проектор, 50 тахтаи электронӣ, 2 планшети деворӣ, 16 экрани банерӣ, 1 адад барномаи зиддивирусии литсензионӣ барои 300 компютер, 1 баста барномаи таълимии 1С бухгалтерӣ мавҷуд аст.
Ҳамзамон ректори Донишгоҳ аз афзудани маводи таълимӣ ва ба ин вазила беҳтар намудани сифати таълим ёдовар шуда иброз дошт, ки нашри маводи илмию методии ҳайати профессорону устодони донишгоҳ ба 678 адад расид. Аз он ҷумла 10 монография, 6 китоби дарсӣ, 25 васоити таълимӣ, 26 дастури методии таълимӣ, 617 мақола.
Гуфта шуд, ки донишҷӯёни ниёзманд ҳамеша таҳти дастгирӣ ва таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ қарор дошта дар ин давра ба 18 нафар донишҷӯёни ятими кулл ва 11 нафар маъюбон кӯмакҳои пулию молӣ расонида шуд.
Дар идомаи нишаст доир ба самти ҳамкориҳои хориҷии Донишгоҳ ибрози андеша гардид, ки дар соли 2023 донишгоҳ бо 15 муассисаҳои таълимии оли ва ташкилоти ғайридавлатӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Дар доираи ҳамкориҳо 12 нафар устодони донишгоҳ дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар дар курсҳои бозомӯзӣ, семинарҳо, конфронсҳои илмӣ ва симпозиумҳо иштирок намуданд. Дар ин давра Донишгоҳ бо як қатор Донишгоҳҳои хориҷи кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Гродний ба номи Янки Купала (Белоруссия), Донишгоҳи давлатии техникии Гомел ба номи П.О. Сухо (Белоруссия), Донишгоҳи илм ва технологияи Хуан, Коллеҷи олии касбию техникӣ ва индустриалии Янчен, Донишгоҳи давлатии техникии Тошкант ба номи Ислом Каримов, Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишгоҳи давлатии Бухоро ва Донишгоҳи федералии Кавкази Шимолӣ (Федератсияи Россия) шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...