Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Бахтиёр табибе, ки ҳамеша бахт ёраш буда...


Бахтиёр табибе, ки ҳамеша бахт ёраш буда...



 Ҳакимов. Ин ном барои сокинони минтақаи Кӯлоб бегона нест. Ҳама ӯро мешиносанду эҳтиромаш мекунанд. Зеро ӯ ҳамеша бо мардум асту ба дарди онҳо даво мебахшад. 

Бахтиёр Ҳакимов 10-уми августи соли 1974 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Аз соли 2017 мудири шуъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи клиникии бисёрсоҳавӣ ба номи А. Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб буда, то имрӯз дар ин вазифа кор карда истодааст.

Фаъолияти кориаш аз соли 1998, баъди хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба ҳайси духтури ҷарроҳ дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб оғоз шудааст. Инак, тӯли 25 сол дар ғаму шодии мардум шарик буда, беморонро, пеш аз ҳама, бо забони ширин табобат мекунад.

Ӯ умри худро беҳуда нагузаронида, ба ҷуз табобати мардум шогирд ҳам тарбия кардааст. 

Табиби собиқадор то имрӯз зиёда аз 10 шогирд тарбия намудааст, ки ҳоло онҳо дар тамоми беморхонаҳои ҷумҳурӣ ва минтақа кор ва фаъолият мекунанд.

Шуъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи клиникии вилоятии бисёрсоҳавӣ ба номи А.Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб дорои 35 кат буда, 12 нафар табибони ботаҷриба дар он кор мекунанд. Тамоми ҷарроҳиҳои батнӣ ва қафаси сина дар шуъба иҷро карда мешаванд.

Бахтиёр Ҳакимов, духтури дараҷаи олӣ, Аълочии тандурустии Тоҷикистон мебошад. Оиладор, соҳиби чор фарзанд ва ду набераи дӯстрӯяк аст.

Мо дар ин ҷода ба ӯ барор мехоҳем ва орзуманди онем, ки ҳам бахт ёраш бошаду ҳам саломатии бардавом ҳамроҳаш.

Ҷаҳонгиршоҳ РУСТАМШОҲ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода