Истеҳсоли гӯшту тухм афзоиш ёфт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 июл, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 310
Ҷиҳати тақвият бахшидан ба рушди соҳаи парандапарварӣ баҳри афзун гардонидани истеҳсоли гӯшт ва тухм дар вилоят саршумори паранда ба 2 миллиону 474 ҳазору 353 сар расонида шуд.
Дар Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон зимни тасдиқи ин хабар ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, ки аз ин ҳисоб 1 миллиону 216 ҳазору 46 сари онро мурғи тухмдеҳ ташкил медиҳад.
Натиҷаи ҳамин буд, ки дар нимаи якуми соли 2023 истеҳсоли тухм ба 49 миллион 789 ҳазор дона расо-
нида шуда, истеҳсоли он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 462 ҳазор дона афзудааст.
Дар нимаи якуми сол теъдоди фабрика ва фермаҳои парандапарварӣ дар вилояти Хатлон ба 34 адад расонида шуда, саршумори паранда дар ин
корхонаҳо 259 ҳазору 831 сар зиёд гардид. Инчунин, истеҳсоли гӯшти парҳезии мурғ 5068 тонна ва тухм
16 миллиону 343 ҳазор дона афзун гардид.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00