Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Туҳфа ба модар


Туҳфа ба модар




Зоҳир дар деҳот таваллуд шуда, ҳоло ҳамроҳи оила дар шаҳр зиндагӣ мекунад. Зоҳир ҳамасола, дар Рӯзи модарон ба модар аз кӯҳ гулҳои сияҳгӯшу себаргаву лола меовард. Акнун, дар фикр монд, ки имсол ба модар чӣ туҳфа кунад. Охир ба ӯ одат шуда буд, ки ба модар дастагул биёрад. Аммо дар шаҳр кӯҳе нест, ки лола рӯяд ва деҳа низ хеле дур буд. Ӯ баъди фикрҳои тӯлонӣ ба хулосае омад, ки аз мағозаҳои гулфурӯшии шаҳр дастагуле харида, ба модар туҳфа мекунад.

Иди Рӯзи модар фаро расид. Зоҳир бо нияти харидорӣ намудани дастагул субҳи барвақт ба мағозаи гулфурӯшӣ рафт. Дар растаи гулфурӯшӣ одамон зиёд буданд, ҳатто илоҷи ба гулҳо наздик шудан набуд. Ҳама барои харидани гул омада буданду кӯшиш мекарданд, ки ҳарчи зудтар дастагуле гирифта, ба модару ҳамсару дӯстдухтараш расонд.

Дар ин лаҳзаҳо зани тахминан 40-45-солае пайдо шуда, аз одамон хоҳиш карда гуфт:

- Илтимос, кумакам кунед, кӯдакони ятим дорам, онҳо гуруснаанду дар хона нон надорам, ки ба онҳо диҳам.

Марде рӯй турш карда гуфт:

- Эй зан, дигар кор надорӣ? Ғам надеҳ, пули майда надорам.

Ҷавони дигаре афзуд:

- Ақл дорӣ? Агар ман ба ту ин пулҳоро диҳам, ба дӯстдухтарам чӣ тавр гулдаста туҳфа мекунам?

Шахси сеюм ба онҳо ҳамроҳ шуда, бо дағалӣ гуфт:

- Рав, кор кун, наздикам набиё, ки танам бӯй гирифт.

Зоҳир ин манзараи ҳузнангезро дида, худро дошта натавонист ва ашк аз чашмонаш ҷорӣ шуд. Зани талбандаро як тараф даъват намуд ва пулҳои барои туҳфа мегирифтаашро ба зан дод. Зан як қабза пулро ба даст гирифта, “ин зиёд аст, - гуфт. 

-Ту бояд ба касе гул мехаридӣ, инро ба ман додӣ, акнун чӣ кор мекунӣ?»

-Ин маблағ нисбат ба он нафаре, ки гул мехарам, ба шумо заруртар аст, - гӯён ҷавон аз онҷо рафт. 

Ҷавон роҳравон фикр мекард, ки акнун ба модар чӣ туҳфа кунад. Ва илоҷи корро наёфта, ба модар занг зада баҳонае пеш овард:

- Модарҷон, ба хонаи як дӯстам даъват шудаам. Агар розӣ бошед як-дусоата равам.

-Писарам, аз қатори дӯстонат намон, рав, ҳамроҳашон  хурсандӣ бикун,-модар инро гуфту телефонро хомӯш кард. 

...Зани ҳамсоя, ки аз назди гулфурӯшон мегузашт, ин лаҳзаро мушоҳида карда будааст. Ӯ бегоҳӣ назди модари Зоҳир рафта, ба писари тарбиянамудаи модар аҳсант хонд. Пас аз рафтани зани ҳамсоя, модар рафтори писарро шунида, дарҳол ба писар занг зада гуфт:

-Писарам, писари азизам, ташаккур, барои туҳфа. Бовар кун, аз ин дида туҳфаи беҳтареро дар умрам надидаам. Охир ту модару фарзандони муҳтоҷро шод кардӣ,-гуфт модар ва беихтиёр ашк аз чашмони модар ҷорӣ шуд.

Зоҳир суханони модарро шунида, аз хурсандӣ ба хона баргашт.

Вақте Зоҳир вориди хона шуд, модар фарзандашро ба оғӯш гирифта, аз хурсандӣ ашки шодӣ рехт...

Иброҳим НЕЪМАТУЛЛОЕВ,
хонандаи синфи 9-и МТМУ №31-и шаҳри Исфара

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода