Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Як коса шӯрбою ду қошуқ


Як коса шӯрбою ду қошуқ



Барои баъзеҳо пул барги бед асту ба қавле онро саг намехӯрад. Ин хел одамон дар ошхонаҳои одию сарироҳӣ хӯрок хӯрданро ба худ ор медонанд. Субҳонаю хӯроки нисфирӯзию шомро дар тарабхонаҳо нӯши ҷон мекунанд, ки ин барояшон як навъ ифтихор аст. Мазмун, назарашон ҳар майдачуйдаро намегирад. Вале баъзеҳои дигар, ки маошашон ба як кашидани нос намерасад, пойро чени кӯрпаашон дароз мекунанд. Яъне, ба дил санги қаноат баста, рӯзи дароз бо шиками чоруқӣ ҷурӯҳида мегарданд.

Банда низ вақтҳои охир одамгурез шудаму худро аз рафиқон канор мегирам. Аз рафтан ба ошхонаҳо ҳамроҳи ёру дӯстонам метарсам. Охир, осиёб бо нав-бат гуфтаанд.

Намешавад, ки ҳар дафъа онҳо маблағи пули хӯрокро пардозанд, ки бечораҳо ҳам бо як маоши қоқу воқ зиндагӣ мекунанду ягон хел даромади иловагӣ надоранд. Барои ҳамин бисёр вақт ба маъракаю чорабиниҳояш қӯш нашуда, баҳона пеш меорам, ки навакак аз оши наҳор омадам ё дар хона ширчойи серравған хӯрдам, ки дар сари дилам гиреҳ задаасту иштиҳо надорам. Зеро, шояд дар байнашон нафароне низ ёфт шаванд, ки дар рӯям нагӯянд ҳам, дар ғайбам ба пешонаам тамғаи хасисию мумсикиро беширеш часпонанд. Гӯянд, ки агар мумсик аз пули худ нон шиканад, атола дандон шиканад.

Дар ноомади кор боре ҳамроҳи як дӯсти меҳрубону дилсӯзам, ки маро нав-батпарон карда, ҳамеша худаш харҷу хароҷотро ба гардан мегирифт, нисфирӯзӣ ба як ошхона сар халондем. Ин дафъа мардигарӣ карданӣ шуда, хостам вайро зиёфат диҳам, лекин ҳисобу ҳасаб кунам, маблағи дар ҷайбамбуда ба мантую шашлик он тараф истад, ҳатто ба як коса шӯрбо базӯр мерасаду халос, ки бо ин пул гурба ҳам ба офтоб намебарояд. Азбаски навбати гаштаки банда буд, тадбири кору илоҷи раҳоиро аз ин вазъияти ногувор хаёлан меҷустам, ки ба наздамон ишвакунон пешхизмат омада, дар тори сарамон қайза кард. Дар хӯроки якум номи биринҷобаю боршу боз ким-чи хел таомҳои дигарро қаторак намуд. Хӯрокҳои дуюмро ҳам, ки бисёр иштиҳоовар буданд, як ба як номбар кард, ки аз гирифтани номашон оби даҳони кас мерехт.

- Дар хӯроки якум барои мо дуто нимтогӣ шӯрбо биёред, ки осонҳазмкунак асту меъдаро азоб намедиҳад, - фармоиш додам ба вай.

- Барои дуюм чӣ таом мефармоед? - пурсид пешхизмат, ки чорчашма ба кисаи мизоҷон менигарист.

- Ҳоло хӯроки якумро биёред, ки онро ҳаллу дал намоем, баъд фикр мекунем, - гуфтам андешаманд.

- Лекин, огоҳ карда монам, ки мо нимтогӣ шӯрбо надорем, - ғамзакунон таъкид намуд пешхизмат.

- Ин тавр бошад, барои мо дар таоми аввал як коса шӯрбою ду қошуқ биёред, - гуфтам...

С. Баёзӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода