Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Ҳаҷми боркашонӣ дар вилоят афзудааст


Ҳаҷми боркашонӣ дар вилоят афзудааст



Давоми нуҳ моҳи соли 2023 дар вилояти Хатлон ҳаҷми боркашонӣ ба 29,4 миллион тонна ва мусофиркашонӣ ба 136,5 миллион нафар расонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 120,3 ва 118,4 фоизро ташкил дод.

Аз шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи дастгоҳи раиси вилоят ба рӯзномаи “Хатлон” хабар доданд, ки аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо дар 2237,2 километр роҳҳо ба маблағи 136,6 миллион сомонӣ корҳои таъмиру азнавсозӣ ба анҷом расонида шуда, 186,6 километр роҳҳо таъмири асосӣ, 1762 километр таъмири ҷорӣ, 289,1 километр сангфарш ва 136 пулу қубур сохтаю барқарор карда шуданд. Ҳаҷми корҳои таъмиру бозсозӣ дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 65,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода