Ҷавонони бохтарӣ ҳунари чӯбкориро рушд медиҳанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 феврал, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 204
Ҳунармандон бо сохтани ашёҳои гуногун натанҳо ҳунари худро зинда нигоҳ медоранд, балки зиндагии хешро пеш мебаранд ва эҳтиёҷи мардумро ба ашёи рӯзгордорӣ бароварда сохта, ҳунари аҷдодиро аз насл ба насл ба мерос мегузоранд. Аз ин рӯ, имрӯз сафи соҳибҳунарон зиёд ва бозору дӯконҳо аз маҳсули дастони онҳо фаровон аст. Матлаби мо дар бораи фаъолияти ҳунармандии як оилаи бохтарӣ мебошад.
Оилаи Усмоновҳо дар шаҳри Бохтар зиндагӣ мекунанд. Ин оила солиёни зиёд аст, ки ба кандакорӣ машғул буда, бо ин ҳунар шинохта шудаанд. Даромади асосии онҳо аз ҳамин касб аст. Ҳунари мазкур аз гузаштагонашон ба онҳо мерос мондааст. Ҳамин аст, ки насли ҷавони оила ба кандакорӣ шуғл варзида, ҳунари бобоёни худро идома медиҳанд.
Аъзам Усмонов фарзанди дуюми хонадон аст. Ӯ ҳанӯз аз хурдӣ ба пешаи авлодӣ шуғл варзида, ҳунари сандуқу гаҳворасозиро аз худ кардааст.
-Ман ин ҳунарро аз падарам омӯхтаам. Тӯли 12 сол мешавад, ки ба сохтани сандуқу гаҳвора ва нақшбандӣ машғулам. Вақте хурд будам, ин ҳунар бароям мушкил буд. Нозукиҳояшро намедонистам. Бо гузашти вақт ин касбро аз худ карда, дигар мушкилӣ надорам. Мо- аҳли оила дар як рӯз 4-5 сандуқ месозем,- мегӯяд Аъзам Усмонов.
Дар баробари Аъзам Усмонов дигар нафароне низ ҳастанд, ки дар сайқал додани ҳунари аҷдодӣ саҳм мегузоранд. Яке аз онҳо Нодир Дориев мебошад. Ӯ аз хешовандони наздики оилаи Усмоновҳост. Нодир низ соҳибҳунар буда, истеъдоди хуби кандакорӣ дорад. Нозукиҳои сандуқу гаҳворасозиро хуб медонад. Аллакай шогирдони зиёд дорад. Ба онҳо барои аз худ кардани ин касб кумаку маслиҳат медиҳад.
Бале, дар оилаи Усмоновҳо хурду бузург ба омӯхтани ҳунари кандакорӣ машғуланд. Ҳамин аст, ки дар омода кардани сандуқу гаҳвора ҳатто кӯдаки хурдии хона ёрӣ мерасонад. Дар омода кардани маҳсулоти кандакоришуда ҳар як нафар ба худ вазифаи махсус дорад. Яке ба нақшкашию дуюмӣ болои чӯби наққошишуда кандакорӣ мекунад. Нафари дигар бошад, ба ширешмолию бандубасти сандуқҳо мепардозад. Ба ҳамин тарзи кор, онҳо дар як рӯз то 5-6 сандуқ ва ё гаҳвора омода месозанд.
-Мо ҳар як сандуқу гаҳвораро бо фармоиш ва табъи дили мизоҷони худ омода мекунем. Ҳар хоҳише, ки барои зеботар гаштани намуди зоҳирии сандуқу гаҳвора пешниҳод мекунанд, дар рӯйи тахта нақш карда, пешкаш мекунем.
Асосан кори мо ба таври зайл шуруъ мешавад: Фармоишро гирифта, мувофиқи он чӯб интихоб мекунем. Сипас, як нафар болои чӯб нақшбандӣ мекунад. Баъдан, чанд нафари дигар тарҳи нақшҳоро ба гулкорӣ табдил медиҳанд. Ҳамин тавр, барои омода кардани як сандуқ ҳамагӣ 1 ва ё 2 соат лозим мешавад,- мегӯяд Нодир Дориев.
Инак, 18 сол мешавад, ки Нодир ба ин ҳунар машғул аст. Ба гуфтаи ӯ, аз пайи ин ҳунар обрӯ ва нони ҳалол ёфтааст. Ҳар гоҳе нафаре маросими тӯй барпо мекунад, албатта, аз маҳсули дасти ин ҳунарманд харидорӣ мекунад.
-Ман ҳоҷати ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро надорам. Аз хурдӣ, ки ин ҳунарро омӯхтаам, ҳоло роҳаташро дида истодаам.
Дар ватани азизамон-Тоҷикистон, дар паҳлуи падару модар ва фарзандон кор карда, сатҳи зиндагиамро беҳтар мекунам. Падарам мегуфт, ки ҳунар ҳеҷ гоҳ туро хор намекунад. Насиҳати падарро гӯш карда, аз ин ҳунар барака ёфтам,- гуфт дар идомаи суҳбат кандакор Нодир Дориев.
... Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз, мегӯяд мақоли мардумӣ. Усмоновҳо ин шиорро дар зиндагӣ сармашқи кори худ кардаю касби падариро омӯхта, ҳам ҳоҷати мардумро бароварда месозанд ва ҳам ба ин васила ҳунари мардумиро рушд дода, вазъи зиндагии худро хуб месозанд.
Набиҷони САИДАБРОР,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...