Аллаи хушнавози модар
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 феврал, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ, Боздид 419
Модар сарчашмаи муҳаббату зиндагист ва тавре ки бузургон гуфтаанд, бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад. Бале, инсон аз лаҳзае, ки чашм ба олами ҳастӣ мекушояд, аввалин бор бӯйи модарро эҳсос менамояд ва модарро мебинад. Меҳри ӯ, муҳаббати ӯ, заҳмати ӯро дарк карда, аз овони кӯдакӣ ҳис мекунад, ки меҳри модар чӣ андоза бузург аст.
Меҳри ӯ офтобро мемонад, ки дунёро гармӣ мебахшад, моҳтобро мемонад, ки шаби тори моро равшанӣ бахшида, бӯйи биҳиштии модар ва лаззати шири поку сафедаш аз машоми фарзанд ҳаргиз зудуда намегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори Рӯзи модар (7 марти соли 2017) иброз намуданд: «Суруди аввалине, ки ба гӯши фарзанд расида, ӯро хоби роҳат мебахшад, аллаи рӯҳнавози модар аст».
Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват мебахшад.
Беҳуда нест, ки гузаштагони хирадманди мо, ҳанӯз чанд ҳазор сол қабл, ҷашни модарро бо номи «Сипандормуз» таҷлил карда, ҳар субҳ рӯзи худро бо ниёиши неку хайрхоҳонаи «Дуруд ба зан, дуруд ба мард, дуруд ба зиндагӣ!» оғоз менамуданд.
Модар! Бе ту баҳор зебо ва тирамоҳ пурфайзу баракат нахоҳад гашт. Ягона мунису ғамбарори ман ту ҳастӣ. Ту ситораи дурахшоне ҳастӣ, ки роҳи фарзандонатро равшан месозӣ. Дар парешонҳолию роҳи пурпечутоби ҳаётам, дар ғаму андуҳам, шодиву сурурам ту ягона умеду зиндагии имрӯзу фардоям ҳастӣ.
Модари хушназарам! Ту худ ҷон ба каф гирифта, маро ба олами ҳастӣ овардӣ, дар сари гаҳвораам бо хоби ширин даст ба гиребон шуда, бо чашмони хастаат навозишам кардаӣ.
Ту ноёбтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, азизтарин шахсият, ҳамеша барои ман муаззаму муқаддасу муътабар ҳастӣ.
Агар дар ситоиши бузургии зан - модар борҳо ва солҳо сухан гӯем, боз ҳам басанда нест. Бинобар ин, арҷ гузоштан ба бузургии модар, ба ҷо овардани иззату эҳтироми ӯ ва расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзиаш вазифаи ҷониву имонии ҳар як фарзанди солимфикру соҳибхирад ва қарзи инсонии ҳар як фарди бонангу номус ба шумор меравад.
Дар ҷаҳон модар, маро монанди ту ғамхор нест,
Меҳрубон, мунис, ҳабиб, дилбанду дилбардор нест.
Ҳамчу нури дидаву чун шаҳди гул пинҳон будам,
Сурати инсонӣ додӣ, заррае асрор нест.
Зебинисо ПӮЛОТОВА,
корманди Осорхонаи ба номи А. Рӯдакии ноҳияи Панҷакент
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...