Маслиҳат ба бонувон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 июл, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 307
Дар фасли тобистон, ки пӯсти инсон аксар маврид аз таъсири нури офтоб месӯзад, метавон, аз помидор, картошка ва бодиринг барои пӯсти рӯй ва дастон малҳами арзон ва осон омода кард.
Барои ниқоби помидор як дона помидорро аз пӯст тоза карда, реза кунед ва як қошуқ асал илова созед. Ниқобро баъди молидан дар рӯй 20 дақиқа нигоҳ доред, сипас бо оби ширгарм
шӯед.
Дар картошка моддаҳои барои пӯст фоидаовар хеле зиёд ҳастанд, ки онро бе ягон илова истифода мебаранд. Картошкаро пӯст карда, аз турбтарошак гузаронед, сипас ба рӯятон гузоред.
Баъди 20 дақиқа метавонед рӯйро шӯед. Инчунин, метавонед аз крахмали картошка малҳами алоҳида омода созед ва ба рӯй ва дастонатон молед.
Бодиринг, ки бисёриҳо онро дар тӯли мавсим ҳамчун маводи моеъкунандаи табиӣ истифода
мебаранд, барои сафед кардани рӯй хуб аст. Бодирингро ба доираҳои тунук буред ва онҳоро
дар рӯй, аз ҷумла дар пилки чашм гузоред. Беҳтарин таъсирро як ниқоби бодиринги резашуда
медиҳад, ки ба он як сафедаи тухм илова карда мешавад. Чунин малҳам пӯстро рӯшан ва ожангҳоро нест мекунад.
Таҳияи ГЕСУ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...