Таъсиси 400 ҷойи нави корӣ дар корхонаҳои саноатӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 июл, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 434
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилояти Хатлон дар нимаи якуми соли ҷорӣ ба 4 миллиарду 788,8 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 474 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Аз шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи раиси вилоят ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, ки дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳиссаи саноати коркард 52%, истихроҷи маъдан 3%, истеҳсоли неруи барқ 44,5% ва хизматрасонии об 0,5%-ро ташкил медиҳад.
- Дар корхонаҳои саноатии вилоят 11606,2 тонна гӯшт ва каллапоча, 2746,4 тонна гӯшти мурғ, 332 тонна ҳасибу ҳасибчаҳои гӯштӣ, 566 тонна маҳсулоти шири холис, 8148,4 тонна равғани растанӣ, 6309,9 ҳазор қуттии шартӣ консерва, 80104 тонна орд, 5765,4 тонна намаки ошӣ, 872,4 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 407,3 тонна маҳсулоти макаронӣ, 37759,8 декалитр обҳои ташнашикан, 1188,4 ҳазор метри мураббаъ матои трикотажӣ, 121,4 ҳазор метри мураббаъ матои адрас, ба маблағи 17565,8 ҳазор сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, 20281,5 ҳазор сомонӣ либоси мактабӣ, 482,5 ҳазор дона либоси мактабӣ, 2360 дона мебел, 666,5 тонна бензин, 733,7 метри мураббаъ тирезаи пластикӣ, 5513 тонна маҳсулоти оҳани васлшуда, 8776,9 миллион кв/соат қувваи барқ истеҳсол шудааст, - афзуд манбаъ.
Дар ин давра 84 корхона ва коргоҳ таъсис ёфта, зиёда 400 ҷойи кории нав фароҳам оварда шудааст.