И. Раҷабова: “Хоҳишмандонро ройгон омӯзиш медиҳам”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 январ, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 247
Қаҳрамони мо занест, ки бо ҳунари воло ва офаридаҳои худ коми мардумро ширин мекунаду дар хизмати мардум аст. Инобат Раҷабова, соҳибкор ва ҳунарманд зиёда аз 40 сол боз ҳамчун қаннод фаъолият мекунад. Мо бо ин зани ҳунарманд мусоҳибае оростем ва фишурдаи онро манзури хонандаи гиромӣ мегардонем.
Завқи қаннод шудан аз куҷо сарчашма гирифт?
- Вақте дар мактаби миёна мехондам, ҳар рӯз аз мағоза кулчақанд гирифта, истеъмол мекардам. Ҳамин тавр, як рӯз ҳамроҳи ҳамсинфам, дар вақти аз мактаб баргаштан, аз мағозаи назди мактаб як кулчақанд харидорӣ кардему ду қисм карда истеъмол кардем. Аз ин қонеъ нашуда, дуюмашро хӯрдем. Аз ҳамон вақт дар қалби ман завқи қаннод шудан пайдо шуд. Вақте ки мактаби миёнаро хатм намудам, аз падарам хоҳиш кардам, ки ба ман иҷозати хондану аз худ намудани ҳунарро диҳад. 17 сол доштам, падарам шавқу ҳавасамро дида, маро ба коргоҳи қаннодии ноҳияи Вахш барои омӯхтани ин ҳунар овард.
- Дар солҳои аввали корӣ чӣ мушкилӣ доштед?
- Албатта, ҳеҷ кор бе мушкилӣ нест. Аввалин мушкилиам дар рафти омӯхтани ширинипазӣ кумак накардани баъзе кормандони корхона буд. Аммо ман ҳунари худро такмил медодам. Корамро тамом мекардаму назди дӯстони таҷрибадорам рафта, ба корашон кумак мекардам ва дар баробари ин, тарзи пухтани ҳар гуна шириниро меомӯхтам. Бо ҳамин, тӯли як моҳ аз таҷрибаи қаннодони касбӣ баҳра бардоштам.
- Аз кай фаъолияти мустақилонаи худро оғоз кардед?
- Рӯзе як ҷуфт зану марде ба хона омада, дархости ширинӣ карданд. Ман фармоиши онҳоро қабул кардам. Аз он рӯзҳо, ба қавле тиҷорати хурдакаки худро дар муҳити оила оғоз намудам. Аз солҳои 1995-1996 ба ин кор машғул шуда, зиндагии худро пеш мебурдам. Дар ин раванд, нахуст ба монеаҳо дучор мешудам, аммо бо гузашти вақт ҳамааш паси сар шуданду роҳу усули дурусти пешбурди корро омӯхтам. Як мағозаи хурдакакро ба иҷора гирифта, тиҷоратамро васеъ намудам.
Бо ҳамин, дар хориҷа такмили ихтисос намудам ва имрӯз як нуқтаи тортпазӣ бо номи маркази омӯзишӣ ва шириниҳои “Иффат”-ро ташкил намуда, фаъолият карда истодаам.
- Маҳсулоти коргоҳи шумо дар куҷо паҳн мешавад?
- Барои ба бозор даромадан хеле меҳнат кардам, то талаботи бозорро омӯзам. Сипас, вобаста ба талабот ва хости муштарӣ коргоҳи худро ба кор омода намуда, фаъолиятамро шурӯъ кардам. Бештар шириниҳои ин коргоҳро аз шаҳру навоҳии вилоят харидорӣ мекунанд. Талабот ба шириниҳо хуб аст ва то имрӯз муштариён шикоят нашудааст.
- Дар давраи фаъолият чӣ дастовардҳо доштед?
- Дастовардҳо зиёданд. Аз ҷумла, бо гранту Ифтихорномаҳои гуногун сарфароз гардонида шудаам. Соли гузашта ҳамчун соҳибкори муваффақ дар G5 forum bussines forum-2023 бо Ифтихорнома барои ҳамкории доимӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар чорабиниҳои қисми ҳарбӣ сарфароз гардидам. Дар ин раванд, бо ширкатҳои амрикоӣ ҳамкорӣ намудам ва онҳо низ барои беҳтар намудани раванди тиҷорат ба ман хеле кумак карданд.
- Оё имрӯз ҷавонон ба омӯхтани ин ҳунар завқ доранд?
- Қариб аз тамоми гӯшаву канори вилоят ва ҳатто берун аз он низ ҷавонон омада, назди мо шогирд меистанд ва ҳунари ширинапазиро меомӯзанд. Вақте худам барои омӯхтани ин ҳунар пардохта будам, назди худ мақсад гузоштам, ки агар коргоҳи пухтупаз ташкил кунам, ҷавононро ройгон ба омӯзиш фаро мегирам. Аз ин рӯ, коргоҳро “Маркази омӯзишии шириниҳои Иффат” ном гузоштем. Имрӯз ҷавононе, ки бо мақсади омӯзиш ба коргоҳи мо меоянд, ройгон ҳунари худро меомӯзонем.
- Чаро маҳз “Иффат” номгузорӣ кардед?
- “Ифат”, пеш аз ҳама, маънои тозагию покизагиро дорад. Ҳамчунин, дар ин калима ҳарфҳои аввали номи фарзандонам И - Инобат, Ибодат, Ф - Фатҳулло, Файзулло, А - Аҳлиддин, Алиакбар ва Т - Тайиба нуҳуфтааст.
- Дар анҷоми суҳбат чӣ гуфтаниҳо доред?
- Пеш аз ҳама, миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерсонам, ки барои мо – соҳибкорон шароити мусоид фароҳам оварда, барои пешбурди кору фаъолияти пурсамар тадбирҳои зарурӣ андешидаанд.
Мо бояд шукргузорӣ аз ин миллати ободу кишвари соҳибистиқлол кунем, ки озодона ва дар муҳити орому осуда фаъолият мекунем.
Мусоҳиб
Шаҳодат ХОЛОВА,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...