ДАР ВАҚТИ ДУО ПАДАРУ МОДАРАТРО ФАРОМӮШ МАКУН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 феврал, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 206
Ҷавоне пеши Пири хирад омада пурсид:
- Устод, аз чӣ бошад дуоҳоям мустаҷоб намегарданд. Сабаби ин чӣ бошад?
- Падару модарат ҳастанд? - пурсид пири хирад.
- Ҳа, ҳастанд. Худоро шукр, падару модарам ҳар ду ҳаётанд, - гуфт ҷавон.
- Ман аз ту напурсидам, ки падару модарат ҳаётанд. "Падару модарат ҳастанд?" - гуфтам. Яъне, дар дуоҳое, ки мекунӣ, падару модарат ҳам ҳастанд? - пурсид донишманд.
- Не, дар дуоҳоям волидонамро зикр намекунам, - сар хам кард ҷавон ва сабаби мустаҷоб нагардидани дуоҳояшро фаҳмида, хомӯш берун рафт.
Эй дӯст! Чаро ба падару модари худ беэътибору бепарво ҳастӣ? Шабу рӯз аз Худованд молу давлат, сарвати зиёд мепурсӣ, аммо ба боигарии воқеии худ - падару модарат саломатӣ орзу намекунӣ. Чашматро боз кун! Онҳо ғаниматанд. Ба қадрашон бирас. Ба онҳо аз Офаридгор бахту саодат, хушҳолии бардавом бипурс. Аз Худованд биталаб...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...