Марди коргар, зани бекор...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 июл, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 376
Субҳи барвақт мард аз хоб мехезаду дасту рӯй шуста, сари дастурхон мешинад. Пас аз наҳорӣ роҳи идораро пеш мегирад. Дари ҳуҷраи кориро кушода, онро шамол медиҳад. Кулоҳашро аз сар гирифта, дар либосовезак мемонад.
Сипас, як чойнак чойи кабудро нӯши ҷон намуда, рӯйи ҳавлӣ мебарояд. Рост ба чойхонаи дохили боғи истироҳатӣ-фароғатӣ меравад.
Дар гӯшаи мӯйсафедон як гурӯҳ одамони синну соли гуногун ба шоҳмоту шашкабозӣ машғуланд. Ӯ низ ба онҳо пайваст шуда, ба “кор” (шоҳмотбозӣ) машғул мешавад.
Нисфирӯзӣ мард бозиро як тараф монда, ба хӯрокхӯрӣ меравад. Баъди хӯрок як сари қадам ба идора медарояду аз вазъият огоҳ мешавад. Танҳо ҷойи кулоҳашро иваз мекунад.
Онро аз либосовезак гирифта, болои мизи корӣ мегузорад, то ҳамкорон гӯянд, ки ӯ ҳамин ҷост. Ва, боз ба шоҳмотбозӣ меравад. Рӯзро дар бозии шоҳмот бегоҳ мекунад. Аз бозӣ “хаста” шуда, ба идора меояд.
Вақти корӣ ҳам ба охир мерасад. Ӯ кулоҳро ба сар монда, дари ҳуҷраи кориро маҳкам мекунад ва роҳи хонаро пеш мегирад. “Уф-уф”-кунон вориди ҳавлӣ мешавад.
Завҷааш ӯро бо як меҳрубонӣ истиқбол мегирад ва “аз кор хаста шуда омадед”, гӯён шавҳарро болои ҳафт қабат курпачаи рӯи кати таги ток мешинонад.
-Занак, ягон таоми “ҳалол”-у бомазза пухтӣ?-арақи пешонаро поккунон омирона мепурсад мард.
-Бале, баъди чанд фурсат хӯрок омода мешавад,-посух медиҳад зан.
-Э-ҳа! Мард рӯзи дароз “мурда-мурда” кор мекунаду ҳоло ҳам хӯрок тайёр нест. Рӯзи дароз дар хона нишаста, корат телевизор тамошокунӣ -а?- норозигӣ мекунад мард.
Зан зуд дасти шавҳарро об гирифта, дастархон мепартояд. Болои он нону ширинӣ мегузорад, пиёлаи чойро ба шавҳар медиҳад.
Баъди хӯроки шом мард ба ҳуҷраи хоб даромада, оинаи нилгунро рӯшан намояду якпаҳлу кашида, барномаҳои онро тамошо мекунад. Ҳамин тавр, мард баъди кори “вазнин”-и рӯз истироҳат мекунад...
Боз шаб рӯз мешавад. Зан шавҳарро аз хоби ширин бедор карда, сари дастурхон мешинонад. Сипас, либосҳои тозаю дарзмолшударо ба шавҳар пӯшонда, ӯро ба кор гусел мекунад.
... Зан, ба қавли мард, хонашин мебошад. Ӯ аз субҳи барвақт сари пой аст. Шавҳарро мехӯронаду мепӯшонад ва ба кор мегуселонад. Сипас, шиками кӯдаконро сер карда, якеро ба мактаб ва дигареро ба кӯдакистон мебарад. Ба хона баргашта, либосшӯӣ мекунад, хонаю дарро поккорӣ карда, ба гову гӯсфанд обу алаф медиҳад, оғилро тоза менамояд, ба ҳотаи наздиҳавлигӣ об мегузорад, чакдонро гиронда, дегро барои хӯрокпазӣ болои оташ мегузорад. Вориди ошхона шуда, хамир мекунад, нон мепазад. Ҳанӯз қоматашро рост накарда, вақти баргаштани кӯдакон мешавад.
Онҳоро аз боғчаю мактаб гирифта, сари роҳ ба мағоза даромада, маводи лозимаро барои пухтани хӯроки шом мехарад. Либосҳои кӯдакони боғчаравашро шуста, дарзмол мекунаду барои фардо омодагӣ мегирад. Ҳамчунин, соате ба онҳо машғулият низ мегузаронад.
Бегоҳ боз шавҳарро аз кор истиқбол мегирад. Вале худ рӯзи дароз ба кори хона овора шуда, фурсати истироҳату сари вақт таом хӯрданро намеёбад.
...Рӯзи нав боз бо ҳамин ранг такрор меёбад. Яъне мард баҳонаи кор аз хона берун шуда, дар чойхона шоҳмотбозӣ мекунаду зан бошад, хонашин аст. Ба қавли мард, шавҳар бо заҳмати зиёд пул меёбад, зани хонашин онро беҳудаю баҳуда сарф мекунад.
Боқӣ, қазоват аз шумост...
С. АТТОР,
“Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00