Озмуни «Андалеб-2023» дар минтақаи Бохтар ҷамъбаст гардид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 июл, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 480
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» бо иштироки васеи ҳаваскорони вилояти Хатлон 10 июл оғоз гардида, то ҳол идома дорад.
Тибқи иттилои Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, озмун дар шаҳру навоҳии минтақаи Бохтар ҷамъбаст гардида, фардо дар навоҳии минтақаи Кӯлоб ҷараён мегирад. Баъди ҷамъбасти ду минтақаи вилояти Хатлон аъзои ҳакамон хулосабарорӣ намуда, ғолибонро барои даври ҷумҳуриявӣ муайян менамоянд. Дар ин озмун вобаста ба шартҳои мухталиф ҳаваскорон ҳунару маҳорати хешро манзури ҳакамон мегардонанд.
Гуфта мешавад, ки имсол фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» дар доираи ду давр баргузор мегардад. Ғолибон аз вилояти Хатлон 24-уми июли соли равон муайян гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд. Барои ғолибони даври ниҳоии озмун, яъне даври ҷумҳуриявӣ, аз рӯи шартҳои муайяншуда мукофотпулӣ дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Фестивал-озмуни мазкур аз рӯи 12 шарт – намоиши ҳунарҳои мардумӣ - «Бозори ҳунар», суруди ҳамсароёни бисёровоза (хор), намоиши либосҳои миллӣ бо иловаи навгониҳо, навозиши умумӣ, рақс, суруд ва навозиши якка, бадеҳа ё лапар, саҳначаи ҳаҷвӣ, порча аз анъанаҳои мардумӣ, суруди анъанавӣ ва сюитаи вокалӣ-хореографӣ доир гардид.
Гуфта мешавад, ки мақсад аз баргузории фестивал-озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар, ҳунарҳои мардумӣ ва дарёфти чеҳраҳои нави санъат буда, аҳли фарҳанги кишвар тавассути он комёбиҳои фарҳангу ҳунари ҳар як минтақаи Тоҷикистонро бо тобишҳои рангини он манзури тамошобинон мгардонанд.
Даври ҷамъбастии фестивал - озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» аз 12 то 16-уми августи соли равон дар шаҳри Душанбе идома меёбад.
Абдулло РИОЕВ, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...