Бо модари хеш меҳрубон бош
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 феврал, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 317
Модар аз боғу замину оби софи чашмасор,
Аз насими субҳидам аз сабзаҳои кӯҳсор.
Аз гули ҳар муғчаи бишкуфта дар фасли баҳор,
Бӯйи ширу бӯйи нонат бар машомам мерасад.
Модар! Чӣ офаридаи муқаддасест. Албатта, онро касе муқаддас меҳисобад, ки ба қадри модар расида тавонад. Ранҷу меҳнати ӯро ҳис кунад. Ҳар як инсон донад, ки модар шахси боэҳтиром, азизу бузург барои ҳар як фарзанд буд, ҳаст ва хоҳад монд.
Модар чашмаи хушкнашавандаи ҳаёт ҳаст. Модар бо умеду орзуҳои бузург фарзандони худро ба камол мерасонад, то оянда баҳри ободии Ватан ва сарбаландии хеш хизмат кунанду шахси меҳнатдӯст ба воя расанд. Аз ин хотир, фарзанд бояд доимо қадри модари худро донад, ӯро эҳтиром намояд, чун бо розигии модар ҳамеша мезабзад. Эҳтироми модарро ба ҷо овардан ва ба қадру манзалати заҳматҳои шабонарӯзии эшон расидан барои ҳар як нафар ҳам фарз асту ҳам суннат аст.
Бо модари хеш меҳрубон бош,
Омодаи хизматаш ба ҷон бош.
Модар чароғи хонадон ва равшангари ҳаёт аст. Ӯ дар сари гаҳвораи тифли худ бо суруди алла тамоми умеду орзуи худро баён мекунад. Барои муҳофизати ҷигарбандаш бо ҳама гуна монеаҳо дучор меояду бо ҳама гуна мушкилот мубориза мебарад, то оянда фарзандаш самарае аз боғи парвардааш гардад. Нуҳ моҳ фарзандашро дар батнаш нигоҳ медорад. Дар овони тифлӣ бедорхобӣ кашида, барои фарзандаш ранҷу заҳмат мекашад. Шоир дар ин маврид хуб фармудааст:
Накарда мижа таҳ, биншаста шабҳо,
Бипарвард ӯ чу ҷон бигрифта дар бар.
Танҳо модар метавонад хоби ширини худро барои фарзанд талх кунад, шабзиндадорӣ намояд ва боз субҳидам аз рӯйи хандони фарзандаш бӯсакунон тамоми хастагиашро фаромӯш созад. Қалби модар зеботарин ҷойгоҳи фарзанд мебошад. Гарчанде зиндагӣ ӯро ба сӯйи пирӣ мебарад, ҳеҷ гоҳ шиква намекунад. Чуноне ки шоир мегӯяд:
Пирию ба каф асо нагирӣ, модар,
Ҳаргиз накунӣ шиква ба пирӣ, модар.
Мо чашмаи умри бардавоми туем,
Дар даҳр абаддудаҳр намирӣ, модар.
Дар хонае, ки модар ҳаст, фарзандони ин хонадон бо шодию солимӣ ба камол мерасанд. Меҳри модар чун хуршеди тобанда аст, ки бо равшанию гармӣ ҷаҳонро пурнур мекунад. Фарзандон аз равшанӣ, аз ин ҳавои соф рӯҳу илҳоми тоза гирифта, роҳи ҳаёти ояндаи худро бо хотирҷамъӣ пеш мегиранд. Оре, меҳри модар аз ҳамаи неъматҳои дунё афзалтар аст.
Мебарад хоби ҳама бедор ту,
Мепарад чашмат ба чашми чор ту.
Мекунӣ шукри замони тинҷиро,
Дар сари ҳар як қадам сад бор ту.
Модар бузургу бемисол аст. Бори ранҷи якшабаи ӯро фарзанд дар тамоми умр нахоҳад кашид. Бори гарони ӯро танҳо замин мебардорад. Модарону занони тоҷик дар ҳақиқат чашмаи хушкнашавандаи ҳаёту зиндагианд:
Меҳри оламгир дорад, модарам,
Дардро тадбир дорад, модарам.
Аллаҳои ӯ суруди зиндагӣ,
Вақти хуштадбир дорад, модарам.
Мавзуна ЮЛДОШЕВА,
омӯзгори коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...